Терроризм зуҳуроти мураккаб аст. Мавқеияти сиёсӣ ва иҷтимоии он ба ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ идеологӣ ва ҷаҳонбинӣ пайвандӣ дорад.

Саҳифаҳои таърихи инсоният ҳеҷ гоҳ аз амалҳои зишти террористон холӣ набудааст. Террору одамкушӣ дар тӯли таърих бо шеваҳои гуногун аз худ дарак додааст. Террористон манфиатҳои миллию давлатиро ба эътибор намегиранд.

Онҳо аз сохти давлатие ҳимоят мекунанд, ки ба андешаашон ҷавобгӯйи аҳкоми динӣ ва мазҳабӣ мебошад.

Баъди шикасти «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин ташкилоти террористӣ давлатҳои Аврупоро ба майдони амалҳои террористии худ табдил дода истодаанд.

Баъди шикасти «Давлати исломӣ» дар Сурия ва Ироқ як қисми ҷангиёни ин созмонҳои террористӣ бо роҳҳои гуногун ба Афғонистон оварда шудаанд. Дар музофотҳои Шимолии Афғонистон террористони созмони «Давлати исломӣ» мавқеи мустаҳкам доранд ва сафи он аз ҳисоби ҷалби ҷавонони маҳаллӣ пурра мегардад.

Дар Сурия ва Ироқ шикаст хурданӣ ДОИШ танҳо шикасти ҳарбист. Шикасти ҳарбӣ маънои ҳамчун тарҳи сиёсӣ, чун бренде, ки руҳу мағзи ҳазорон ҷавонони мусулмони суннимазҳабро ҷалб мекунад, аз байн рафтану нест шуданро надоранд.

Солҳои навадуми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон даврони мубориза ба экстримизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор фарзандони миллат ҷони худро аз даст доданд. Баҳри мубориза бар зидди терроризм ва экстримизм асоси ҳуқуқӣ лозим буд. Бинобар ин, соли 1999 барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстромизм як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул шудаанд.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстримизм ва терроризм» ба тасвиб расид. Қабули ин қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстримизмро фароҳам овард.

Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст. Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон соли 2015 аз 3 ҳазору 233 ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷӣ кишвар таҳсилот мекарданд, беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан гардонида шудаанд.  Ин раванд дар кишвар идома дошта, қариб ҳамаи чунин донишҷӯён ба ватан баргардонида шуданд.

Ҳамчун фарди солимақл ва Ватандӯст бояд ҳар шаҳрванди кишвар, барои Ватан-модарро аз чунин заҳрпечаке, ки ҷаҳонро фаро гирифтааст бояд эҳтиёт намуда, нагузорем, ки нисбати сиёсати имрӯзаи давлат суханони ноҷо бигӯянд. Ватани азизе, ки боре аз чунин дасисаандозиҳо қариб буд, ки ба нестӣ мерафт, гиромӣ дошта, онро барои ояндагонамон ҳамчун давлати мутараққӣ ва тамаддунофар боқӣ бигузорем. Хоки онро аз қудуми наҳси душманони миллат ва ислом покиза дорем!        

 

Т. Шокирова

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ

ва робита бо ҷомеа