Терроризм, ки ба унвони даҳшатафканӣ аст, ба ҳар гуна амал ё таҳдид барои тарсонидан, осеб расонидан ба шаҳрвандон мебошад. Имрӯз терроризм хусусияти глобалӣ дошта, дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман густурдааст.” Терроризм бе ш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри 21 табдил ёфтааст”, - таъкид кардаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан, ҳам терроризм имрӯз яке аз таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо ва мардуми сайёра гаштааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини суботи миллии хеш аҳамияти бузург медиҳад ва ин омил барои ҳар кишвар аз омилҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Имрӯз дар қатори таҳдидҳои асосии бехатарии миллии терроризми байналмиллалӣ ва ифротгарои ҷо гирифтааст. Амнияти кишварҳои зиёд имрӯз таҳти зарбаҳои терроризму ифротгароӣ қарор гирифтааст, ки талафоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавиро ба бор оварда, шумораи зиёди ашхоси бегуноҳ дар ин дасисаҳо кушта мешаванд. Такя бар ин, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ҳамеша таъмини бехатарӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб мегардад.

Дар баробари ба даст овардани комёбиҳои зиёди ҷумҳурӣ дар иқтисодиёт, сиёсат ва илм , дар миёни мардум афроде ҳастанд, ки обрӯи Ватан ва миллатро ба пастӣ меоранд.
Ба ҷавонон бояд ҳамарӯза аҳамияти ҷиддӣ дод, зеро бархе аз онҳо аз ин вазъият истифода бурда, ба гурӯҳҳои ифроти шомил мешаванд, ки ин гуна ҷавонон сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустуворанд, ки обрӯи кишварро дар арсаи байналмиллалӣ паст менамоянд.
Гаравидани баъзе шаҳрвандон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротиву террористӣ боиси нигарони буда, барои гирифтани пеши роҳи ин амалҳои номатлуб корҳои тарбиявиро дар муассисаҳо боз ҳам тақвият бахшидан лозим аст.
Барои баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дар рӯҳияи ватанпарастиву ифтихори миллӣ, ба қадри неъмати бебаҳо – истиқлолият расидан, Ватанро бештар дӯст доштан ва ба ҳимояи арзишҳои миллӣ садоқатмандона талош намуда, номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ боз ҳам баланд бардоштани ҷавонон ва наврасон кӯшиш намудан лозим аст.
Бо таъсири интернет, шабакаҳои мухолифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ, иддае аз ҷавонони сустиродаву гумроҳ ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида ба Ватану миллат хиёнат менамоянд.Онҳо ҷони худро дар хатар гузошта, ба хотири ваъдаҳои бардурӯғ ҳаёти худро барбод дода, ба падару модар ва Ватани худ хиёнат мекунанд.Барои пеши роҳи ин гуна ашхосро гирифтан ҳамаи мо бояд саҳмгузор бошем.


Бобоев Илҳом
сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб