Мо ҳамма бояд дар пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, саҳми худро гузошта бошем.

Ин зуҳуроти номатлуб, ки дар аксари ҳолатҳо аз ҷониби давлатҳои абарқударати Ғарб идора карда мешавад, аз он ваҷҳ   бештар ҳушдордиҳанда ва нигаронсоз мебошад, ки қисмати зиёди шаҳрвандони мамолики мусалмоннишин ва давлатҳои исломиро фарогирифтааст.

Ҳамин ҷанбаи терроризм ва экстремизм дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон чунин баён гардидааст: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид кар­да будам, ки террорист ватан, миллатва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас  роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони  сайёра зарар мебинанд».

Созмонҳои террористии «Ал-Қоида», «Толибон» «Ҷабҳат-ан-нусра» аз аввалин гуруӯҳҳои террористие мебошанд, ки тибқи нақшаи абарқудратњо зери ниқоби ислому мусалмонӣ ташкил ёфтанд ва сабабгори хунрезиву  ҷангу ҷидолҳо гардидаанд. Идомадиҳандаи роҳи онҳо созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ»мебошад, ки дар тундгароӣ ва терроризми динӣ ҳамчун вабои замон муаррифӣ гаштааст.

Гумоштагони хоҷагони хориҷӣ бо роҳу воситаҳои мухталифи фанду фиребу гӯлзанӣ, ташвиқу тарғиб, ҷалбсозӣ, зархаридӣ ва бо ваъдаи шаҳидшавӣ дар роҳи ҷиҳоду ҳаёти хушу хуррамона дар он дунё ва амсоли инҳо бархе аз наврасону ҷавонон ва низ занону духтарони аз љиҳати шуурнокии сиёсӣ камолнаёфта ва фирефтаи ақидаҳои хурофотигаштаро хеле ба осонӣ ба гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ҷалб месозанд. Пайравии ҷавонон ба ингуна падидаҳои но­матлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки норасоии маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шуданионҳо ба гурўҳи ифротгаро мегардад.

Дар давлати мо низ гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва шахсони ба носолимии ҷомеа манфиатдор бодастгирии хадамоти махсуси хориҷӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба сафҳои хеш ҷиҳати амалисозии мақсаду ниятҳои нопокашон ва тарғибу ташвиқи ғояҳои ифротгароёнаву тундравона босарфи маблағҳои калон аз имконоти шабакаҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, техникаву технологияҳои муосир, махсусан аз шабакаи интернет ба таври васеъ ва ҳамаљониба истифода менамоянд.

Чунончи ҳодисаи шуму пурдаҳшате, ки саннаи 29-уми июли соли 2018 дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе нисбати сайёҳони хориҷӣ рух дода буд, яқинан барои паст кардани имиҷи сиёсии кишвар буд. Вагарна дар ҳоле ки ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи хоин эълон кардани онҳое, ки ба сайёҳони хориҷӣ заррае халал ворид месозанд, супориш дода буданд, ин ҳодисаи нангин рух намедод.

Аз ин ру, моро лозим ва зарур аст, ки дар ин марҳилаи муҳиму мураккаб ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа ҷиҳати босамар гардондани раванди пешгирии гароиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳу ҷараёнҳои террористӣ ва моҷароҷӯю тундрав бештар кӯшиш намоем.

Дар шароити ҷаҳонишавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ањолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ мебошад.

Ин вазифаи пурмасъулият пеш аз ҳама ба зиммаи мо тоҷикону халқи Тоҷикистон вогузор шудааст.

 

Р.Воҳидзода, раиси суди ноҳияи Варзоб