Терроризм ва экстремизм яке аз кирдорҳои номатлуби умумиҷаҳонӣ ба шумор рафта, мубориза алайҳи он  вазифаи дастаҷамъонаи муҳими шаҳрвандони  кишварамон бояд бошад. Чунонки  Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд терроризм ва экстремизм  ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда барои башарият хатари ҷиддӣ  ба бор меорад. Дар ҳамин асос мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромии кишвари азизу маҳбубамон ҳама вақт омода бошем.

       Зуҳуроти даҳшатовари экстремистӣ ва террористӣ, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегиранд, аслан ба дини Ислом ягон алоқамандӣ надошта, баракс муқаддасоти дини Исломро поймол мекунад. Сабаби шомилшавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои гуногуни экстиримистӣ ва террористӣ надоштани ҳисси баланди ватандӯстӣ ва надонистани арзишҳои миллӣ мебошад. Оиди пешгирии шомилшавӣ ба ташкилотҳои гуногуни экстремистӣ ва террористӣ ва ба Ватан бар гардонидани шахсони ба ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ шомилбуда ё ба онҳо алоқамандӣ дошта, ки берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд чорабинӣ ва амалҳои фаҳмонидадиҳӣ  бурда, дар байни аҳолӣ вохӯриҳо гузаронидан аз манфиат холӣ нест.Дар натиҷаи чунин корҳои фаҳмонидадиҳӣ пешгирии ин ҷиноятҳо назаррас аст, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба солҳои пешин содир кардани кирдорҳои ғайриқонунӣ дар сатҳи паст қарор дорад, гарчанде солҳои пеш дар ҳудуди  ноҳия дар робита ба ташкилотҳои экстримистӣ ва террористӣ нафарони алоқаманд  дарёфт  карда шуда бошанд ҳам, солҳои охир аз ин амал ба таври лозима пешгирӣ ба амал оварда шудааст.

        Муқовимат ин ҳифз кардани он дастовардҳое, ки мардуми мо дар давраи истиқлолият ба даст овардааст. Муқовимат бар зидди экстремизм ва терроризм набояд дар сатҳи давлат бошад, бояд дар сатҳи оила, маҳалла, мактаб донишгоҳҳо ва ғайра бошад. Агар шахс маҳаки муқовиматӣ надошта бошанд, он гоҳ ба доми фиреби экстримистӣ ва террористӣ ба зудӣ меафтад.

М. Шарипов, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.