Коронавирус чист?

Коронавирусҳо оилаи васеи вирусҳоро бо хусусиятҳои бемориовари собитшуда барои инсон ва ҳайвон ташкил медиҳанд. Маълум аст, ки як қатор коронавирусҳо қодиранд дар одам сироятҳои респираториро аз шамолхўрии одӣ то ҳолатҳои вазнинтар, аз қабили синдроми респиратории Шарқи Наздик (MERS) ва синдроми шадиди вирусии респираторӣ (SARS) падид оранд. Коронавируси охирӣ, ки ба қарибӣ кашф гардид, бемории COVID 19-ро ба вуҷуд меорад.

COVID-19 чист?

COVID 19 бемории сироятиест, ки коронавируси охирини ба қарибӣ кашфгардида ба вуҷуд овардааст. То хурўҷи сироят дар шаҳри Уҳани Хитой дар моҳи декабри соли 2019 дар бораи вирус ва бемории нав чизе маълум набуд.

Аломатҳои COVID 19 чӣ гунаанд?

Ба аломатҳои бештар паҳншудаи COVID 19 баландшавии таб, хасташавӣ ва сулфаи хушк тааллуқ доранд. Дар як қатор беморон метавонанд дардҳои гуногун, маҳкамшавии димоғҳо, назла (обравӣ аз бинӣ), фарингит ё диарея қайд гарданд. Одатан ин аломатҳо тадриҷан инкишоф ёфта, суст ифода меёбанд. Дар баъзе шахсони сироятшуда ҳеҷ аломате пайдо намешавад ва онҳо худро бад ҳис намекунанд. Дар бештари ҳолатҳо (наздики 80%) беморҳо шифо меёбанд, дар зимн чорабиниҳои махсуси муолиҷавӣ талаб намешаванд. Тахминан дар яке аз шаш ҳолати COVID-19 аломатҳои вазнин бо инкишофёбии норасоии нафас мушоҳида мешаванд. Дар одамони солхўрда, ҳамчунин шахсони дорои бемориҳои соматикӣ, масалан гипертензияи шарёнӣ, маризиҳои дил ё диабет, эҳтимоли вазнин ҷараён гирифтани беморӣ баландтар аст. Дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор барои ёрии тиббӣ муроҷиат кардан мебояд.

Вирус чӣ тавр паҳн мешавад?

Бо COVID-19 аз одамони дигар сироят ёфтан мумкин аст, агар онҳо бо вирус сироят шуда бошанд. Беморӣ қодир аст аз одам ба одам ба воситаи қатраҳои хурд, ки аз бинӣ ё даҳони бемори гирифтор ба COVID‑19 ҳангоми сулфидану атсазанӣ ҷудо мешаванд, гузарад. Ин қатраҳо ба ашё ва сатҳҳое, ки одамро иҳота мекунанд, меафтанд. Одамони дигар метавонанд дар натиҷаи расиш аввалан ба ашё ва сатҳҳои мазкур, баъдан ба чашмон, бинӣ ё даҳон сироят ёбанд. Ғайр аз ин, сироятёбӣ метавонад ҳангоми нафас гирифтани қатраҳои хурд, ки вақти сулфа ё атсазании одами дорои COVID‑19 ҷудо мешавад, анҷом ёбад. Аз ин сабаб аз шахси бемор масофаи бештар аз 1 метрро риоя намудан муҳим аст.

ТУТ рафти тадқиқотро оид ба роҳҳои интиқоли COVID‑19 пайгирӣ мекунад ва иттилоотро бо мурури навшавии он дастраси ҷомеаъ мегардонад.

 

Оё вирусе, ки COVID-19-ро ба миён меорад, тариқи ҳаво мегузарад?

Мувофиқи маълумоти илмии мубрам, омили нисбат ба ҳаво бештар муҳими интиқол маҳз қатраҳои хурд мебошанд, ки аз роҳҳои нафас ҷудо мешаванд. Ниг. ба ҷавоб ба саволи қаблӣ «Вирус чӣ тавр паҳн мешавад?».

Оё аз шахсе, ки ҳеҷ аломате дар ў мушоҳида намешавад, ба COVID-19 сироят ёфтан мумкин аст?

