Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб

   Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-юми ноябр соли 2020 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб бо иштироки раиси ноҳия Шерализода Муҳамадулло Умар, сардорони идораҳои қудратӣ, муовинони раиси ноҳия, кормандони  дастгоҳ, иштирокчиёни барқароркунии сохти конститутсионӣ дар ҶТ, намояндагони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, инчунин иштирокчиёну ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва дигар шахсони даъвати баргузор гардид.

   Пас аз ироаи паёми табрикӣ раиси ноҳия М.У. Шерализода ба як қатор фаъолон, иштирокчиёни  барқароркунии сохти конститутсионӣ дар ҶТ ва ғолибони озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман” Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.

 

  ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ МЎҲТАРАМ ШЕРАЛИЗОДА МУҲАМАДУЛЛО УМАР  БАХШИДА БА РЎЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ  ТОЉИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

   Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он роҳи ҳалли мушкилоти кишвар, хатми ҷанги дохилӣ, ҳифзи якпорчагиву истиқлолияти давлатӣ баррасӣ мешуд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмӣ ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон  Парчам ва дертар Нишони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

   Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24-уми ноябрро «Рўзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд.

   Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

   Бинобарин, бо камоли самимият Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми сарбаланди ноҳияи хушманзараи Варзоб самимона табрик гуфта, бароятон муваффақияту комёбињои шоиста орзу менамоям.

   Миллати тоҷик ҳанӯз аз замони қадим соҳиби Парчам аст, ки он  ҳамчун рамзи озодию Истиқлол ва саодати миллӣ мебошад. Дирафши Ковиён нахуст  Парчами ориёнтаборон аз тамаддуни қадимаю бойи тоҷикон дарак медиҳад. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш зери Парчам борҳо бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз намудаанд.
   Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омўзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну мӯҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонад. Инсоният дар ҳамаи давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзуву омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошад.

   Ин аст, ки парчами миллии тоҷикон дорои рангҳои сурху сафед ва сабз буда, аз аҳди бостон то кунун дар миёни мардум бо маъно ва манзалати хеш ҷойгоҳи худро нигоҳ доштаанд.

   Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои мухими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории замони мо, таҷассумгари асосҳои  таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

   Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад  ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад.

   Чуноне, ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд; «Парчами  давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».

   Боиси ифтихор аст, ки имрўз ин парчами муқаддас меваи озодию истиқлолият, меваи созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гаштааст.

   Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ ин арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрўз ва фардои халқ буда, он яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад.

   Парчам нишонаи муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ буда, дар ниҳоди он асроре ниҳон аст, ки ҳар як фардро ба ватандўстӣ ва ифтихори миллӣ даъват менамояд.

   Кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» зери парафшонии Парчами давлатӣ ин як нишонаи пешравӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати миллии саросарӣ буда,  Тоҷикистонро  ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ месозад.  

    Имрўз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҷри Душанбе  ва дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ парафшонӣ намуда истодааст.

   Дар ин радиф дар ноњияи Варзоб низ сохтмони Парчами давлатӣ ба баландии 30 метр дар боғи фарҳангии ноҳия оғоз гардид. Ба истифодадиҳии он дар арафаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

   Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба ин рўзи фархунда самимона табрик намуда, бароятон сиҳатию саломатӣ, рўзгори обод ва пос доштани эҳтироми Парчами давлатӣ чун меҳру муҳаббат ба Ватанамонро орзу менамоям.

   Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшону ҷовидон монда, таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Ватани азизу маҳбубамон бошад.