Чанд соли охир таъбири “экстремизми динӣ” дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Яъне, бо истифода аз номи дин содир гардидани ҷиноятҳои махсусан хатарнок ва даҳшатафкан боиси ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Дарвоқеъ, ҷои таассуф аст, ки аз ин навъи ҷиноят дар баъзе ҳолат на ҳамчун экстремизми динӣ, балки ҳамчун “экстремизми исломӣ” ном мебаранд. Дар ҳоле ки борҳо аз ҷониби уламои дини мубини Ислом, донишмандон ва пажӯҳишгарон собит шуда, ки Ислом ҳар гуна ифроту тафритро шадидан маҳкум намуда, ҷонибдори раҳму шафқат, дӯстиву мурувват, некиву накукорӣ, ҳамзистии мусолиматомез, ҳамраъйиву ҳамдигарфаҳмӣ ва муҳаббату таҳаммулпазирист. Гузашта аз ин, бояд таъкид намуд, ки ҳодисаҳои қатлу куштор ва экстремизму терроризм аз ҷониби ашхос ва ҷомеаи мухталиф содир мешавад. Яъне, миёни экстремистон метавон ҳам намояндагони дини масеҳият, ҳам яҳудӣ, ҳам ислом ва амсоли онро дарёфт. Аз ин лиҳоз, тавъам донистани экстремизм фақат бо дини мубини ислом андешаи ботиле беш нест. Ба қавли Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифротгароӣ ва терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад ва бо ин зуҳуроти нангин омехта кардани ислом кори нодуруст аст. Аммо таҷриба собит месозад, ки танҳо бо гуфтани он, ки “Ислом ҷонибдори даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ нест” наметавон ин мушкили ҷиддӣ ва фаромиллиро аз байн бурд. Зеро дар ҷаҳони муосир гурӯҳ ва равияҳои алоҳидаи манфиатҷӯ бо доғдор намудани номи Ислом ҳар гуна нақшаву амалиёти хунину нангини худро аз номи ин оини муқаддас пиёда месозанд ва Исломро ҳамчун “дини ифротӣ” муаррифӣ менамоянд. Бояд иқрор шуд, ки таърихи Ислом ҳодисаҳои зиёди хушунату ифротгароӣ дар динро, ки аз ҷониби афроди алоҳида анҷом пазируфтаанд, дар ёд дорад. Аммо дар ҳар сурат, ҳеҷ яке аз чунин ҳодисаҳо ба таълимоти Ислом бастагӣ надоранд. Дини Ислом ҷонибдори он аст, ки дар ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ аз усули эътидол ё миёнагароӣ кор гирем. Ин эътидол ё миёнҷигарӣ бояд дар асоси оёти сареҳи қуръонӣ ва аҳодиси саҳеҳи набавӣ, аҳкоми шаръи шариф ва ҳамоҳангии мазоҳиб сурат гирад, то ин ки оромишу осоиш ва сулҳу суботро дар ҷаҳони ислом таъмин намояд. Дар ин сурат мо метавонем бо тарғиби ғояҳо ва арзишҳои олии ислом, хусусан, бо роҳи гуфтушунид ва музокироти сулҳ, баланд бардоштани сатҳи маърифати исломӣ, густариши робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба мақсади гузоштаи худ ноил гардем. Яке аз сабабҳои асосии шиддат ёфтани муноқишаҳо байни мусулмонон ин таассуби мазҳабӣ мебошад. Мусулмонон бештар барои пешбурди кишварҳои худ, ҷаҳони ислом ва дар маҷмӯъ, вазъи умумии сайёра таҳаммулпазирӣ ва мубодила миёни динҳои дигари ҷаҳонӣ ба масъалаҳои усулӣ бояд аҳамият диҳанд ва масоили ҷузъиро дар ҳолати зарурӣ фурӯгузор намоянд. Ба ин хотир, бояд таассуби мазҳабӣ, ки асоси тафриқаандозӣ ва мухолифатҳо миёни мусулмонон аст, коҳиш дода шавад. Дар ҳоли ҳозир, бино ба ақидаи мутахассисони сиёсатшинос ва улуми иҷтимоӣ ифротгароӣ ранги хушунат ба худ гирифтааст ва қассосу интиқомро ифода менамояд. Сабаби ин ҳолат дигар шудани назари одамон ба дин ва даромехтани ибодоту эътиқодот бо сиёсатҳои замон мебошад. Омили дигаре, ки дар бештари кишварҳои мусулмонӣ ба назар мерасад ва ба ифротгароӣ нисбат дорад, ин кам таъмин шудани мардум ба шуғли доимӣ мебошад. Ин омилҳо барои шиддат ёфтани ифротгароӣ дар кишварҳои мусулмонӣ мусоидат намуда, хушунатро бармеангезанд. Агар хушунатро ҳамчун як категория тафсир намоем, он ба ду навъ тақсим мешавад: фикрӣ ва амалӣ. Аз ин дидгоҳ, муҳаққиқон хушунатро як фарҳанги мадҳуш номидаанд, зеро агар рафтор буд, имкони дармони он вуҷуд дошт. Хушунати нофармон ва бадфарҷомро танҳо метавон бо масъалаи такфир муқоиса ва муқобала кард, ки имрӯз ҷаҳони исломро фаро гирифтааст. Такфир фақат як гароиш нест, балки асоси маърифатӣ дошта, маҳз барои барангехтани низоу тафриқа роҳандозӣ шудааст. Ба хотири муайян кардани омилҳои хушунат дар мисоли Тоҷикистон бояд ба нуктаҳои зерин аҳамият дод: - собиқаи таърихии ифротгароии динӣ; - баррасии паёмадҳои ифротгароии динӣ дар ҷомеаи исломӣ ва ҷаҳон; - ифротгароӣ аз назари Ислом ва “Қуръон” ва зиндагии мусолиматомези ақаллиятҳои динӣ дар ҳавзаи исломӣ; - роҳҳои мубориза бо хушунати ақлӣ, амалӣ ва коҳиш додани таассуби мазҳабӣ; - пешгирии ҷалби ҷавонону занон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ; - баррасии паёмадҳои ифротгароӣ дар масъалаи муҳоҷират. Дар сурати омӯзиши амиқ ва баррасии масъалаҳое, ки дар боло гуфта шуд, дар ҷомеаи мадании Тоҷикистон метавон густариши ҳама гуна ифротгароӣ ва даҳшатфиканиро маҳдуд кард. Зеро асли фарҳанги исломӣ сулҳ ва фарҳанги меҳрубониву мадоро аст, ки онро дар ҷомеаи исломӣ бояд тарғибу ташвиқ кард. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда буданд: “Ифротгароӣ, хушунат ва даъват ба терроризм хилофи арзишҳои исломӣ ҳастанд ва боиси бадном кардани дини мубини Ислом ва сабаби густариши исломҳаросӣ мешаванд. Ман дар бисёр мулоқоту суханрониҳои худ доим изҳор медорам, ки экстремизму терроризм, зӯровариву хушунат ва қатлу куштор бо дини мубини Ислом ягон робита ё умумияте надоранд”.

 

Таърих инсониятро на як бору ду бор ба бархӯрдҳои ақидавию фикрӣ рӯ ба рӯ гузоштааст, ки ҳар кадоми онҳо аз талоши кишварҳои абарқудрат барои даст ёфтан ба манфиатҳои бештари геополитикӣ маншаъ мегиранд. Ғолибан аксари чунин баҳсҳои тӯлонии ақидатӣ оқибат бо ноамниҳо дар ин ё он минтақаи аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор ва ҳалокати ҳазорҳо шаҳрванди одии ин кишварҳо анҷом мепазиранд, ки аз ноогоҳии худ думболи ин ё он гурӯҳи манфиатҷӯ мераванд. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки одатан аз гирдоби чунин муқовиматҳо танҳо афроди худшиносу худогоҳ ва ватандӯст берун шуда, аз манфиатҳои миллии хеш ҳимоя карда тавонистаанд. Вале, халқу миллатҳоеро медонем, ки дар ин бархӯрдҳо иттиҳоду ҳамбастагиро аз даст дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро авлотар донистаанд. Онҳо бо ин амалашон ба парокандагиву нобудӣ расида, на танҳо урфу одат ва расму ойини аҷдодӣ, балки миллату забони хешро ба ҳадди нестӣ расондаанд. Мутаассифона, мо тоҷикон низ сарфи назар аз гузаштаи бойи фарҳангӣ чунин зарбаҳои талхи таърихро борҳо дар ҷисму ҷони хеш санҷидаву дар танӯри гарми ин бозиҳои геополитикӣ пухта расида бошем ҳам, вале то ҳол аз онҳо сабақи зарурӣ набардоштаем. Инак, баъди ҳазор сол боз бо талошу ҷонбозиҳои садҳо нафар фарзандони сарсупурда дубора соҳиби давлати соҳибихтиёр гаштем ва дар чунин лаҳзаҳои ҳассос мебояд ҳар кадом аз худ бипурсем, ки мо кӣ будем, кӣ шудем ва ба куҷо равонаем. Зеро раванди ҷаҳонишавӣ мардуми оламро ба як имтиҳони нави боз ҳам ҷиддитар ворид сохта, кишварҳои гуногунро барои ҳимоя аз манфиатҳои миллӣ ба баҳсҳои ақидатӣ кашидааст. Дар чунин шароит мо ба кӣ ва чӣ бояд такя кунем? Аз таърихи бой, вале пурфоҷиаи хеш чӣ сабақ бардорем? Зери кадом ғоя мардуми кишварро ба ояндаи нек роҳбаладӣ намоем? Ин ва дигар саволҳо аз мо - соҳибони ин марзу буми аҷдодӣ ҷавобҳои мушаххас мехоҳанд. Киҳо Синоро кофир хонданд? Ҷои баҳс нест, ки тоҷикон чун миллати бумӣ дар Осиёи Марказӣ таърихи бесобиқае доранд. Ҳам давлатдориро дидаанду ҳам шикасту рехти онро. Садҳо фарзандони диловар барои дар арсаи сиёсӣ боқӣ мондани ному нишони ин миллати куҳанбунёд умри худро сарфи ҷонбозиҳо намуда, зумрае ҳатто ҳаёти худро нисори ин роҳи пуршараф сохтаанд. Бо вуҷуди ин, таърихи гузашта ба мо боз ҳақиқати дигари талхеро бозгӯӣ мекунад, ки то ҳол аз он сабақи дурусте набардоштаем. Тибқи таҳлили воқеаҳои таърихӣ дар тамоми давраҳои ҳассоси тақдирсоз гузаштагони мо манфиатҳои миллии худро бо ақидаҳои диниашон омезиш дода, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда худро ба муқовиматҳои шадиди мазҳабӣ, ки ҳеҷ асосу бунёди миллӣ ва зарурат барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ надоштанд, ворид сохтаанд. Оқибати ин кашмакашҳо бошад, давра ба давра танг гаштани таъсиру нуфузи давлатҳои собиқи тоҷикнишин ва сар даровардани мардуми бегона ба ин сарзамин боис гаштаанд. Ҷои таассуф аст, ки қариб дар ҳамаи марҳалаҳои тақдирсоз мардумони одӣ бо таъсири хурофотпарастон сухани равшани аҳли хирадро нодида гирифта, баръакс бар зидди онҳо қиём намудаанд. Ҳатто дар айни авҷу камоли салтанати Сомониён ин тамоюли манфӣ рӯи кор буд. Аз ҷумла, мутаассибони дин танҳо ба хотири он ки Абуалӣ ибни Сино илмро аз равишҳои абстрактӣ (мавҳумӣ) берун оварда, қариб дар тамоми навъи улум кашфиёти оламшумулеро анҷом дода буд, кофир эълон намуда, борҳо мавриди шиканҷаву озор қарор додаанд. Худи аллома ин нуктаро хеле возеҳ тасвир намуда, мегӯяд: Куфри чу мане газофу осон набувад, Маҳкамтар аз имони ман имон набувад. Дар даҳр чу ман якеву он ҳам кофир, Пас дар ҳама даҳр як мусулмон набувад. Ҳол он ки дар ҳафтсад соли баъдӣ машҳуртарин мактабҳои олии тибби ғарб «Алқонун»-и Синоро ҳамчун ягона маводи илмию таълимӣ истифода намуда, тавассути он тибби тараққикардаи муосири худро ба майдон баровардаанд. Аз таассубҳои мазҳабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хисрав, Ҳилолӣ барин бузургони илму хирадамон низ кам озор надидаанд ва, мутаассифона, садои дардолуди онҳо