Вирус асосан тавассути қатраҳо, ки аз роҳҳои нафаси одам вақти сулфидан ё атса задан ҷудо мешавад, паҳн мегардад. Хавфи сироятёбӣ аз одаме, ки ягон аломат надорад, ниҳоят паст аст. Аз тарафи дигар, дар бисёр одамон аломатҳои COVID-19 хеле суст ифода меёбанд. Ин ҳолат хусусан хоси марҳилаҳои барвақтии беморӣ аст. Ба ин тариқ, хавфи гузариши COVID-19 аз касе, ки худро бемор ҳис намекунад ва танҳо месулфад, вуҷуд дорад. ТУТ рафти тадқиқотҳои ҷориро оид ба фосилаи вақте, ки дар давоми он шахси бемор қобили сирояткунӣ боқӣ мемонад, пайгирӣ менамояд ва маълумотро бо муррури навшавии он дастраси ҷомеаъ мегардонад.

Оё ба ман метавонад COVID-19 ба воситаи наҷосати одами бемор сироят кунад?

Ба назар мерасад, ки хавфи сироят кардани COVID-19 тавассути наҷосати шахси сироятшуда кам аст. Мувофиқи маълумоти тадқиқотҳои пешакӣ, вирус дар як қатор ҳолатҳо метавонад аз наҷосат пайдо карда шавад, аммо ин навъ механизми интиқол дар хурўҷи ҳозираи беморӣ нақши асосӣ надорад. ТУТ натиҷаҳои тадқиқотҳои идомаёбандаро доир ба масъалаи интиқоли COVID-19 меомўзад ва иттилоотро бо мурури навшавии он ба табъ хоҳад расонд. Ин гуна хавфро набояд комилан истисно кард ва ин бори дигар муҳимияти мунтазам шустани дастҳоро баъди истифода аз ҳоҷатхона ва пеш аз хўрокхўрӣ собит мекунад.

  1. Чӣ тавр ман метавонам худамро ҳимоя ва паҳншавии бемориро пешгирӣ намоям?

Чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои ҳама

Иттилооти рўзмарраро оид ба хурўҷи беморӣ, ки аз веб-сомонаи ТУТ пайдо кардан, ҳамчунин аз намояндагони сатҳи миллӣ ва маҳаллии хадамоти ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ гирифтан мумкин аст, пайгирӣ намоед. Дар бисёр кишварҳои дунё ҳодисаҳои сироят бо COVID‑19 ва дар баъзе кишварҳо хурўҷи беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳукумати Чин, ҳамчунин ҳукуматҳои як қатор кишварҳои дигар, ки дар онҳо хурўҷи беморӣ қайд шуда буд, ба паст кардани шиддати паҳншавии беморӣ ё комилан қатъ намудани он ноил гардиданд. Бо вуҷуди ин, вазъ ҳанўз хам пешгўинашаванда боқӣ мемонад, аз ин сабаб аз навигариҳои охирин бохабар будан зарур аст.

Тадбирҳои оддии зеринро риоя намуда, шумо метавонед хавфи сироятёбӣ ё паҳншавии COVID‑19-ро коҳиш диҳед:

Мунтазам дастҳоятонро бо маҳлулҳои спиртдор пок кунед ё бо собун шўед.

Ин барои чӣ лозим аст? Агар дар болои дастҳо вирус ҷой дошта бошад, пок кардани онҳо бо воситаи спиртдор ё шустани дастҳо бо собун онро нобуд месозад.

Аз одамоне, ки сулфа ва атса мезананд, масофаи на кам аз як метрро риоя намоед.

Ин барои чӣ лозим аст? Ҳангоми сулфа ва атсазанӣ аз даҳон ва бинӣ қатраҳои хурдтарини вирусдор ҷудо мешаванд, ки одам дар атрофи худаш паҳн мекунад. Ба ин гуна шахс аз ҳад зиёд наздик истода, шумо худро ба хавфи нафас гирифтани ин қатраҳо ва сироят ёфтан аз ў, аз ҷумла бо сирояти коронавирус, агар ў ба COVID-19 гирифтор бошад, дучор менамоед.

