Семинари дастурдиҳӣ

  Дар маркази ноҳия рӯзи 16-уми сентябр бо ширкати намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари дастурдиҳӣ оид ба “Тартиби барӯйхатгирии  аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва пур кардани ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирӣ” доир карда шуд. Дар семинар 8-нафар мудирони шуъбаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ , 41-нафар дастурдиҳанда ва назоратчиён иштирок намуданд.

  Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар  бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”  барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

  Дар  семинар Ҳикматзода Мунир-мудири бахши омори ноҳия иштирокчиёнро бо “Дастурамал дар бораи тартиби барӯйхатгирии  аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва пур кардани ҳуҷҷатҳои барӯйхатгирӣ” ошно намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд кард, ки санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи он барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад инҳо мебошанд:

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 –уми майи соли 2009, №523 “ Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ”;

-Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми октябри 2015, №572 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”;

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2016, №511 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба тайёрӣ  ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”;

- Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми сентябри соли 2017, №424 “Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ”;

- Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми сетябри соли 2019,№1356 “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020”.

 

Барӯйхатгирии аҳолӣ барои чӣ лозим аст?

Ҷавоб: Барӯйхатгирӣ- ин амалиёти расмии оморӣ ба ҳисоб меравад.

Барӯйхатгирӣ  барои гирифтани маълумотҳои объективӣ оид ба тавсифи иҷтимоӣ-демографӣ, иқтисодӣ ва миллии аҳолӣ лозим аст. Дар оянда ин маълумотҳо бояд барои беҳдошти вазъият дар мамлакат истифода бурда шаванд.

Маълумотҳои барӯйхатгирӣ ба Ҳукумат барои фаъолияти ҳарчӣ самараноки ташкили дурусти сиёсати иҷтимоӣ кумак мерасонанд. Ин иқдоми сиёсӣ набуда, балки ҷамъиятӣ мебошад.

Иштироки Шумо дар барӯйхатгирӣ-ин саҳми Шумо дар тараққиёти мамлакат мебошад. Ин душвор нест, ба Шумо ягон таҳдид намеоварад. Шумо ягон сабаби дар барӯйхатгирӣ иштирок накарданро надоред.