Дар ноҳияи Варзоб Рўзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хоса таҷлил карда шуд. Дар ин рўз зиёда аз 5 ҳазор нафар шахсиятҳои касбу кори гуногун аз ҷамоатҳои  шаҳрак ва деҳоти ноҳия, аз ташкилоту идора ва муассисаҳои таълимию тандурустӣ иштирок намуданд.  Чорабинии тантанавӣ бо роҳпаймоӣ оғоз гардид. Ҷавонон бо шиорҳои «Мо пайравони Пешвои миллатем», «Тоҷикистон, ба пеш!», «Зинда бод Пешвои муаззами миллат» ва ғайраҳо  аз майдони варзиши ба сўи Қасри фарҳанг роҳ пеш гирифтанд.

Дар Қасри фарҳанг раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар  ҳозиринро бахшида ба ин ҷашни пуршукўҳ табрик намуда, дар бораи моҳияти парчам ва парчамдорӣ,таърихи он ва дастовардҳои Тоҷикистони демократӣ зери ин парчам суханронӣ намуд.

Ў аз ҷумл иброз дошт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рўзи 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, бори нахуст соли 2009 санаи 24-уми ноябр ҳамчун Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд.

         Боиси сарфарозиву ифтихори миллӣ аст, ки бо истифода аз ҳуқуқу ташаббускории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар сол 24-ноябр Рўзи Парчами давлатӣ таҷлил гирифта мешавад.

         Аз ин лиҳоз, ин санаи фархунда барои мо ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург ба хотири ояндаи нек мебошад.

         Бинобарин бо камоли самимият Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тамоми мардуми шарафманди ноҳия самимона табрик гуфта, ба онҳо муваффақияту комёбиҳои шоиста орзу менамоям.

          Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории замони мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷик, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Миллате, ки Нишону Парчам ва Суруди миллии худро надорад, аз арсаи таърих ғайб мезананд.Рамзҳои давлатӣ аломатҳое мебошанд, ки як миллатро дар байни мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамоянд ва таърих тамаддун, гузашта имрўза ва ояндаи миллатро таҷассум мекунанд.

         Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва фарҳанги бой, соҳиби давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои муттамарказ ва рамзу  рукнҳои худ буд. Агар ба таърих нигарем аксарияти муҳаққиқон ва олимон ба хулосае омаданд, ки дар давоми бештар аз чорҳазор соли  маълуми таърихӣ дирафшҳо, ки аввалии онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст, дирафши давлатиро ба вуҷуд овардаанд, ки ба аломатҳои имрўза шабоҳат доштанд. 

Дар фарҷоми ҷамъомад аз тарафи Бахши фарҳанги ноҳия барномаи шавқовар ва хотирмони бадеӣ бо ширкати ҳунармандони маҳаллӣ ва сарояндагони боистеъдод ва ҷаҳонишудаи тоҷик, аз ҷумла Адҳам Холиқов пешкаши иштирокдорон гардонида шуд.