Печать
Диданд: 695

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориён ва шиддат гирифтани мушкилотҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба мушкилоти ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.
Сиёсатшиносон ва коршиносони масъалаҳои сиёсию динӣ, муносибатҳои байни давлат ва баъзе ташкилоту созмонҳои динии мавҷударо дар Тоҷикистон шарҳ дода, ташвиши худро иброз медоранд, ки ҳамаи қувваҳо имрӯз зери пардаи дин баромад ва ба ҳар корҳои ифлос даст расонда, мардуми мусалмони тоҷикро аз дину ойинаш ҷудо карданианд.
Пайдоиши низоъ ва моҷароҳо дар асоси зиддият ва ихтилофоти мазҳабӣ бар манфиату ҳадафҳои геополитикии баъзе кишварҳои абарқудрат аст, ки маҳз онҳо ҳамин чизро мехоҳанд. Онҳо бо мақсади амалӣ намудани ҳадафу сиёсати хеш, бо баҳонаи аз байн бурдан ва маҳв намудани ифротгароӣ ва терроризми динӣ ба кишварҳои нав ба нав ҳуҷум менамоянд. Чунин амалҳои ғаразҷӯёна, ҷангҷӯёна ва моҷарои абарқудратҳоро алайҳи баъзе давлатҳо, аз ҷумла Ироқ, Афғонистон ва дигар кишварҳои Африқо дидан мумкин аст.

Аслан, давлатҳои абарқудрат, барои сиёсати худро таҳмил намудан ба дигар кишварҳо аввалан нақшаҳои геополитикиро тарҳрезӣ менамоянд, баъдан муддати солҳои тӯлоние кишвари ба даст овардаро истисмор менамоянд. Дар шароити нави геополитикӣ хатарҳои гуногунеро аз фаъолияти манфии ҷараёну созмонҳои диннӣ интизор шудан мумкин аст. Аз ҷумла фаъолияту ҳадафҳои ваҳҳобигароён, салафиён, пайравони Ҳизби таҳрир ва дигар созмону ҷараёнҳои динӣ, қариб ки як аст, бунёди ихтилоф ва низоъ дар ҷомеа. Фаъолияти расмию пинҳонии аксари созмону ҷараёнҳои динӣ боиси пайдоиши ҷанбаҳои манфӣ, аз қабили ифротгароӣ ва таассубгароӣ мегардад, ки тамоми башарият дар ҷаҳон муқобили он мубориза мебарад.
Кишварҳои абарқудрат ва манфиатхоҳ дар ҷаҳон ба хотири ба мақсаду ҳадафҳои хеш дастёб гаштан тавассути созмонҳои гуногуни динию радикалӣ ба эҳсосоти динию мазҳабии мусалмонон нохун зада, онҳоро зидди якдигар мешуронанд. Онҳо қариб дар саросари олами ислом дастаҳои зархариди хешро ба хубӣ истифода мебаранд. Гуруҳҳои ҷангҷӯи толибон, Ал-қоида, ДИИШ, ҷараёнҳои мазҳабии ваҳҳобия, салафия, дини навсохти баҳоия ва садҳо созмону ҷараёнҳои радикалии динӣ бо дастгирии ин кишварҳои абарқудрат таъсис ёфта, фаъолият доранд. Онҳо бо роҳи маблағгузорӣ ва бо баҳонаи демократикунонии ҷомеаҳо ва кишварҳо, ба роҳ мондани гуногунандешӣ, ҷомеаҳои суннатиро ба гирдоби бало кашида, кишварҳои орому осудаи мухталифро ба майдони набард кашидаанд.
Ҳизби таҳрир, ҷараёнҳои мазҳабии ваҳобия, салафия, «Алқоида», ДИИШ ва даҳҳо ҳизбу созмонҳои гуногунро дар кишварҳои мусалмоннишин ба таври ошкору ниҳон маблағгузорӣ карда, барои ноором сохтани ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш менамоянд. Абарқудратҳо дар ташкилу таъсиси қувваҳои сияҳкору фитнаангез ва таъсиси ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саҳм гирифта дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, имрӯз бошад, дар Афғонистон, Сурияву Ироқ, Миср, Либия, Фаластин, Нигерия ва дигар кишварҳое, ки он ҷо мусалмонон зиндагӣ менамоянд, ҳизбу ҳарактҳои мухолифи якдигарро зери ниқоби бунёди ҷомеаи демократӣ роҳандозӣ намудаанд.