Мувофиқи имкон, ба чашмон, бинӣ ва даҳон даст нарасонед.

Ин барои чӣ лозим аст? Дастҳо ба бисёр сатҳҳо мерасанд ва ба онҳо метавонад вирус гузарад. Ба рўйи даст афтода, зарраҳои вирусӣ метавонанд ба чашмон, бинӣ ва ё даҳон гузаранд. Аз ин қисмҳои бадан вирус метавонад ба организм роҳ ёбад ва боиси беморшавӣ гардад.

Ҳам шумо ва ҳам атрофиён бояд қоидаҳои беҳдошти респираториро риоя намоед. Барои ин бо хами оринҷ ё дастмол ҳангоми сулфа ва атсазанӣ даҳон ё биниро пўшондан лозим аст. Дастмоли истифодашударо дарҳол партоед.

Ин барои чӣ лозим аст? Вирус тавассути қатраҳои хурд интиқол меёбад. Қоидаҳои беҳдошти респираториро қатъиян риоя намуда, шумо метавонед аз бемориҳои вирусие монанди СШРВ (ОРВИ), зуком ва COVID-19 атрофиёнро ҳимоя намоед.

Агар худро бад ҳис кунед, дар хона бимонед. Ҳангоми баландшавии таб, пайдо шудани сулфа ва нафаскашии душвор ҳарчи зудтар барои ёрии тиббӣ муроҷиат намоед. Дастурҳои мақомоти маҳаллии ҳифзи тандурустиро риоя намоед.

Ин барои чӣ лозим аст? Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳифзи тандурустӣ маълумоти мубрамтаринро оид ба вазъ дар ноҳияи зисти шумо доранд. Муроҷиати саривақтӣ барои ёрии тиббӣ ба мутахассисони соҳаи тиб имкон медиҳад, ки шуморо фавран ба муассисаи табобатии муносиб равон кунанд. Ғайр аз ин, ба ин тариқ шумо худро аз хавф эмин месозед ва метавонед паҳншавии сироятҳои вирусӣ ва дигарро пешгирӣ намоед.

Тағйиротро дар рўйхати минтақаҳои дорои хавфи баланди сирояти COVID‑19 (шаҳр ё навоҳие, ки дар онҳо васеъ паҳн гардидани COVID‑19 ба қайд гирифта шудааст) пайгирӣ намоед. Мувофиқи имкон аз сафарҳо худдорӣ кунед, алалхусус агар шумо одами солхўрда ё ин ки гирифтори диабет, бемориҳои дил ё шуш бошед.

Ин барои чӣ лозим аст? Дар ин минтақаҳо шумо худро ба хавфи баланди сирояти COVID‑19 дучор мекунед.

Чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои онҳое, ки ба наздикӣ (дар давоми 14 рўзи охир) дар минтақаҳои паҳншавии COVID-19 буданд

Тавсияҳои дар боло арзшударо риоя намоед («Чораҳои ҳимояи инфиродӣ барои ҳама»).

Агар шумо нотобиро ҳис карда бошед, ҳатто агар аломатҳои беморӣ дар шумо сабук, масалан бо дарди сар, ҳарорати баланди бадан (37,3°C ё зиёдтар) ва ё каме обравӣ аз бинӣ ифода  ёбанд, то шифо ёфтан дар хона бимонед. Агар шумо аз касе хоҳиш кунед, ки ба шумо озуқаворӣ орад ва бароятон ба мағоза равад, аз ниқоб истифода баред, то ки одами наздатон меомадаро сироят накунед.

Ин барои чӣ лозим аст? Аз алоқаҳо бо атрофиён худдорӣ намуда ва ба муассисаҳои табобатӣ нарафта, шумо ба ин муассисаҳо ёрӣ мерасонед, ки кори худро босамартар иҷро намоянд ва худу атрофиёнро аз эҳтимоли сирояти COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ ҳифз мекунед.

