Печать
Диданд: 671

Чунин ном гирифтани ин падидаҳоихатарнок дар он мебошад, ки як идда гурӯҳҳои ҷинояткор худсоз ва аз асли ислом бегона ба мислиӣ араёнҳои ҷинояткор худхоҳ ба ном «Давлати исломи Ироқу Шом». «Ҳизбу-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ҷундуллоҳ», «ал-Қоида», «Салафия», ва монанди инҳо истифода мебаранд. Онҳо даъвои пуштибонӣ аз ислом ва мусулмононро пеш оварда, асалн барои амалисохтан ҳадафҳо ба ғаразҳои сиёсии худ аз хоҷахои хориҷиашон талош менамоянд.

Қайд кардан ба мавридаст, ки чаҳор имоми аҳли суннат ваҶамоат, ки  дар сарманшаи исломӣ қарор гирифтаанд. Имом Абӯҳанифа, Имом Шофеӣ, Имом Молик   Имом Ҳанбал баҳеҷ ва ӯ худро салафӣ наномидаанд. Ва як дигарро барои надоштани гароиш ба салафӣ солеҳии муттаҳам накардаанд.  Ин  ҷараён дар нимҷазираҳои Арабистон аз тарафи Ибни Таймия ва муҳаммад Ибни Абдулваҳоб шуҳратёфта, дар ибтидо бо номи «Ваҳобия» ва баъдан пайравии он ин ном яъне «Салафия»-ро барои худ авлотар донистаанд, то ин ки зеро ин вожжа амалҳои тундгаро худро пинҳон созанд.

Мо бояд хотирҷамъ набошем, ки хатари ҷараёни терористии салафия ба Тоҷикистон мо таҳдид надорад. Эҳсос мешавад, ки пайравони ин ҷараёни худхоҳ алакай дар марзу буми давлати мо реша давонда истодааст.  Таъкидҳои пайдарҳами Роҳбари давлатамон, мақомоти амнияти миллӣ кишвар теъдоди зиёдиӣ ҷавонони фиребхӯрдаи мо, ки дар майдонҳои ҷангӣ кишварҳои ба хун оғушта қурбон шудаистодаанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Аз ин рӯ зарураст, ки табиат ва ҳадафҳои ин гуруҳи худхоҳ ва терористи аз ҷанбаҳои мухталиф ошкор карда шавад, то ин ки насли наврасро фиреб надиҳанду хонаи ороми моро вайрон нанамоянд.

Мақсади ин ҷараёни террористӣ  як чизаст, расидан ба ғаразҳои нопоки моливу пули ва сиёсӣ, ки паси он милионҳо ва ҳатто миллиардҳо маблағҳои ҳангуфта ва ҳадафҳои стратегии кишварҳои манфиатҷӯ меистад. Роҳи расидан ба ин манфиатҳо: ҳарчи бештар зиёд намудани пайравон, ба гурӯҳҳо ҷуддо намудани мардум, паҳн намудани ихтилофоти мазҳабӣ ва ба ин роҳ ноором сохтани вазъияти сиёсӣ ва ба вартаи ҳалокат афкандани миллат ба монанди давлатҳои арабӣ ва ба хоку хун оғушта шудани халқу миллатҳо мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалии Раҳмон дар Пайёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар ироа намудаанд, ки  «Тероризм ва эзстремизм, аз як ониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷанбаи дигар аъмоли он гуноҳаст, ки террорист Ватан миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷониҳар як сокини сайёра аст». Мо низ басуханони Пешвои миллати худ пайрави намуда, терроризм ва экстремизм ро шадидан маҳкум менамоем.

Ҳодисаҳои нангун ва даҳшатборе, ки дар давлатҳои Фаронса, Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳои рухдода, ҳеҷ шахси солимфикрро бе тараф намегузорад, ки ин амали зишти онро нодида мегирад.

Мардуми Тоҷикистон низ дар баробари дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон ин амали нангинро маҳкум намуда, атрофии сиёсати ягонаи Пешвои миллати худ мутаҳидгардид бадастовардаҳои Тоҷикистони азизро бештар аз пештар дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон тарғибу ташвиқ намуда, кӯшиш доранд, ки ҳеҷгоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳнад.

Яке аз сабабҳоиасосиипарокандагиимусулмонон дар дунёи мрӯз ин таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳо бо номи дин ва шомилгардонидани мусулмонон мебошанд. Агар таъсис додани ҳизбу ҷараёнҳои дар дини мубини ислом зарур мебуд ё ақаллан заррае фоида меовард. Худованд ба Пайғомбараш (с) онро дастур медод, ки ташкили ҳизбу ҳаракатҳо зери ливои ислом саросар шару иғво аст. Худованд дар Қуръони Карим дар сураи Иброҳим дар ояти 7-ум мефармояд: «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон: ва из  таа занара букум лаин шакарту млаазидан накум валаинкафартум, инно азобилашид Ва он вақт ,ки Парвардигори Шумо хабардор сохт, ки агар шукркунед, ба Шумо зиёда диҳам ва агар носипосӣ кунед, ҳароина азоби манн сахтаст».

Ба ин хотир мо бояд баҳамаи неъматҳои додаи Парвардигор шукргузор бошем ва носипосӣ накунем. Таърихгувоҳ аст, ки маҳз гурӯҳу фирқа бозиву ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷараёнҳо бо ном дин сабаби ҳалокату парокандагӣ, бесаводиву бе маъраифатӣ, ваҳшоният ва ақибмонии мусулмонон дар ҷомеаи мусулмоннишин мебошад.

Ҳаракат, фирқаву ҷамоат ва равияҳои тундрав нодурурст буда, ҳамагуна рафтору кирдор, гуфтор ва шиору даъватҳои онҳо беасосу бемантиқ, мардум – мардумфиребӣ, мухоллифи таълимоти шариати исломӣ ва сабаби аслии парокандагӣ мебошад.

