ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ ҲУҶАСТАПАЙ ДАР НОҲИЯИ ВАРЗОБ

        Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз ва идомаи тадбирҳои созанда ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, инчунин, татбиқи ҳадафҳои солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия 15 иншооти таъиноти гуногуни иҷтимоӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар ин замина беш аз 40 нафар соҳиби ҷои кор гардиданд.

       Мо бояд шукрона аз он кунем, ки  барои оммавӣ шудани Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ шудани он хизмати шоистаю босазои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хело бузург аст. Ин моро ба он ҳидоят мекунад, ки ба гузаштаи дури худ бори дигар назар андозем ва баҳри пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ дучанд меҳнат намуда, ба қадри арзишҳои маънавии миллат ва неъматҳои бузурги даврони истиқлолият расем.

       Ба  муносибати Ҷашни Наврӯз  санаи 22-уми марти соли 2021 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ҷамъомади тантанавӣ  баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин Усмон, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Фозил, аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдализода Носир, ходими давлатӣ,  собиқадор- Салимзода Шерхон Одина, роҳбарони ҳифзи ҳуқуқи ноҳия-раиси  суд- Воҳидзода Раҷабалӣ, прокурор- Илёсзода Хайриддин, сардори  амният Акобиров Саидҷон,  сардори ШВКД Саидзода Раҳматулло, собиқ раисони ноҳия Абдуваҳҳоб Саидмуродов, Насриддин Ибодов, собиқадорони меҳнат, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ноҳия, ҷавонон ва волонтёрон иштирок намуданд.

         Дар оғози чорабинии идона, дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг  намоиши маҳсулот, дастовардҳои аҳли ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, таомҳо ва бозиҳои миллии варзишӣ чун анъанаҳои неки наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд, ки меҳмонон нахуст аз онҳо дидан намуданд.

Ҷамъомади идона бо сухани ифтитоҳии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидзода Ҳабибулло бо расонидани Паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид. Мавсуф  сокинони ноҳияро ба муносибати љашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта,  ба ҳамагон рӯзгори ободу осуда, хотирҷамъӣ ва ба Ватани азизамон сарсабзию шукуфоӣ ва сулҳу осоиши пойдор таманно намуданд.

         Сипас раиси ноҳияи Варзоб Шерализода Муҳамадулло Умар бахшида ба љашни Наврӯз сокинони ноҳияро табрик намуда, қайд кард, ки Наврӯз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангиаш  эҳё гардида, ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо-тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.

       Баъдан таъкид намуданд, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Наврӯз ҳамчун бузургтарин ойини мардумӣ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки таърихи беш аз шашҳазор солро дар бар мегирад, ҳамчун рамзи сари сол, яъне айёми баробаршавии шабу рӯз, эҳёи табиат, оғози мавсими кишту кор, ибтидои корҳои саҳроӣ ва фаъолияти кишоварзон ҷашн гирифта мешавад».

       Ба ифтихори чорабинии мазкур аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия  ва ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ барномаи бошукӯҳи идона ва рангини ҳунарӣ, ки бо ситоиши Наврӯз, баҳор ва зебоию  шукуфоии табиат бахшида шуда буд, пешкаши ҳозирин гардида  шуд.    

 ОРИФҶОН ОЛИМЗОДА,

мудири бахши Хадамоти муњољират дар ноҳияи Варзоб