вобаста ба пешгирӣ аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва заҳри хурофоту гурӯҳбозиҳо шунида намешуд. Аҳмади Дониш чӣ тавр «душмани дину диёнат» шуд Нимаи дуюми асри 19 донишманди маорифпарвар Аҳмади Дониш се маротиба ба пойтахти имперотурии Русия - шаҳри Санкт - Петербург сафар намудааст. Ӯ пешрафти илму фарҳангро дар ин кишвар бо чашми худ дида, аз қафомонии асримиёнагии Аморати Бухоро дар шигифт меафтад. Баъди бозгашт аз Русия хост, ки дар номае аз амир тағйири усули давлатдорӣ ва роҳҳои баромадан аз бунбасти сиёсиро пешниҳод намояд, вале мутаассибони мазҳабӣ садди ҷиддии ин иқдоми аллома гардида, тавонистанд, ки дар назди давлатдорон ӯро сиёҳ ва «душмани дину диёнат» эълон доранд. Бо ғалабаи инқилоби октябрии рус дар соли 1917 агар миллатҳои дигар барои ташкили давлатҳои миллии худ талош варзида бошанд, тоҷикон ба равшанфикрони худ тамғаи «ҷадидӣ» - ро часпонда, онҳоро аз имконияти иштирок дар ҳалли масъалаҳои миллӣ маҳрум сохтанд. Ва ниҳоят дар охири садаи гузашта, ки баъди пошхӯрии империяи шӯравӣ имконияти ташкили давлати навини тоҷикон рӯи даст буд, боз ҳам зиддиятҳои мазҳабӣ ин миллати куҳанбунёдро ба ду сангар ҷудо намуд ва оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Хайрият, талошу ҷонбозиҳои ҷавонмардони асил ин миллати куҳанбунёдро боз ба ҳам оварду хавфи ҷиддии аз байн рафтани давлати тозабунёд пешгирӣ карда шуд. Муқовиматҳои динӣ танҳо хоси мусулмонҳо нест Зимнан, зиддиятҳои мазҳабӣ танҳо хоси давлатҳои мусулмонӣ нест. Аз таърих маълум аст, ки муқовиматҳои мазҳабӣ дар асрҳои 12-14 сокинони давлатҳои имрӯз неруманди - Фаронса, Англия, Олмон, Испания, Италия ва ғайраро низ ба даҳшатҳои гӯшношунид рӯбарӯ сохта буданд. Ҳарчанд қисме аз муаррихон то ҳол «ҷангҳои салибӣ» - ро бар зидди шарқи мусулмонӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии ислом нишон доданӣ мешаванд, вале аз ин набардҳои мазҳабӣ мардумони одии русу кишварҳои назди Балтика, Фину Испания, Фаронса ва империяи Византияи собиқ низ камтар азият надидаанд. Зеро ҷамъбасти ин юришҳо ба муборизаи беамони мазҳабии байни равияҳои гуногуни дини насронӣ табдил ёфта, миллионҳо нафари бегуноҳ қурбони дасисаю фиреби хурофотпарастони насронӣ гашта буданд. Ҳатто дар юриши салибии соли 1212 «падарони рӯҳонӣ» беш аз 30 ҳазор кӯдаки фаронсавию олмониро ба «ҷанги муқаддас» равон карданд, ки аксари онҳо ё ба ҳалокат расиданд, ё ҳамчун ғулом дар бозорҳои дигар давлатҳо ба савдо рафтанд. Баъди чунин юришҳои бемаънӣ, ки даҳсолаҳо идома доштанду кишварҳои ғарбӣ манфиате надиданд, аз пайи омӯзиши илму маориф шуданд. Ғарбиҳо аз шарқ бо худ илм оварданд ва омӯзиши онро вазифаи асосии минбаъдаи худ шумурданд. Эътиқодашон ба осори илмии бузургони форсу тоҷик то дараҷае баланд буд, ки девони фалсафӣ ва тиббии Закариёи Розӣ қариб 300 сол дар Фаронса, дар китобхонаи имперотурӣ алоҳида нигоҳ дошта мешуд. Барои мутолиаи он на танҳо одамони одӣ, балки шоҳи Фаронса пешакӣ як миқдор пули тилло ба гарав мегузошт. Ҳамин тариқ, илму ҳикмати шарқӣ мардуми ҷангзада ва мазҳабии ғарбро аз асри 14 сар карда ба оромӣ ва саодати дунё рӯбарӯ гардонд ва дар тӯли 3 - 4 асри минбаъда онҳо тавонистанд, ки дар тамоми навъи улум ба нуқтаи баланди рушд бирасанд. Вале худи мо - соҳибони аслии илму фарҳанги ҳазорсола чӣ? Ноогоҳии сиёсии ҷавонон онҳоро ба сангарҳо мекашад Имрӯз аз сомонаҳои гуногун хабарҳои ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ гаравидани ҷавонони тоҷикро хонда ва ё аз хусуси ҳамчун «муборизи роҳи ҳақ» ба кишварҳои хориҷӣ рафтанашонро шунида, саволе ба майнаи кас меояд: Оё ин «муборизон» заррае аз таърихи халқи худ, аз марому мақсади дину ойини худ ва ё гуфтаҳои Худованди бузург дар Қуръони карим огаҳӣ дошта бошанд? Оё онҳо дарк мекунанд, ки давлатҳои мутараққии ғарб имрӯз манфиатҳои худро на дар ҷангҳои ишғолгарона, балки аз рӯи назарияи сиёсатмадори машҳури амрикоӣ Збигнев Бзежинский дар ҷангандозии миллатҳои гумроҳу ноогоҳ ва ба ин васила даст ёфтан ба бойигариҳои табиии ин кишварҳо мебинанд? Наход надонанд, ки ба ҷангҳои минтақавии байнихудӣ кашидани мусулмонони кишварҳои гуногун як иқдоми тарҳрезишудаест барои бадном сохтани исломи ноб, ки он дар асл ҳама гуна кушторро маҳкум менамояд. Имрӯз дар муборизаҳои сиёсӣ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде, аз қабили «Ихвон-ул-муслимин», «ал - Қоида», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ», Ҳизби исломии Ӯзбекистон ба майдон омадаанд, ки ҳамарӯза аз ҳисоби ҷавонони минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла тоҷикон низ сафҳои худро пурра менамоянд. Зимнан, қариб ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҷараёни салафия (Ас - салаф ассолиҳин) маншаъ мегиранд, ки аз рӯи таҳқиқоти олимони исломшинос дар асри 18 барои аз байн бурдани нуфузи сиёсии Туркияи Усмонӣ аз тарафи манфиатҷӯёни ғарб таъсис дода шуда буд. Зеро баъди шикаст додани Хилофати араб туркони исломӣ дар тӯли беш аз панҷсад сол тамоми мамолики арабро таҳти таъсири худ нигоҳ медоштанд. Билохира, кишварҳои пешрафтаи ғарб Туркияро аз майдон берун бароварда, ба давлатҳои нафтхези араб роҳ ёфтанд. Имрӯз мебинем, ки маҳз ҳамин давлатҳо зери шиорҳои моҷароҷӯёнаи озодиву демократия боз мақсаду ҳадафҳои нави хешро пиёда месозанд. Аз рӯи хулосаи таҳлилгарони масоили сиёсӣ ҳам ташкили Давлати исломии Ироқу Шом, ҳам нооромиҳои сиёсии Сурияву Ироқ ва ҳам амалҳои террористии вақтҳои охир дар Покистон ва Фаронса рухдода, кори дасти ҳамон манфиатҷӯёни ғарбист, ки бо чунин нақшаҳои моҷароҷӯёна ҷавонони ояндасози шарқи мусулмониро ҳарчи бештар ба гирдоби ҷангҳои хунин кашиданӣ мешаванд. Пас, биёед биандешем, ки «муҷоҳидон»-и тангназари мо аз иштирокашон дар ин кашмакашҳои минтақавӣ ва геополитикӣ чӣ манфиат гирифтан мехоҳанд? Наход зумрае аз ҷавонони тоҷик, ки зери ниқоби «ҷиҳод» худро ба ин нуқтаҳои гарму ноором расондаанд, ягона роҳи дарёфти дарвозаҳои биҳиштро дар ҷангҳои бемаъние бинанд, ки онҳоро давлатҳои ғарб бо мақсади пиёда намудани манфиатҳои стратегии хеш роҳандозӣ менамоянд. Ё онҳо аз ин ҷангҳо суди иқтисодӣ бардоштанианд? Магар воқеаҳои нангини солҳои 90-уми асри гузашта, ки ҳамагӣ бист сол моро аз онҳо дур нигоҳ медорад, аллакай фаромӯш гаштаанд? Не! Ба андешаи мо, маҳз ноогоҳии сиёсӣ ва дараҷаи пасти ҷаҳонбинӣ имрӯз дар давраи бархӯрди манфиатҳо як гурӯҳ ҷавонони моро ба сангарҳои гуногуне кашидааст, ки суду зиёни он то ҳол на ба худашон маълум асту на ба дигарон. Шароит ва вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз бошад, махсус аз наврасону ҷавонон тақозо дорад, ки худро ба хотири ояндаи фирӯзашон ҳарчи бештар бо донишҳои баланди диниву дунявӣ мусаллаҳ созанд. Охир Худованди бузург ҳам аввалин каломеро, ки тавассути Паёмбари замон (с) ба бандагони худ ирсол намуд, бо «иқраъ» («бихон») оғоз намудааст, ки зери он ҳақиқати зиёде ниҳон аст. Яъне, ҳама саодату накуӣ ва донистани асрори неку бад тавассути омӯзиш ба даст меояд. Ва дар ҳадиси шариф низ омадааст, ки «Илмро талаб кун, агарчи дар Чин бошад». Магар барои инсони соҳибақл аз ин дида роҳнамои беҳтаре ҳаст? Набояд фаромӯш сохт, ки имрӯз мо дар асри иттилоот ва рушди бесобиқаи технологияи иттилоотӣ зиндагӣ дорем. Дар набардҳои иттилоотии имрӯза танҳо касоне ғолиб меоянд, ки аз донишҳои замонавӣ ҳарчи бештар бархӯрдор бошанд. Ба ақидаи дигар, имрӯз вақти он расидааст, ки ҷавонони мо ба хотири дифоъ аз арзишҳои волои миллию динии хеш рӯ ба китоб биёранд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба душманони ғоявиашон на бо зӯри силоҳ, балки бо сеҳри сухани асосноки илмӣ ҷавоби қотеъ гардонда тавонанд. Бояд иқрор шуд, ки дар фазои сулҳу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз барои илм- омӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Вале як зумра ҷавонони ноогоҳи мо ба ҷойи китоб хондану соҳибихтисос гаштан, умри азизи худро сарфи амалҳои ғаразноки манфиатҷӯён намуда, ҳам худу ҳам пайвандонашонро ба ташвиш меоранду ҷомеаи тинҷу осудаамонро ба сӯи нооромиҳо кашиданӣ мешаванд? Наход то ҳол надонанд, ки дӯст кисту душман кӣ? Биёед дар ин хусус боз як бори дигар якҷо биандешем.

