«Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазирии миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

                                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Сулҳу ваҳдат мафҳумест бузургу пуробуранг, ки он осоиштагӣ, озодӣ, истиқлолият, зиндагии ороми халқу миллат,  шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстиро ифода мекунад.

Маҳз ваҳдат аст, ки имрӯз кишвару миллати моро дар ҷаҳон мешиносанд ва мо бо истиқлолияти давлату миллати хеш фахр мекунем ва  шукрона мекунем, ки мардуми соҳибватанем. Ваҳдат асоси пешравии Тоҷикистон ва ояндаи дурахшони миллати моро таъмин карда метавонад. Аз ин рӯ, бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонем. Ваҳдат барои миллати мо шарафу номус аст ва шояд он бузургтарин дастоварди миллати шарафманди тоҷик маҳсуб ёбад, ки ба бисёр миллату халқиятҳои ҷаҳон муяссар нашудааст.

Акнун замоне, ки сухан дар бораи ваҳдати комил меравад, мо бе ягон мамоният ва дудилагӣ гуфта метавонем, ки тоҷикон ваҳдати миллиро бо дастгирию талошҳои бевоситаи Қаҳрамони миллати тоҷик, Президенти мардумии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст овардаанд ва мо тоҷикистониён ба ин шахси барӯманди давлату ин миллат аз сидқи дил аҳсан мегӯем.

Чуноне, ки шоир Бозор Собир гуфтааст:

Номи туро нависем, эй қаҳрамони ваҳдат,

Бо оби ноби тилло дар тоқи қасри миллат.

Мо бояд фаромӯш накунем, ки сулҳу салоҳ ва ризояти миллӣ неъматҳои волотаринанд ва ҳифзу пойдории онҳо вазифаи ҳайётан муҳим ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯсти Тоҷикистони азиз маҳсуб мешавад.

Ваҳдат, ин неъмати бузургро, ки ба осонӣ ба даст наомадааст, бояд бо ҷону дил ҳифз намуда, баҳри Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем ва доимо Ватани маҳбубамонро дар арсаи ҷаҳонӣ, муаррифӣ намуда, номбардори ин Ватану ин сарзамини биҳиштосо бошем.

Дар асл гирем Ваҳдати миллӣ ба зиндагии мардум маънии тоза бахшида, саҳифаҳои нав ба наверо боз намуда истодааст. Умеди онҳоро ба ояндаи дурахшон  қавӣ гардонд. Дар ин замина ҳар як фарди он бо нияти нек, бо дили гарм ба меҳнат камари ҳиммат баст.

Сиёсатеро, ки Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода анҷом дода истодаанд, на танҳо дар байни мардуми Тоҷикистон обрӯву манзалати зиёде пайдо карданд, балки таҷрибаи ӯ дар тамоми дунё ҳамчун як таҷрибаи нодир ва сулҳпарвар ҳисобида шуда, эътирофи  ҷаҳонӣ пайдо кард.

Ваҳдати миллӣ дар баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёт, беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, ободии Ватан мусоидат менамояд. Тарбияи шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, дар шуури наврасону ҷавонон ҷой додани аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди ватандор аст. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба мақоми олии мамлакат нишастан, дар муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистон ба нахустсавганди ёд намудаашон гуфта буданд, ки «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои шукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад ҷон нисор мекунам».

Танҳо дар сурати таҳкими њамаҷонибаи ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешавад, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид мегардад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро устувор карда метавонем. Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ равнақ меёбад, ҳам аз ҷиҳати  фарҳангӣ пеш меравад.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешони тоҷик сарҷамъ шуд, Мамлакат обод гашта, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст.   

Барои устувории Ваҳдати миллӣ дар кишварамон лозим меояд шахсиятҳоеро тарбия намоем, ки дорои тафаккури нав буда, худогоҳ, мустақил, масъулиятшинос, ватандӯст, эҷодкор ва бунёдкору созанда бошанд. Барои ин, баланд бардоштани сатҳу сифати раванди таълиму тарбия ва дар руҳияи ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ба камол расонидани насли наврас хеле муҳим аст.  

         Бовар дорам, ки ҳамаи мо дар фазои сулҳу Ваҳдат бо меҳнати содиқона машғул шуда, рузгорамонро обод, дастурхонҳоро пурфайз, сарамонро баланд, зиндагониамонро чун хуршед зебо ва пуртароват мегардонем.

 Олимзода Орифҷон Олим

мутахассиси пешбари бахши Хадамоти

муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб