Қайд кардан ба маврид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 18 августи соли 1999, №373, ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ ва сайёҳӣ, эълон гардида баъдан аз трафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9-ноябри соли 2000 №461, «Барномаи мақсадноки комплексии рушди ноҳияи Варзоб, тасдиқ гардид, ки ноҳияи Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳат, табобатӣ, санаторию курортӣ ва сайёҳӣ» ба ҳисоб меравад.

Айни замон дар ноҳияи Варзоб 4-осоишгоҳ ва 67-минтақаҳои истироҳатии шахсӣ сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.

Яке аз иншоотҳои машҳури сайёҳию табобатии ноҳия, осоишгоҳи Хоҷа-Оби-Гарм буда ва он дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.   Дар ҳудуди осоишгоҳи мазкур, ду дарёчаи хурд, дарёчаи оби мазор ва дарёчаи оби Қаландар бо ҳамдигар пайваст мешаванд.

Осоишгоҳи Хоҷа-Оби-Гарм оби маъдании фаровон дорад, ки ҳарорати он то +98 дараҷа мерасад. Каламраве, ки аз он оби гарми маъданӣ радиоактивӣ мебарояд, 4,5 гектарро ташкил дода, аз он беш аз 20-чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои обашон нисбатан ҳарорати баланд дошта, буғи гарм хориҷ мешавад, ки он буғи радиоактивӣ буда, таркиби ондар қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ, элементӣ радон дорад.

Осоишгоҳи Хоҷа-Оби-Гарм аҳмияти умуми ҷумҳуриявӣ дорад ва ҳар сол дар он ҷо мувофиқи таҳлилҳои оморӣ то 7-8-ҳазор нафар меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ табобат мегиранд. Дар осоишгоҳи мазкур бемориҳои дил, рагҳои хунгузар, узвҳои ҳаракат, сутунмӯҳра, асаб, роҳи нафас, бемориҳои занона, гурда, узвҳои ҳозима ва дигар бемориҳо муолиҷа карда мешаванд. Барои самарабахш гузаронидани табобат обу ҳавои кӯҳсор низ кӯмак мерасонанд.

Ноҳияи Варзоб дорои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ (монументалӣ) ва меъмории дорои аҳмияти ҷумҳуриявӣ ва маҳалӣ мебошад, ки рӯйхати онҳо дар таҳияи Феҳристи давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.

Яке аз ин ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои табиӣ    Хоҷа-Сангхок мебошад, ки дар баландии зиёда аз 3000-метр воқеъ гардида аз чашмаҳои оби маъданӣ низ бой аст. Таркиби об аз моддаҳои менералӣ бой мебошад. Дар таркиби он магний, калий, калтсий, натрий, оҳан ва дигар моддаҳо мавҷуданд, ки барои муолиҷаи меъда, ҷигар ва бемории қанд истифода мешавад.


Инчунин дар дохили Маҷмаа мактаби варзишии намудҳои зимистона фаъолият дорад, ки мурабиёни касбӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони федератсияи варзишӣ, барои иштирок дар мусобиқаҳои дохилӣ ва берун аз кишвар варзишгаронро тайёр менамоянд. Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз тарбиягирандагони ҳамин мактаби варзишӣ, варзишгарони ноҳия Варзоб аз ин намуди варзишӣ лижаронии кӯҳӣ, дар мусобиқаҳои байналхалқӣ ва бозиҳои Олипиадаи зимистона иштирок намудаанд ва менамоянд.Ҷиҳати иҷроиши барномаҳои давлатӣ оиди ташкил намудани инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, дар қисмати ғарбии ноҳияи Варзоб, бо дастгирии соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти ҶДММ «Сафед-дара» Маҷмааи комплексии лижаронӣ «Сафед-дара» сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки Маҷмааи мазкур барои қабули меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ тамоми шароитҳои замонавиро фароҳам овардааст. Дар он ҷо ошхонаи замонавӣ, меҳмонхонаи замонавӣ, фаъолияти хизматросони тариқи кортҳои электронӣ ба роҳ монада шудааст. Дар Маҷмааи мазкур кормандони собиқадор ва пуртаҷриба фаъолияти корӣ доранд, ки ҳангоми қабул ва гусели меҳмонон хушмуомила буда дар ин раванд вазифаҳои хизматиашонро дар сатҳи баланди касбӣ иҷро менамоянд.

         Мавзеъи дигари зебои ноҳия ин дарёи «Сиёма» буда, аз қисмати шимоли ноҳия оғоз гардида, ба резишгоҳи дарёи Варзоб мерезад. Соли 2001 дар озмуни байналхалкии «Оби тоза», ки дар ИМА баргузор гардида буд, дар қатори даҳ ҷои аввал ҷой гирифта ва соҳиби ҷоиза гардид.

         Олами набототи Варзоб низ гуногун буда, растаниҳои мевадиҳанда, ороишӣ, доругӣ ва асаловар хело бисёранд. Аз 145 намуд растаниҳои худрӯйи ноҳияи Варзоб дар соҳаи тиб доруворӣ тайёр карда мешавад. Арчазорҳо 50-фоизи ҷангалзори ноҳияро ташкил медиҳанд.

         Олами ҳайвоноти ин диёр низ гуногун аст. Дар кӯҳу дараҳо намудҳои мухталифи ҳайвонот ба монанди хирс, гург, қашқалдоқ, хуки ёбоӣ, оҳу, ҷайра, рӯбоҳ ва сағур паҳн шудаанд. Дар ноҳияи Варзоб 46-намуди парандагон аз қабили уқоби морхур, каргас, булбул, кабк, мусича, гунҷишк, фароштурук, мурғи ҳилол, соч, саъба ва ғайраҳо мавҷуданд. 

 

                                   Вазъи сайёҳи дар ноҳияи Варзоб

Соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ин соҳа як қатор барномаҳои давлатӣ қабул гардида, мавриди татбиқ ва амал қарор доранд.

Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ин таъмин намудани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субеъктҳои фаъолияти сайёҳӣ ва дар ин замина таъсис додани бозори самаранок ва рақобатпазирӣ соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб мебошад.

Инкишофёбии соҳаи сайёҳӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳимтаринест, ки обрӯю эътибори онро балантар бардошта, мароқи сармоягузоронро ҷалб намуда, оиди ташкил намудани ҷоиҳои иловагии корӣ дар мамлакат мусоидат мекунад.

Тамоюлҳои инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ бештар аз устувор гардонидани таваҷҷуҳи хоса ва танзими давлатии фаъолиятӣ сайёҳӣ дар сатҳӣ умумимиллӣ, ки бо стратегияи муосири пешрафти хизматрасонии сайёҳӣ мувофиқ мебошад, вобаста аст.

Ҳамзамон ташакули стратегияи муосири маркетингӣ ҷиҳати таҳия ва пешбурди минбаъдаи маҳсулоти сайёҳӣ дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар асоси брендӣ миллӣ, яке аз вазифаҳои асоси барои рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб ба ҳисоб меравад.

          Дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфи назар аз иқтидори зарурии мавҷуда, мавқеъи намоёнро ишғол менамояд ва мутобиқан ба ҳиссаи кишвар қисмати ночизи гардиши сайёҳии ҷаҳонӣ рост меояд. Барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти ноҳияи Варзоб соҳаи сайёҳӣ нақши муҳим дошта, он яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва муҳим ба ҳисоб меравад. Ба ноҳияи аз давлатҳои собиқ Шӯравӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ, сайёҳони зиёд омаду рафт доранд. Маҳз тариқи ноҳияи Варзоб сайёҳон ба пойтахти кишвар ворид мешаванд.

         Солҳои охир шумораи зиёди сайёҳон барои сайёҳат ва фароғат аз ноҳияи Варзоб дидан менамоянд. Дар соли 2015, мувофиқи таҳлилҳои оморӣ теъдоди беш аз 23000-нафар сайёҳон аз кишварҳои хориҷи ва дохили кишвар барои сайёҳату фароғат ба ноҳия ворид гардидаанд, ки маблағи умумии аз ҳисоби ба сайёҳон пешниҳод намудани хизматрасонӣ ба қисми даромади буҷет, ҳамчун андоз ба буҷети маҳаллии ноҳияи Варзоб ворид гардидааст.

         Рушди соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ барои сайёҳони хориҷӣ ва дар ин замина ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо, фароғатгоҳо метавонад махсусан барои ҷавонони ноҳия, дар муҳаё намудани ҷойҳои нави корӣ, заминаи воқеӣ гузорад.

          Бо дарки маҳфуми рушди сайёҳӣ аҳолии ноҳияи Варзоб сатҳу сифати хизматрасониро ба сайёҳон сол аз сол беҳтар намуда истодаанд. Дар Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия марказҳои тиҷоратӣ, ошхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва нуқтаҳои фӯруши сӯзишворӣ барои хизмат расонидан ба меҳмонону сайёҳон фаъолият намуда истодаанд.

         Тибқи нишондиҳандаҳои омории бозори сайёҳӣ, дар давраи солҳои 2000 то 2015, дар ноҳия тамоюли устувори баландшавии гардиши сайёҳӣ ба назар мерасад, ки ба он пеш аз ҳама, вазъи мӯтаъдилӣ сиёсати дохилӣ ва ичтимоию иқтисодии кишвар мусоидат менамояд.

         Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сурати таҳияи маводи сайёҳии миллӣ дар заминаи ёдгориҳои осори фарҳангӣию таърихӣ ва хусусиятҳои табиию рекреатсионии ноҳияи Варзоб, табдили бонизом ва самараноки он ба бозори хизматрасонии сайёҳӣ, воридшавии бештари сайёҳони хориҷӣ ба ноҳия таъмин карда мешавад ва барои аҳолии ноҳия ҷойи иловагии корӣ муҳаё гардида, шароити некуаҳволӣ таъмин ва буҷаи давлат низ ғанӣ мегардад.

         Бинобар ин, босифат ташкил намудани чорабиниҳои тарғиботӣ оид ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва васеъ намудани арзҳои меҳмоннавозӣ барои беҳтар намудани имиҷӣ ноҳия, ҳамчун минтақаи сайёҳии ҷумҳуриявӣ мусоидат менамояд. Захираҳои табиию фароғатии ноҳия, мавҷудияти ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, фарқиятҳои этникӣ, расму оини хоссаи меҳмоннавозии мардуми ноҳия, чашмаҳои шифобахш, куқуллаҳои аз 3000 метр боло, дарёҳои кӯҳӣ ва гиёҳои нодиру шифобахш, мавқеи хосӣ ҷуғрофӣ имконият медиҳад, ки дар ояндаи наздик дар ҳудуди ноҳия навъҳои афзалиятноки сайёҳӣ ривоҷ дода шаванд;

-куҳнавардӣ, сайёҳӣ пиёдагардии кӯҳию варзишӣ ва экологӣ;

-сайёҳии аспӣ;

-сайёҳии автомобилӣ;

-сайёҳӣ ва экологӣ;

-сайёҳӣ, табобатӣ санаторию курортӣ ва истироҳатӣ;

-сайёҳии касбӣ;

-сайёҳии таърихию омӯзишӣ ва этнографӣ;

-рафтинг (қаиқронӣ дар дарёҳои кӯҳӣ);

-варзиши лижаронии кӯҳӣ;

-сайёҳии шикорӣ барои хориҷиён.

Таҳлил ва ҳисоботҳои омории воридшавии сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ   дар ноҳия шаҳодат медиҳад, ки вобаста ба хусусиятҳои табиию рекреатсионии кишвар аз ҷониби туристони хориҷӣ афзалият ба навъҳои сайёҳии экологӣ, варзишӣ кӯҳӣ ва экстремалӣ дода мешавад. Бинобар ин, лозим аст, ки кори самараноки хадамоти махсуси наҷотдиҳӣ дар сохтори давлатии ҳолатҳои фавқулода ба роҳ монда шавад.

Дар ҳудуди ноҳия иншоотҳои гуногуни фароғатӣ, дараҳои зебои мавфтункунанда ва дорои гиёҳҳои шифобахшу дарёчаҳои пурамвоҷи Кондара, Ѓусғарф, Харангон, Очук, Такоб, Зидеҳ, Сиёма, Майхура, Лучоб ва Чорбоғ мавҷуд буда, қалби меҳмонони дохилию хориҷиро тасхир менамоянд. Дар ин дараҳои тамошобоб роҳи мошингард ва пайраҳаҳои сайёҳӣ мавҷуданд ва мавзеъҳои тамошобобу фароғатӣ барои ҷалбӣ хориҷиён мебошанд.

Ба рушди минбаъдаи сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон истифодаи имкониятҳои ҳудудҳои махсуси ҳифзшавандаи табиӣ, ки беш аз 22%-и қаламрави Тоҷикистонро дар бар мегирад, мусоидат менамояд. Дар ноҳияи Варзоб бошад, аз ҷумла, «Боғи ботаникии ноҳияи Варзоб», ки дорои экосистемаҳои нодири табиӣ ва ҳайвонотӣ гуногуни ҷолиби диққати сайёҳонӣ хориҷӣ ва дохилӣ мебошад, ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад намуд.

Иншооти самти санаторию курортӣ ва миқдори зиёди минтақаҳои истироҳатии ноҳияи Варзоб барои ташкили истироҳат ва муолиҷаи туристони дохилию хориҷӣ заминаи хуб фароҳам меоваранд.

Вусъат бахшидан ба рушди сайёҳии дохилӣ дар баробари таъсири мусбии он ҳифзи иҷтимоӣ (шуғли аҳолӣ) барои ҷалби маблағгузориҳои ватанию хориҷӣ ба инфрасохтори сайёҳӣ низ мусоидат менамояд.

Дар ин ҷода қайд кардан лозим аст, ки дар ноҳия роҳҳои автомобилгардӣ Душанбе-Чаноқ ҳамчун пайвангарди минтақаҳои истироҳатӣ ва барои эҳёи сайёҳӣ дар «Шоҳроҳи бузурги Абрешим» заминагузорӣ менамояд.

Шоҳроҳи автомобилгардӣ 354-километраи Душанбе-Бӯстон-Чаноқ, ки тибқи шартномаи консепсионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдориаш ба зиммаи яке аз Ширкатҳои шарикӣ, Филиали Ширкати Саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшенз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати 30-сол вогузор карда шудааст, барои рушди соҳаи сайёҳӣ хело аҳмияти муҳим дорад.

Филиали Ширкати Саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшенз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти кориашро дар асоси барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда, дар ин раванд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ва инчунин ҳадафи дигари стратегии он аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар ин замина корҳои назаррасро амалӣ карда истода, барои дар сатҳи байналмилалӣ мутобиқ намудан ва нигоҳ доштани роҳи мошингард чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз тарафи роҳбарияти Филиали мазкур, тамоми шароитҳо оиди таъмини ҳаракат дар роҳ, барои истифодабарандагони роҳи автомобилгардӣ Душанбе-Чаноқ фароҳам оварда шудааст.

Ҳамзамон бо назардошти дар Филиал ва идораҳои намояндагии он мавҷуд будани мутахассисони касбӣ, соҳавӣ, собиқадор ва пуртаҷриба, инчунин техникаҳои замонавӣ, роҳи автомобилгардӣ Душанбе-Чаноқ ҳамавақт тоза ва новобаста аз фасли сол кушода мебошад, ки дар ин замина барои рафту омади меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ эътибори доимӣ ба назар гирифта шудааст.

Ҳангоми гузариши плазаҳои толлингӣ, муомила ва муоширати хизматӣ (дар зарурият бо забони ҳориҷӣ),  пушидани либоси расмӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки   маданияти баланди касбии кормандон  таҳти назорати доимии роҳбарияти Филиал Азизов Асомиддин., Қурбоналиев Даврон.,  мебошад.

Вобаста ба  бӯҳрони шадиди молиявию  иқтисоди ҷаҳонӣ   директори Филиал, Асомиддин Азизов., дар якҷоягӣ бо директори Шурои нозирони Филиал,  Қурбоналиев Даврон., вазъи имрӯзаро ба инобат гирифта барои дастгирии мақсадноки аҳолии ниёзманди ноҳияи Варзоб ва вилояти Суғд, ки дар ҳамшафати роҳи Душанбе-Чаноқ, зиндагони мекунанд, тариқи расонидани  кӯмаки суроғавӣ ва хизматҳои иҷтимоӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, дар асоси муроҷиати шаҳрвандон бо мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ба онҳо дар баъзе ҳолатҳо кумакҳои яквақта ва инчунин гузариши воситаҳои нақлиёти онҳоро тариқи кортҳои имтиёзноки электронӣ  аз ҳисоби  қисми даромади буҷети Филиал ба роҳ мондаанд.

Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, дар ноҳия зиёда аз 67-минтақаҳои истироҳатии шахсӣ, 65-нуқтаҳои фароғатию истироҳатии шахсӣ, 3-осоишгоҳ, 34- нуқтаҳои савдо ва хӯроки миллӣ, 1-санаторияи ғайридавлвтӣ, 9-минтақаҳои истироҳатии корхонаҳо, иншоотҳои сайёҳии дорои ҷанбаҳои санаторию курортӣ бо назардошти ташкили хизматрасонии муосир ҷавобгӯй мебошанд.

Таҳлили вазъи кунунии сайёҳии воридотӣ ва дохилии ноҳия шаҳодат медиҳад, ки ноҳияи Варзоб бо назардошти самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат эълон гаштани он, Варзоб ҳамчун минтақаи истироҳатӣ, табобатӣ, санаторӣ ва сайёҳӣ бо низом рушд ёфта истодааст. Дар соҳаи сайёҳӣ механизмӣ ҳамоҳангсозии самараноки байниидоравӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Айни замон сиёсати давлатиро дар ноҳияи Варзоб вобаста ба рушди соҳаи сайёҳӣ, муовини Раиси ноҳияи Варзоб оид ба соҳаи сайёҳӣ, ва сохторҳои соҳавӣ татбиқ менамоянд, вале минтақаҳои асосии сайёҳӣ ва ҳудудҳои табиию рекреатсионӣ ба сохторҳои мухталифи давлатию хусусӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ, мансубият доранд.

Бинобар ин, барои самаранок татбиқ намудани мақсадҳои стратегии давлат дар самти мазкур зарур аст, ки дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ва тамоми тарафҳои ҳавасманд оид ба таҳкими заминаи моддию техникии соҳаи сайёҳӣ ва самаранок истифода бурдани иншооти сайёҳии тобеъи идораҳо ва иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон пешниҳодҳои мушаххас таҳия шаванд.

         Барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб пешбинӣ намудани иҷрои як қатор тадбирҳо зарур аст, аз ҷумла:

         Беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори сайёҳии миллӣ ва ноил шудан ба сатҳи муосири фаъолияти онҳо. Бо мақсади муайян намудани ҳолати инфрасохтори сайёҳӣ зимни фарогирии тамоми иншооти бахшҳои хусусӣ ва давлатӣ (меҳмонхонаҳо, минтақаҳои истироҳатӣ, осоишгоҳҳо, кемпингҳо), анҷом додани таҳлилҳои маҷмӯи доир ба самаранокии кор ва мувофиқат кардани ташкили фаъолияти онҳо ба талаботи меъёрию ҳуқуқии соҳаи сайёҳӣ зарур мебошад, аз ҷумла:

         -таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба беҳсозӣ ва такмили инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин меҳмонхонаҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ;

         -идома додани корҳо ҷиҳати таъмини шароитҳои мусоиди сармоягузорӣ барои ширкатҳои дохилӣ ва хориҷие, ки ба рушди инфрасохторҳои сайёҳии ноҳия маблағгузорӣ менамоянд;

         -доир намудани чорабиниҳои ташкилию техникӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди тиҷорати меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳатӣ;

         -таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрӣ оид ба стандартикунонӣ ва сертификатсиякунонии хизматрасонӣ дар тиҷорати меҳмонхонавӣ дар асоси класификатсияи меҳмонхонаҳо.

         Иншооти зерин барои рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар ноҳия муҳим ба ҳисоб мераванд:

         -осоишгоҳи «Хоҷа-Оби-Гарм»;

         -шоҳроҳи «Абрешим» р/а Душанбе-Чанок;

         -хатсайри Хоҷа Сангхок;

         -базаи куҳнавардии «Варзоб»

         -базаи лижаронии «Сафед-дара».

         Бо мақсади васеъ намудани инфрасохтори қабули сайёҳони ватанӣ ва хориҷӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии  сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти идоракунии давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ оид ба бунёди инфрасохтори нави сайёҳӣ дар минтақаҳо мунтазам пешниҳодҳо таҳия карда истодаанд.

         Инчунин, ҷиҳати беҳсозии низоми ташкили сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ ва таъмини хизматрасонии босифат дар бахшҳои саноати сайёҳӣ ва бо мақсади ҳавасмандкунии субъектҳои фаъолияти рушди сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ зарур аст, ки;

         -пешниҳодҳо оид ба соддакунии низоми андозбандӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо назардошти пастшавии меъёри андозҳо аз даромад ва андоз аз арзиши иловашуда барои ташкилдиҳандагони сайёҳии воридотӣ ва дохилӣ, таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод карда шаванд;

         -шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади расонидани кӯмаки саривақтӣ ҳангоми ташкили чорабиниҳо дар самти сайёҳии варзиши куҳӣ, сайёҳии экологӣ ва навҳои экстремалии сайёҳӣ (треккинг, велотурҳо, ҷиптурҳо, шикори хориҷӣ ва дигарҳо), инчунин ҳангоми доир намудани экспедитсияҳои ҷумҳуриявии кӯҳнавардӣ, низоми самарабахш корҳои наҷотдиҳиро дар шароити ба вуқӯъ омадани ҳолатҳои фавқулода таҳия ва таъмин намояд.

         Таъмини фаъолияти пурсамари таблиғотию иттилоотӣ барои пешрави маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори берунаи хизматрасонӣ. Банизомдарории корҳои таблиғотию иттилоотии давлатӣ барои пешрави маҳсулоти сайёҳии миллӣ дар бозори беруна ҳамчун омили муайянкунанда дар таъмини воридшавии мунтазами туристони хориҷӣ ба ноҳияи Варзоб арзёбӣ мегардад.

         Таъмини маблағгузории давлатӣ ва хусусӣ ва иҷрои тадбирҳо барои ҷалби сармоягузориҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба соҳаи сайёҳӣ, тавассути татбиқӣ лоиҳаҳо ва барномаҳои мақсадноки давлатӣ, хусусӣ ва ғайри тиҷоратӣ.

         -иштирок дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалии сайёҳӣ;

         -таъсиси инфрасохтори сайёҳӣ;

         -тайёр кардани мутахассисони соҳа;

         -паст кардани меъёри андози фаъолияти сайёҳӣ дар самтҳои сайёҳии  

           хориҷи ва дохилӣ;

         -ғани гардонидани буҷети ноҳия тавассути истифодаи самараноки

           самтҳои даромадноки сайёҳӣ, истифодаи имконоти сайёҳии             

           давлатӣ дар ин самтҳо, гузаронидани чорабиниҳои куҳнавардӣ ва

           варзишӣ.

         Татбиқи амалии чорабиниҳои номбаршуда ва барномаҳои мақсадноки миёнамуҳлат, метавонад истифодаи самарабахши захираҳои инсонӣ, табиию рекратсионӣ, иттилоотӣ, моддӣ ва техникиро барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар ноҳияи Варзоб таъмин намояд.

         Дар шароити рушди сайёҳии воридотӣ ва дохилии ноҳияи Варзоб, ба иқтисодиёти кишвар маблағҳои иловагӣ ворид гашта, бо назардошти алоқаманд будани соҳа ба дигар бахшҳои иқтисодиёти миллӣ, пеш аз ҳама барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва баланд намудани сатҳи некӯаҳволии мардум таъсири мусбӣ хоҳанд расонд.

Омили муйянкунанда дар ҷараёни татбиқи Барномаи рушди ноҳия Варзоб дар самти рушди сайёҳӣ дар солҳои 2016-2020 мавқеъи фаъол ва касбии роҳбариятӣ мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусие, ки фаъолияти онҳо ба масъалаҳои соҳаи сайёҳӣ вобастагӣ дорад, ба ҳисоб меравад.