                                           

 Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон мехоҳанд, ин ҳодисаҳои таърихиро таҳриф карда, давлатдории манғиту хонҳои муғулро дар ин мантиқа давлатдории тоҷикон ном баранд, ки ин аз ақли солим берун аст.  Туркия дар мантақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои сиёсии худро дорад ва тақлиди кӯр-кӯрона аз таҷрибаи он метавонад фарҳанги миллии тоҷиконро фалаҷ кунад, зеро ин ҷо таҳмили фарҳанги бегона ба ин мардум бештар мегардад ва ин падидаи нав набуда, таърихи ҳазорсола дорад. Дунявияти Туркия мавриди тақлид нахоҳад буд. чаро имрӯз Туркия барои рушди маориф дар Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст? Гӯё, ки Тоҷикистон худ барои рушди маорифи миллӣ имконият надорад. Мо низ бетаҳаммулона барои интишори фарҳанги туркӣ имкониятҳои зиёд фароҳам овардаем. Дар ҳоле, ки Туркия маҳдуд кардани интишори фарҳангу забони миллатҳои дигар, аз ҷумла забони форсиро дар сатҳи давлатӣ қабул карда буд. Дар асри 20 баъди озод шудан аз мустамликаи давлатҳои Аврупои халкҳои мусулмон шаклҳои анъанавии давлатдорӣ яъне монархӣ ва ё умумиҷумҳуриявиро ихтиёр карданд. Дар айни замон шакли ҷумҳуриявии давлатдорӣ аз низомҳои гуногун, яъне низоми исломӣ ва дунявӣ иборат аст. Масалан Арабистони Саудӣ шакли монархия, Покистон, Эрон шакли исломӣ, Туркия ва кишварҳои пасошуравии Осиёи Маркази шакли ҷумҳурии дунявии давлатдориро интихоб карданд. Ҳамчунин дар кишварҳое, ки низоми дунявии давлатдориро интихоб карданд, таносуби дину дунявият бо баъзе вижагиҳои хос амалӣ гардидааст. Истиқлолияти миллию давлатӣ дар кишварҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ дар баробари болоравии худшиносии миллӣ ва динӣ мусоидат кардан, барои ин кишварҳо мушкилоти навро эҷод намуд. Азбаски эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллию динӣ яке аз муҳимтарин заминаҳои маънавии истиқлолияти миллию давлатӣ маҳсуб меёбад, ҷомеа ба таъриху фарҳанги гузаштаи худ таваҷҷӯи бештар зоҳир намуд. Вале муносибат ба таърих, ба фарҳанги миллӣ ва динӣ дар ин давра ба мавзӯи баҳси тӯлонии миёни доираҳои зеҳнӣ, динӣ, ва сиёсӣ табдил ёфта, то ҳол андешаи ягона доир ба масъалаи нақши арзишҳои миллию динӣ дар рушду такмили давлати миллӣ вуҷуд надорад. Махсусан мақом ва нақши ислом дар ҳаёти сиёсӣ- иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва сатҳи таъсиру нуфузи он ба қишрҳои мухталифи он ба ин дам мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор нагирифтааст. Зеро имрӯз ислом ҳамчун дин арзиши фарҳангӣ- маънавӣ ба сифати яке аз омилҳои амнияти мантақа аҳамияти хоси сиёсӣ касб кардааст. Азбаски ислом бо фарҳанги миллӣ дар тӯли таърих печида ташаккул ёфтааст ва ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ дар қатори арзишҳои миллӣ дар давлати миллӣ метавонад нақши мутаҳидкунанда бозад. Дар айни замон аз як тараф аз он гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ҳамчун омили сиёсӣ барои расидан ба қудрат истифода баранд, аз тарафи дигар давлатҳои абарқудрати дар кишварҳои мусулмонӣ манфиатдор низ барои ноором сохтани вазъи сиёсии ҷомеа ва баъд ворид шудан ба он исломро истифода мекунанд. Аз ин рӯ, масъалаи дастгирии ташкилотҳои динӣ аз ҷониби баъзе давлатҳо ё бо дасти давлатҳои дигар дастгирии ин ҷараёнҳо дар Осиёи Марказӣ як амали муқаррарӣ шудааст. Маълум аст, ки низоми сиёсии ҳамаи кишварҳои пасошӯрвии ин мантақа дунявӣ аст ва дар ин давлатҳо ҳеҷ кадом дин ба сифати идеологияи давлатӣ пазируфта нашудааст. Маълум аст, ки дунявият бисёрақидатӣ, заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳоло дар ин кишварҳо ислом аслан дар се шакл амал дорад: - исломи маросимӣ, ки миёни мардум бештар нуфуз дорад. - исломи ҳамчун тарзи зиндагӣ, ки хоси қишрҳои муайяни рӯҳоният аст. - исломи сиёсӣ, ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ- диниро ташкил медиҳад. Дар вақтҳои охир таблиғи сохти дунявияти Туркия ва умуман тақлиди кӯр- кӯрона аз он хеле ривоҷ ёфтааст, ки cабабҳои худро дорад. Туркия ягона давлате, ки таҷрибаи дунявиятро дар миёни кишварҳои мусулмонӣ дар амал татбиқ кард, дар ҳоле ки чунин андеша барои мусулмонон умуман бегона ва ғайриимкон дониста мешуд. Ин идеяро Камол Отатурк аз фазои холӣ нагирифта буд, балки барои он заминаҳо мавҷуд буданд: 1.Таъсири ниҳодҳои идеологии ғарб ҷиҳати таҷрибаи татбиқи дунявият дар кишварҳои мусулмонӣ. 2.