Сармояи инсонӣ – ақл бояд солим андешад

   Созмон додани фазои солими тафаккуру андешаи динӣ, ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ, пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва беҳтар намудани сармояи инсонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ-амалӣ ва назариявӣ-методологӣ, нашри маҳсулоти чопии зарурӣ, мақолаҳои илмию таҳлилӣ, вокунишҳои саривақтии тахассусӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар сатҳҳои гуногун пайванди ногусастанӣ дорад.

   Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, ки кишвари мо дар шароити кунунӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои усутувор пеш рафта истодааст ва дар муқобили таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ тадбирҳои муассир меандешад. Аз ин рӯ, «бо дарназардошти воқеияти кунунӣ ва бо мақсади таъмини амнияти устувор ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир мо омодаем ҳамкориҳои густурдаро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва кишварҳои шарик тақвият бахшем».

   Ба андешаи мо, таъсиргузории вазъи ноороми минтақаи Ховари Миёна ба падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир – терроризм, тундгароии хушунатомез ва ифротгароии динӣ дар кишварҳои мусулмонӣ  ҳанӯз боқӣ мондааст, ки мо сабабу омилҳои ин равандро ба таври зайл табақабандӣ намудем:

   1. Дар мафкураву ҷаҳонбинии мардуми сайёра ҷиҳати бадном кардани фарҳанги мусулмонӣ чунин ақидае ҷойгузин шудааст, ки ҳама гуна зуҳуроти вобаста ба радикализм, экстремизм ва терроризмро зода ва парвардаи ҷомеаҳои мусулмонӣ медонанд. Дар ҳолатҳои рух додани ягон ҳодисаи нохуши техникӣ ва садамавӣ ҳам нахуст ҳузури унсури исломиро дар ин рӯйдод ҷустуҷӯ мекунанд. Нахуст бояд эътироф кард, ки созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» дар шарманда ва беобурӯ кардани арзишҳои фарҳанги мусулмонон ба шакли умумӣ ва дар фазои сиёсию иттилоотии мо ТЭТ ҲНИ барои коҳиш додани имиҷи байналмилалии ҷумҳурӣ таъсири ниҳоят манфур расониданд.

   2. Баъд аз нопадид шудани муборизаи идеологӣ дар байни лагерҳои капиталистӣ ва сотсиалистӣ барои кишварҳои мусулмонӣ як фурсати пиёда намудани сиёсати мустақилона фароҳам омад. Аз ҷониби дигар бояд эътироф кард, ки муборизаи дуқутба акнун ба муборизаи олами масеҳият ва олами ислом табдил ёфтан гирифт. Мафҳумҳои нав, ба мисли демократия, ошкорбаёнӣ, ҳуқуқи инсон, озодии виҷдон, дунявият, бозори иқтисодӣ, глобализатсия ва табодули озоди маълумот аз тариқи Интернет ба сифати ченакҳои меъёрии муносибатҳои байналмилалӣ муайян гардиданд. Дар маҷрои таѓйиротҳои нав ҳам кишварҳои мусулмонӣ дастовардҳои худро ҳифз карда тавонистанд. Вале ба хотири нигоҳ доштани нуфузи худ дар минтақаи асосии нафтхези ҷаҳон – Ховари Миёна кишварҳои абарқудрат силсилаи давомдори инқилобҳои «баҳори арабӣ»-ро ҳамчун идомаи бозсозии саросарӣ роҳандозӣ намуданд. Дар натиҷа нооромии тӯлонӣ минтақаро фаро гирифт (аслан нооромии Тунис ҳадафи заиф кардани Миср, Ироқ – Эрон, Сурия – Туркия ва Яман – Саудияро дар пай дорад). 

   3. Ҷангҳои динию мазҳабӣ аслан барои ҳифзи монополияи коркард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ пеша карда шуд. Ин ҳолат бозори энергетикиро ба макони рақобати шадид табдил дод, ки боиси таҳияи сиёсати нисбатан мустақилона бурдан дар байни кишварҳои нафтии Ховари Миёна шуд. Харидори асосии газу нафт ҳамоно Иттиҳоди Аврупо боқӣ монд, вале рақиби шадиде дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором (Ҷопону Курия ва Ҳинду Чин) пайдо шуд.  