Мавҷудият ваэътирофи мазҳаб ва роҳҳои мухталифи даряк ҳақиқт дар ислом ҳамчун усули гуногунандешаи илмӣ ва маърифати, воситаи рафъи мушкилиҳои ҳаёти иҷтимои ва ҳуқуқӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба яроқи муборизаи афкор ва аъмол табдил дода шавад. Зеро ҷавҳари таълимоти илмӣ ахлоқӣ ва ҳатто фарҳанги исломӣ таҳамул ва эҳтироми андешаҳои мухолифро тақозо дорад. Пайравӣ ба мазҳаби ҳанафӣ, ин беҳтарин ва ботаҳамултарин усули бартараф намудани чунин тудравиҳо в зиёдаравиҳост.

Мавриди ёдоварист,ки Қурони карим бо зикри «ба номи Худованди  бахшандаи меҳрубон»  оғоз мешавад ва дар он раҳму шавқат аст. Куштор, бе раҳмӣ ва таркондани макони макони оромии мардум ба ҳеҷ ваҷҳ аз Офаридгори бахшояндаву меҳрубон буда наметавонад.

Ин фиреб аст, ҳилла аст, бедор шаванд, мардуми гумроҳ. Магар Худованди азиму раҳим ва кариму қодир хоҳиш вайрони ин замину ин тамаддуни аст. Магар инсоне, ки ҳама малоикро назди у таъзим фармуд тамоми коинотро баҳри у дар ҳаракат овард имрӯз ба ин осонӣ ба дасти иддае беақлу безаковат куштани   мардуми бегуноҳро салоҳ медонад! Ҳаргиз!

Ислом дини муросо, таҳаммул, сабр ва меҳрубони аст. Маҳз ҳамин сифатҳо исломро замоне ба тамаддуни ҷаҳонӣ табдил дод, на ҷангу ҷидол ва на куштору таркондаҳо.

Дар асоси таълимоти Ислом замоне мусулмонони дигареро вомехӯранд, ба ӯ солим, сулро ба забон меорад. Намози мусулмонон низ бо зикри салом, раҳмат ва баракат анҷом мепазирад, на ба зикри хавфи бин, ғараз ба бадиву зарар нисбат ба атрофиён. Зеро мусулмон мегӯяд: асалому алейкум ва рахматуллоҳи ва баракатуҳу «яъне ба шумо сулҳ ва раҳмату баракату Худоро мехоҳам.

Пайғамбари ислом (с) дар ҳадиси муборакашон фармудаанд: Аз зиёдаравӣ умури динӣ ҳазар кунед! бе ман уматони собиқеро, ки пеш аз шумо арзу вуҷуд доштан зиёдаравӣ дар ин ба ҳалокат расидан.

Чунончи Пайғамбари Худо (С) гуфтаанд: аз Ҳазрати Алӣ (р) дар китоби «Фитан ва малоҳим»-и Абуъяло ривоят шудааст, ки ҳар вақте ки парчамҳои сиёҳро дидед пас дар замин шине два дасту пойҳои худро наҷумбонед, баъд аз он зоҳир мешавад қавме, ки онҳо натавонанд  ва мардум ба ноҳо эътибор намедиҳанд, дилҳояшон аз фулот сахттар  аст соҳиби давлат мешаванд на ба аҳду паймон вафо мекунанд даъвои ҳақ мекунанд, вале аз аҳли ҳақ нестанд. Дар байнашон ихтилоф пайдо мекунанд. Чуноне, ки Саъди Шеърозӣ мефармояд:

Бани одам аъзои якдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.

Инсонҳо асрҳо дар муносибат ва алоқаманди  зиндагӣ кардаанд.  Дар ин росто, қиссаи муҳаббати як парандаро нисбат ба инсон овардан ба маврид аст. Зеро вақтҳои охир чунин ба назар мерасад, ки баъзе инсонҳои ҷоҳил аз ҷаҳолат нисбат ба инсонҳои бегуноҳ, аз он ҷумла кӯдакон, занон дар давлатӣ бо номи исломи Ироқу Шом чӣ қадар бераҳмиро раво дида истодаанд. Гӯё онҳоро модар тарбият накарда, ё аз гӯшаи раҳм нагузашта бошанд. Замоне, ки оташи Намрӯд ба ҳазрати Иброҳим  (а)  таҳдид мекард, паррандае дар минқори худ об гирифта барои наҷоти Иброҳим (а), ба болои оташ рафт ва аз ӯ пурсидаанд, ки иноберо, ки ту дар минқор гирифтаӣ, то ба куҷо мерасад, парранда гуфт манн муҳаббатамро ба ҳазрати  Иброҳим (а), нишон медиҳам, ки Иброҳим (а), дӯст медорам. Яъне имрӯз ҳамаи моро зарураст, ки  муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба миллат, давлат ва сарзамини аҷдодии худ нишон дода тавонем. Заррае ҳам бошад аз ҳимояи ин хоки муқаддас, марзу буму хеш дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пайдории сулҳу салоҳ кӯшиш намоем ва итоат кардан ба фармонбарои хешро фаромӯш накунем. 

Дар охир андешаҳои худро бо таъкидҳои доимии Пешвои миллат мехоҳам ҷамбаст намоям, ки гуфтанд: «Бори дигар хотиррасон намоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии  орому осуда расида ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро  аз даст надиҳанд ва ҳаргиз фирефтаи  таблиғоту ақидаҳои  бебунёди ифротӣ нашаванд.

 

Раҳмонов Шаҳоб
омӯзгори муассисаи №28
Ҷамоати С. Айнӣ
ноҳияи Варзоб