Фаъолияти идеологҳои ҷавони Турк ба монанди Иброҳим Шинасӣ, Намин Кемал, Али Суавӣ, Фитрат ва ғ. ки дар интишори ин идея саҳм доштанд. Махсусан идеяи Зиё Гекалп (1875-1924) дар андешаи сиёсии Камол Отатурк таъсири ҷиддӣ дошт. Маҳз идеяи Гекалп доир ба давлати миллии туркӣ бо муайян намудани сарҳад, ва аҳолии туркзабон ва ҳокимияти туркӣ тамоми туркҳоро ҷамъ овард. Меҳвари идеологияии ин давлат принсипи «як давлат», «як миллат», «як забон» гардид. Гекалп ҳанӯз солҳои 1908 идеяи ҷудо кардани дин аз давлатро ба таври қотеъона ва ҳамаҷониба дастгирӣ карда, идеологияи олии аз нав«эҳё кардани туркия баъди шикасти империяаш» дар асоси татбиқи дастовардҳои тамаддуни ғарбӣ барои ҷомеа пешниҳод намуд. Гекалп мегӯяд: Асри мо асри ҳукмронии андешаи миллӣ ва фарҳанги миллӣ аст. Миллати турк мисли миллатҳои дигар фарҳанги миллӣ, фарҳанги тоисломӣ ва исломии худро дорад ва туркҳо на танҳо онҳоро бояд ҳифз кунанд, ҳамчунин фарҳанги миллии туркӣ: забон, урфу одат ва маросимҳои миллиро дар манотиқи дигар бо ҳар роҳ бошад интишор намояд.Ин идеяро баъдан натсистҳои фашизм низ татбиқ карданд. Вале фашистҳо ин идеяро бо роҳи зӯроварӣ татбиқ карданд.Туркҳо бошанд идеяи мазкурро аз тариқи маблағгузории барномаҳои илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва динӣ дар зери шиори «туркизм» ва ба он мувофиқ сохтани таълимоти исломӣ нақшаҳои сиёсии худро пиёда сохт. Туркизм исломро танҳо ҳамчун унсури фарҳанги миллӣ барои эҳёи идеологияи миллӣ мавриди истифода қарор додаст, на аз ин бештар. «Агар мо хоҳем ба давраи ҷаҳолат бар нагардем динро бояд тавре ислоҳ кунем, ки манфиату хусусиятҳои миллии моро ҳифз кунад ва барои талаботҳои ҷомеаи мо ҷавобгӯ бошад. Аз ин рӯ, мо бояд анъанаҳои таърихи исломро омӯхта, арзишҳои ба тамаддуни муосир мувофиқро қабул ва такмил диҳем. Яъне исломро на ҳамчун фарҳанги мустақил ё қисмати таркибии фарҳанги миллӣ, балки як унсури иловагӣ барои инкишофи андешаи миллӣ бояд қабул кард, ки он минбаъд ин заминаи ақидатии бунёди давлати миллӣ- дунявии туркӣ шуд. (Гекалп З. «Турция и его национальная идея»). Дар сатҳи назария миёни миллатгароии туркӣ ва исломӣ ягон зиддият мавҷуд нест, зеро яке «туркизм» ба сифати омили миллӣ ва дигаре «ислом» ба сифати омили байналмиллалӣ пазируфта шудааст. Аз ин рӯ, туркгароӣ исломро асосан воситаи мубориза ба худшиносии миллии миллатҳои ғайритурк истифода мебарад. Бо назардошти ҳамин принсипи туркизм соли 1928 мақоми конистутсионии дини ислом ҳамчун дини давлатӣ аз байн бурда шуд. Бо ин амал Туркия барои ҳамкорӣ бо ғарб роҳ кушод ва тавонист дар рақобати бозори истеъмолии кишварҳои ғарбӣ ворид гардад ва мавқеъи худро дарёбад. Барои кишварҳои ғарб ва ИМА Туркия ҳамчун кишвари татбиқи таҷрибаи дунявият ва идеяҳои ғарбгароӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, нуфуз пайдо кардани туркҳо дар Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ то андозае аз заҳмат ё бурди туркҳо бошад, аз тарафи дигар натиҷаи татбиқи сиёсати ИМА ва Ғарб дар Шарқ мебошад. Азбаски бо сабаби пош хӯрдани империяи Шуравӣ ИМА ва Ғарб имрӯз сиёсати худро дар кишварҳои мусулмонӣ бе миёнарав амалӣ карда истодаанд, Туркия мақоми пешинаи худро аз даст дод ва дигар аз ҷониби онҳо ҳамчун кишвари татбиқи андешаҳои сиёсӣ дар Шарқ моҳияташро аз даст дод, инро воқеаҳои соли охир собит карданд. Ҳарчанд аксари мардуми кишварҳои Осиёи Миёна аз нигоҳи эътиқодӣ мусулмонанд, вале чуноне, ки аз таҷрибаи таърихӣ бармеояд, нақши омили динӣ- мазҳабӣ дар барангехтани низоъҳои қобилавию миллӣ аз байн нарафтааст. Хусусан туркҳо дар Осиёи Марказӣ аз ин омил барои худ манфиат бештаре бардоштанд. Омили динӣ барои туркҳо ҳам ба сифати барангехтани низоъҳои динӣ- мазҳабӣ дар миёни миллатҳои ғайритурк ва ҳам ба сифати муттаҳид сохтани халқҳои мусулмони мухталиф истифода шудааст. Пас савол ба миён меояд, ки чаро имрӯз Туркия барои рушди маориф дар Тоҷикистон кӯшиши зиёд ба харҷ дода истодааст? Гӯё, ки Тоҷикистон худ барои рушди маорифи миллӣ имконият надорад. Мо низ бетаҳаммулона барои интишори фарҳанги туркӣ имкониятҳои зиёд фароҳам овардаем. Дар ҳоле, ки Туркия маҳдуд кардани интишори фарҳангу забони миллатҳои дигар аз ҷумла забони форсиро дар сатҳи давлатӣ қабул карда буд. Ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта як барномаи дурнамои сиёсӣ барои мақом ва нақши Туркия дар рушди иқтисодӣ- иҷтимоии давлатҳои ғайритуркӣ таъсис дода шуда буд, ки масъалаҳои зер дар бар мегирифт: 1. Баланд бардоштани таъсири исломи мӯътадил барои танг кардани фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷараёнҳои исломӣ. 2. Таҳким бахшидани нақши ташкилотҳои динӣ ва фондҳову барномаҳои махсус дар давлатҳое, ки ба доираи манфиатҳои Туркия дохиланд: 3. Таблиғ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ бо назардошти манфиатҳои давлати миллӣ. Агар аз нигоҳи сиёсати давлати Туркия ва муносибати онҳо бо ислом нигарем ду роҳу усули асосии татбиқи исломро мушоҳида мекунем: 1.Исломи сиёсиро барои ҳифзи арзишҳои миллӣ- туркӣ дар миёни фарҳангҳои ғайр истифода бурдан. 