Аз замоне, ки дар Тоҷикистон Истиқлолият ба даст омад, давлат роҳи рушди минбаъдаи худро ба кишварҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дуняви мувофиқ сохт. Пас аз бадаст омадани Истиқлолият дар Тоҷикистон –муассисаҳо, биноҳо, шоҳроҳи азим ва дигар сохтмонҳо сохта шудааст. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.

Мутаасифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “Давлати исломии Ироқу Шом”  пайвастани як гурӯҳ ҷавонони Тоҷикистонӣ ба чашм мерасад. Ҳануз ҳам омилҳои гуногун вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.

Сабаби сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир мебошад.

Ифротгароӣ мувофиқи моддаи 3-и қонун “Дар бораи мубориза ба экстремизм” ин зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеи дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикос меёбад, ки ба бенизоми, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтанӣ низоъи нажодӣ мебошад.

Терроризм-ин содир намудани амалҳое мебошад, ки бо одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон карданӣ бехатарии ҷомъияти, тарсонидани аҳоли ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар души ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан ояндасозӣ миллат-ҷавонон мебошанд. Бояд, ҷавонон хуб дарк намоянд, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Яъне ҳифзи сарзамини аҷдодӣ, Ватани азизамон масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро зарур аст то ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, кушишу талош намоем.

Асосан маънои аслии “экстремизм” ифротгарои, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз ҳад гузаштан мебошад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиро роҳ медиҳад. Ин зуҳурот метавонад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.

Чуноне, ки пайваста роҳбари давлат таъкид мекунанд ояндаи Тоҷикистон дар дасти шумо ҷавонон аст, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш номоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.

Мо насли ҷавон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар души худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва ба бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созем, моро мебояд, ки Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва Ватанамонро ободу зебо гардонем. Бигзор, ваҳдати миллӣ сулҳу суботи поянда, раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.

Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгороӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани ана ҳамин қабил омилҳо зарур мебошад.

 Омӯзгор Мирзоев Р.