Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 16 ноябр дар ҳамаи идораву муассисаҳои ҳудуди ноҳия чорабинии  идона доир карда шуд.

Вобаста ба баргузории ин санаи таърихӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ дарсҳои кушод,  мизҳои мудаввар ва байни сокинони ноҳия корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ роҳандозӣ карда шуд. Ҳамзамон байни хонандагон озмуни “Иншои беҳтарин” дар мавзўи Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон ва  ғолибони озмун муайян гардиданд.

Бо  фарогирии аҳолии Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия филми ҳуҷҷатии “Марди роҳ” намоиш дода шуда, корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳ ва пойдории ваҳдати миллӣ мавриди таблиғу ташвиқ қарор гирифт. Ҳамзамон дастовардҳои ҷавонони ноҳия дар соли 2019, дастранҷи хонандагони мактаби бачагонаи санъат ва муассисаи таҳсилоти иловагӣ,  китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд.

 Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо баромади табрикотии раиси ноҳия  Шерализода Муҳамадулло Умар  ва қисмати фарҳангӣ дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки 400 нафар гузаронида шуд.

Бахшида ба ин санаи таърихӣ 2 иншооти ҷашнӣ бо иштироки бевоситаи роҳбари гурўҳи корӣ бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия- директори Агентии давлатии  назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Салимзода Ш. О.  ба истифода дода  шуд.