2. Аз ҷониби Туркия истифода кардани омилҳои исломӣ дар мубориза бо қавму мазҳабҳои ғайритуркӣ ба хусус бо курдҳои шиа ва арманиҳо. Дар айни замон бояд гуфт, ки ҳарчанд ислом аз ҳаёти сиёсии кишвари Туркия берун шуд, вале таъсири он дар ҳаёти сиёсӣ бартараф нагардид ва бо мурури замон тақвият ёфта истодааст. Демократия имконият дод, ки ташкилотҳои нави динӣ, ҷараёнҳои пинҳонӣ ва дигар ҳизбҳое, ки тарғиби исломро тақвият медоданд,ташкил шаванд.Дар раванди бисёрҳизбӣ исломиён бо истифода ва дастгирии ҳизбҳои дунявӣ дар ҷомеа таъсир мерасонданд. Ҳарчанд солҳои 1980 бо қувваи низомиён, ки кафолати пойдории давлати дунявӣ ба ҳисоб мераванд ҳаракатҳои исломӣ пахш мешуд, вале воқеъият нишон дод, ки заминаҳои исломи сиёсӣ устуворанд. Муносибат бо ташкилотҳои динӣ ва умуман бо дин дар ҳаёти маънавии ҷомеаи Туркия ва зиёда аз ин ҳамчун омили асосии маърифати сиёсӣ ва унсури идеологияи системаи сиёсии Туркия боқӣ монд. Ба ҳам омадани фарҳангӣ аврупоӣ бо фарҳанги исломӣ ва миллии туркҳо дар ҳаёти Туркия системаи сиёсиву иҷтимоии наве, ки ҳам принсипҳои демократии Еврупо ва ҳам исломиро дар бар мегирад, ташаккул ёфт. Дар ибтидо Камол Отатурк исломро ҳамчун омили карахткунандаи рушди иқтисодӣ дар ҷомеа маҳдуд сохт. Аммо маҳдуд кардани доираи фаъолияти ташкилотҳои динӣ барои пайдо шудан ва амал кардани ташкилотҳои ғайриқонунӣ ва пинҳонӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар ҳақиқат мафҳуми дунявият то ҳол барои мардуми авом нофаҳмо мондааст. Шояд дунявият дар Аврупо ба тағйир додани муносибатҳои ҷамъиятӣ, сиёсӣ- иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ таъсир расонида бошад, вале дар он шакли татбиқи он дар Туркия ғайриимкон буд, зеродар ин ҷо шакли дигари тафаккур ва муносибатҳои ҷамъияти вуҷуд дошт. Ислом дар ҳаёти мардум таъсири зиёд дошт ва қариб тамоми масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангию ахлоқӣ дар чорчӯбаи ислом амалӣ мешуданд. Бо вуҷуди ҳамин хам давлат тӯли даҳсолаҳо хеле кӯшиш ба харҷ дод, то ҷомеаи дунявии мушобеҳ ба ғарбро созад, вале воқеаҳои солҳои охири Туркия нишон доданд, ки татбиқи низоми дунявӣ дар Туркия ба мушкилотҳои зиёд рӯ ба рӯ омадааст. Чунки ҳамаи ин ислоҳотро асосан теъдоди ками мардуми мансабдор пайгирӣ мекарданд, аксарияти мардум бошад дар сатҳи ҷомеаи суннатӣ зиндагӣ мекард. Дар натиҷа дунявият дар доираи маҳдуди мансабдори он маҳдуд монд. Ҳарчанд аксарият заъиф гардидани исломро интизор буданд, аммо дар солҳои 60-80–и асри гузашта раванди ворид гардидани ислом дар ҳаёти сиёсии ҷомеа бештар шуда, марказҳои таълимӣ, иттиҳодияҳои динӣ ва марказҳои хайрия ташкил ёфтанд. Илова бар ин дар майдони муборизаҳои сиёсӣ миёни ҳизбҳо барои ишғоли ҳарчи бештари курсӣ дар Парлумон нақши ислом аз пешина бештар гардид. Зиёда аз ин баъди солҳои 80- ум ҳизбҳои дунявӣ низ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз ислом истифода мебурданд ва баъдан ин як амалӣ муқаррарӣ гардид. Дар ин раванд исломиҳо низ соҳиби таҷрибаи бой шуданд, ки дигар онҳоро ба назар нагирифтан ғайриимкон буд. Бо қувват гирифтани ҳизбҳои динӣ ашаддитарин душмани онҳо артиш, ки кафили пойдории давлати дунявӣ буд, тадриҷан бо исломиҳо на танҳо муносибатҳои ҳасана ба роҳ монд, ҳамчунин имрӯз баъзе aфсарони олирутбаи артиши Туркия ин идеяро барои ҷомеаи Туркия қобили қабул намеҳисобанд. Дар натиҷа ҳизбҳои исломӣ дар интихоботҳо бе ягон мамониат овози бештарӣ мардумро ба даст меоранд. Аз ин рӯ, аз ин таҷрибаи Туркия давлатҳои пасошӯравӣ бояд барои худ бардошт кунанд. Пеш аз ҳама онҳо барои ҳифзи манфиатҳои давлати дунявӣ корҳои зеринро бояд аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим дароранд: 1Танзими фаъолияти ташкилотҳои динӣ. 2.Пиёда сохтани барномаи давлатии маорифи динӣ дар кишвар. 3.Ба низом даровардани табъу нашри маводи динӣ, фаъолияти ташкилотҳои хайриявӣ ва мақсаднок истифода намудани онҳо. Туркия дар зери таъсири фарҳанги Аврупо аз нигоҳи ҷаҳонбинӣ ва технологӣ хеле пеш рафт, ки ин ба тафаккури динии мардум низ таъсири худро дошт. Ҷомеаи Туркия дар давоми 70-соли даврони карахтии Осиё ҳамаҷониба пеш мерафт ва чандин ислоҳотҳо дар соҳаи дин амали сохт ва таълимоти диниро ба талаботҳои рӯз мувофиқ кард. Аммо, нуқтаи асоси барои мо он аст, ки Туркия дар мантақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои сиёсии худро дорад ва тақлиди кӯр-кӯрона аз таҷрибаи он метавонад фарҳанги миллии тоҷиконро фалаҷ кунад, зеро ин ҷо таҳмили фарҳанги бегона ба ин мардум бештар мегардад ва ин падидаи нав набуда, таърихи ҳазорсола дорад. Аз ин бармеояд, ки кушодани марказҳои гуногун аз ҷониби Туркия ва маблағгузории барномаҳои мухталиф пеш аз ҳама бо мақсади ҳифзи манфиатҳои геополитикии