   4. Натиҷаи ҷангу ҷидол дар тӯли соли 2018 нишон дод, ки аслан ҷанги ба истилоҳ идеологии байниисломӣ – пайравони шиа ва суннат ҷуз пӯшиши рӯякии масъалаҳои геополитикӣ ва иқтисодӣ чизи дигаре нест ва вазъияти ногувор дар минтақа дину эътиқодро аз бозӣ берун овард. Мубориза барои нигоҳ доштани якпорчагии кишварҳои минтақа, мақоми лидерӣ дар сиёсати ҷаҳонии энергетикӣ, мавқеи созгори ҷуѓрофӣ ва сайёҳӣ будани минтақа ба фазои нави муборизаҳои гегемонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ворид шуд.

   Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни таҳлили рафтори ҷонибдорони андешаҳои ифротӣ ва тундрав дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чеҳраи эҳтимолии иҷтимоӣ ва равонии экстремистро чунин табақабандӣ кард: 

   1) Шахсоне, ки дорои сатҳи пасти саводи дунявӣ ва динӣ мебошанд ва илова бар ин, мушкилоти иқтисодӣ доранд, вале касбу кори муайян ва доимӣ ҳам надоранд. Ин тоифа ба осонӣ туъмаи осон барои таблиғгарон ва ҷалбкунандагони гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд. 

   2) Касоне, ки дар муҳити суннатии оилавӣ тарбия ёфтаанд ва ҷаҳонбинии онҳо асосан хусусияти динӣ дорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мутаассифона, як қисми афроде, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Афғонистон ҳамчун ҷонибдорони мухолифин муҳоҷир шуда буданд, имрӯз якҷоя бо хонаводаашон ҷонибдори гурӯҳу ҷараёнҳои ифротӣ шудаанд.

   3) Як гурӯҳи афроди бадхӯй ва ҷиноятпеша ҳанӯз дар ҳар ҷое вуҷуд доранд, ки зиндагиро танҳо аз тариқи зӯроварӣ ва гирифтани даромади муфт меписанданд ва тасаввур мекунанд.

   4) Гурӯҳи шахсоне низ ҳастанд, ки дар шароити нав бо мушкилиҳои гуногун дар зиндагӣ, ба мисли карзҳои бонкӣ, амалҳои коррупсионӣ дар муассисаву корхонаҳо ва дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будан мувоҷеҳ шудаанд. Онҳо аз тариқи пайвастан ба ҳизбу созмонҳои ифротӣ мехоҳанд нуқсону камбудиҳои худро рӯйпӯш кунанд ва аз фазои мушкилзои зиндагии худ дуртар фирор карда, худро қаҳрамон ва адолатҷӯ нишон доданӣ мешаванд. 

   Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаб бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии солҳои 90-уми асри гузашта ва консепсияи мукаммали ваҳдати миллии худ фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва шабакаҳои илмию таҳлилӣ ва иҷтимоиро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротгароӣ, терроризми динӣ, решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ, таблиѓи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ваҳдати динию эътиқодии мабно ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия сафарбар карда истодаанд.

   Раванди нави ҳамкориҳои боварибахш, ки бо ташаббуси Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Тоҷикистону Ӯзбекистон танинандоз гардид ва фазои нави муносибатҳоро ба вуҷуд овард, аҳамияти бузурги иқтисодӣ, энергетикӣ, фарҳангӣ ва динӣ-мазҳабӣ дорад. Устувор гардидани ҳамкориҳои судманд бегумон шиддати ифротгароии динӣ ва ба доми фиреб афтодани ҷавонони ноогоҳро ба маротиб коҳиш медиҳад, кишварҳои дӯсту бародари минтақаро ба шоҳроҳи ояндаи дурахшон ва рушди устувори иқтисодӣ раҳнамун месозад.