Печать
Диданд: 1058

Дар ҷаҳони муосир савдои одамон яке аз ҷиноятҳои хело вазнин ва мудҳиш эътироф гардидааст. Хатарнокии чунин намуди  ҷинояткорӣ дар он зоҳир мегардад, ки савдогарони одамон бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ  шахсони тамоман бегуноҳро  ба доми фиреб гирифтор намуда, ҳуқуқу озодиҳои қонунан ҳифзшавандаи онҳоро поймол менамоянд. Савдои одамон - яке аз  зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмиллӣ буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҷамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ки дар айниҳол  дар худ унсурҳои таҳдид ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдор намудани суботи иҳтимоию иқтисодии онҳоро ниҳон дорад ҳисобида мешавад.

Савдои одамон - дар ҳуқуқи байналмилалӣ ба сифати зуҳуроти ҷиноятие, ки бо мақсади истисмор, ҷалбкунӣ, интиқол, таҳвил, пинҳонкунӣ ё гирифтани одамон тавассути таҳдиди зӯроварӣ ё истифодаи он, ё дигар шаклҳои маҷбурсозӣ, ба монанди дуздӣ, қаллобӣ, фиреб, сӯистифода имансаб ё ҳолати заифӣ ё бо роҳи ришва додан дар шакли пардохт ё фоида барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар  шахсро назорат мекунад, содир мегардад,  фањмида мешавад.

Баҳри пешгирии  ин  зуҳурот аз  тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба  савдои одамон ва расонидани кӯмак  ба  қурбониёни савдои одамон»  аз 26 июли соли 2014, № 1096  қабулгардид.

        Дар ин  раванд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Варзоб низ  чораҳои амалӣ андешида, дар  асоси Амри раиси ноҳия Комиссияи байниидоравии муковимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро таъсис додааст.

Масъалаи мазкур  яке аз  масъалаҳои ташвишовар дар ҷаҳон пиндошта шудааст ва  аз ҳар  яки  мову шумо масъулияти баландро талаб менамояд.

Дар  самти мазкур Комиссияи байниидоравии ноҳиявӣ тамоми имкониятҳои мавҷудбударо истифода намуда,  дар  байни занону духтарони деҳаҳои дурдаст ва марказҳои ҷамоатҳои деҳоти  Варзоб-Қалъа, Айнӣ, Чорбоғ, Лучоб ва Деҳмалик корҳои таблиғотиву ташвиқотиро  ба  роҳ монда,  семинару  мизҳои мудаввар доирнамуд. Бомақсади огаҳӣ ёфтани шаҳрвандон аз  хатари савдои одамон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, дар  бораи чораҳои пешгирикунанда ва ҳифзи ҳуқуқӣ дар  самти мазкур мавҷуд буда ва имкониятҳои муроҷиатнамудан барои кумак  ба  субъектҳои дахлдори системаи муқовимат  ба  савдои одамон,махсусан доштани маълумот  дар  бора ифарзандони  дар  муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта бахусус занону духтарон ва ноболиғон суҳбатҳо доир намуда, озмуну маҳфилҳои гуногунро роҳандозӣ намуда истодааст. 

М. Мирзоева, мудири бахши кор бо занон ва оила.