Туркия пиёда мегардад. Яке аз роҳҳои ворид гардидани туркизм ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла ба Тоҷикистон омили динӣ мебошад, зеро туркҳо бо мардуми ин мантиқа мазҳаби муштарак доранд. Фаромӯш набояд кард, ки маҳз туркҳо бо дастгирии арабҳо ва истифода аз омили мазҳабӣ давлати Сомониёнро барҳам заданд. Ҳамон вақт маҳз омили мазҳабӣ тоҷиконро аз давлатдории миллӣ бенасиб кард. Имрӯз баъзе аз муҳаққиқон мехоҳанд, ин ҳодисаҳои таърихиро таҳриф карда, давлатдории манғиту хонҳои муғулро дар ин мантиқа давлатдории тоҷикон ном баранд, ки ин аз ақли солим берун аст. Чунин як имтиҳони таърихӣ боз баъди 10 аср ба сари мо тоҷикон омад ва бозии навбатии ашхосе, ки туркҳо онҳоро тайёр карда буданд бо мардуми тоҷик ба чи анҷом ёфт. Маҳз ҳамин дастпарварони туркҳо мардуми ин мантиқаро ба гирдоби баҳсҳои сохтаи мазҳабӣ кашиданд, ки барои тоҷикон оқибатҳои нангин овард. (Таърихи инқилоби Бухоро С. Айнӣ 1917). Чанд лаҳза ба давраи таърихӣ бармегардем, то ин масъала равшантар гардад. Ҳанӯз аз соли 1912 ҳаракату марказҳои зиёд таъсис ёфтанд, ки мақсади асосии онҳо муайян намудани мавқеи мусулмонони Туркистон дар оянда буд. Моҳи апрели соли 1917 дар шаҳри Тошканд аввалин ҳаракати сиёсӣ «Туркистан мусулмон маркази шурасӣ» (Шурои марказии мусулмонони Туркистон) таъсис ёфта, баъд дар заминаи он «Шуройи исламийа» ва «улама джамийати» ташкил ёфта буд. 26 апрели соли 1917 «Шуройи исламийа», конгресси «Туркистан мусулмонлари биринчи қурултай»-ро барои муайян намудани ояндаи Туркистон даъват намуд. Дар ҳамаи ин ташкилотҳо ягон тоҷик роҳбар набуд. Баъдан ҳизби сиёсии Осиёи Миёна «Турк одама марказийат партийаси» ( Партияи марказии мардумони турк) таъсис ёфт, ки на танҳо мавҷудияти тоҷиконро эътироф накард, балки онҳоро дар ин мантиқа аз доираи ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва динӣ тамоман канора карданд ва дар даврони тақсимоти ҳудудӣ дар Осиёи Миёна тоҷикон умуман ягон нуфузи муайянкунанда надоштанд. Боз ҳамин хатогии таърихиро такрор карданд. Яъне ибораи ҳазорсолаи пеш бартарияти миллат аз нав эҳё гардид, ки тоҷикон, натавонистанд муҳимтарин унсури ояндаи зиндагии худро муайян кунанд, боз ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ қурбон шуданд. Имрӯз тааҷубовар он аст, ки чаро бештаре аз ба ном зиёиву донишмандони миллати ин масъаларо дуруст дарк накардаанд, ки андешаҳои «почтенного» Фатҳулло Гюленро, ки мағз андар мағз хусусияти туркгароӣ дорад ва синтези андешаҳои фарҳанги туркӣ бо фарҳанги аврупоӣ мебошад, мисли пешин боз бар мардуми тоҷик таҳмил мекунанд. Ин зиёиён то ҷое аз худ бегона шудаанд, ки гуё танҳо идеяҳои Фатҳулло Гюлен дунёро наҷот медодааст ва инро дар ҷомеа таблиғ мекунанд, чанд ҷумла аз андешаҳои олими тоҷик Одил Нодир дар бораи ин наҷотдиҳандаи зикр мекунам: «…И проведя маленькую работу, охвативаюшую основопалагающие принципы двежения Гюлена, которые, я думаю, являются гарантией мира и согласия на земле, и другие, вызвавшие мой интрес, темы я подумал, что будет важным и полезным поделиться с ними в первую очередь с нашими государственными деятелами и научными кругами, а затем и с народом Таджикистана», Книга «Идейние пространство Гюлена» О. Нодир 2010. Шояд баъзе зиёиёни тоҷик дар тарғиби идеяи туркизм манфиати шахсии худро дошта бошанд, вале тарғиби ин идеяҳо ба фарҳанги миллӣ ва давлатдории тоҷикон метавонад зиён оварад ва чунин андешаҳо барои ягон тоҷик дастурамали корӣ нахоҳад шуд. Агар ин идеяи пешқадами Гюлен ба сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ меовард, шояд онро дар ҳалли мушкилоти дохилии Туркия, аз ҷумла, муноқишаҳо бо курдҳо, арманиҳо ва миллатҳои дигар татбиқ мекарданд. Вале мебинем, ки ин тавр нест. Хуб мешуд, ки мо аз таҷрибаи давлатҳое, ки бо мо муносибатҳои беғаразона доранд, ба мисли Ҳиндустон, Малайзия ва ғ. бештар бардошт намоем, зеро дар ин кишварҳо халқу миллатҳои гуногун, пайравони адёни мухталиф зиндагӣ доранд. Масалан Ҳиндустон мақсади таҳмили фарҳанги миллии худро болои тоҷикон надорад, зеро робитаҳои иқтисодӣ барои ин кишварҳо муҳимтар аст. Илова бар ин дар давлати дунявии Ҳиндустон ҳамаи дину мазҳаб ва миллатҳо, новобаста аз ақалият ё аксарият будан ҳама баробарҳуқуқанд. Аз ҳамин нигоҳ омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи давлати Ҳиндустон барои мо мувофиқтар аст. Аз ин бармеояд, ки Тоҷикистонро зарур аст, низоми дунявияти худро бо назардошти хусусиятҳои фарҳангӣ, миллӣ ва сатҳи маърифати динию дунявии мардум ироа намояд, зеро тақлид ва ё ба таври механики нусхабардорӣ кардани таҷрибаи дигарон метавонад қувваҳои наверо ба майдони муборизаҳои сиёсӣ-идеологӣ кашад, ки дар ояндаи барои давлати миллӣ мушкилоти нав эҷод намоянд.