Агар шумо ба таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор дучор шуда бошед, муроҷиатро барои ёрии тиббӣ ба таъхир наандозед, зеро аломатҳои мазкур метавонанд нишонаи сирояти роҳҳои нафас ё дигар бемории ҷиддӣ бошанд. Фавран ба  муассисаи тиббӣ муроҷиат намуда, ба мутахассиси тиб дар бораи сафарҳои охирини худ ё алоқаҳоятон бо шахсони сафаркарда маълумот диҳед.

Ин барои чӣ лозим аст?  Муроҷиати саривақтӣ барои ёрии тиббӣ ба мутахассисон имкон медиҳад, ки шуморо фавран ба муассисаи табобатии муносиб равона намоянд. Ғайр аз ин, амали мазкур имкон медиҳад, ки паҳншавии эҳтимолии COVID-19 ва дигар сироятҳои вирусӣ пешгирӣ карда шавад.

 

То кадом андоза ман бояд аз сирояти COVID 19 хавф дошта бошам?

Сатҳи хатарро макони будубоши шумо, аниқтараш ҷой доштан ё надоштани хурўҷи беморӣ дар ин мавзеъ муайян мекунад.

Барои аксари одамон дар бештари минтақаҳо хавфи сироят ёфтан аз COVID‑19 ҳанўз кам аст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе қисматҳои олам (шаҳр ё ноҳияҳо) паҳншавии беморӣ идома меёбад. Хавфи сироятёбӣ барои онҳое, ки дар ин гуна ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд ё ба онҳо сафар менамоянд, баландтар аст. Ҳукуматҳои кишварҳо ва мақомоти роҳбарикунандаи соҳаи ҳифзи тандурустӣ нисбати ҳар ҳодисаи нави сироятёбӣ бо COVID‑19 чораҳои шиддатноки ҷавобӣ меандешанд. Дар сурати дар сатҳи маҳал вуҷуд доштани махдудиятҳои ҷоригардида нисбати сафарҳо, ҳаракатҳо ё чорабиниҳои оммавӣ, онҳоро риоя намоед. Чораҳои назорат аз болои паҳншавии бемориро дастгирӣ намуда, шумо метавонед хавфи сироят ва паҳншавии  COVID‑19-ро коҳиш диҳед.

Тавре мисоли Хитой ва як қатор кишварҳои дигар гувоҳӣ медиҳад, мо тавони маҳдуд кардани паҳншавии хурўҷи беморӣ ва қатъ намудани интиқоли сирятро дорем. Мутаассифона, хурўҷҳо метавонанд зуд-зуд аз манбаъҳои дигар сар зананд. Аз вазъ дар минтақаи худ ва ё минтақае, ки шумо нақшаи ба он сафар карданро доред, бохабар мондан муҳим аст. СУТ ҳаррўза ахборномаҳоро дар бораи вазъи ҷории эпидемиологӣ дар робита ба COVID‑19 дар тамоми ҷаҳон нашр мекунад. Иттилооти мазкур дар суроғаиhttps://www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/situation-reports/ дастрас аст (ба забони англисӣ).

 

 Оё COVID 19 омил барои нигаронӣ аст?

Одатан, сирояти коронавирусии COVID‑19 дар шакли сабук мегузарад, хоса дар кўдакон ва шахсони синни ҷавон. Қатъи назар аз ин, шакли вазнини сироят вуҷуд дорад: тақрибан аз панҷ ҳолат дар яке ба беморон бистарикунӣ дар беморхона зарур мешавад. Аз ин сабаб нигаронии одамон барои худ ва наздикон дар робита ба хурўҷи COVID‑19 асоснок аст.

Мо метавонем талошҳои худро ба маҷрои созанда равона созем ва баҳри ҳифзи сиҳатии худ, сиҳатии наздикони мо ва аҳли ҷомеаамон чораҳо бинем. Чораи асосӣ ва аввалиндараҷа мунтазам ва бодиққат шустани дастон, ҳамчунин риоя намудани беҳдошти респираторӣ аст. Сипас инкишофи ҳодисаҳоро пайгирӣ намудан ва риоя кардани тавсияҳои мақомоти маҳаллии идораи тандурустӣ, аз инҷумла риоя намудани  маҳдудиятҳои ҷорикардаи онҳо дар хусуси сафарҳо, ҳаракатҳо ва ё чорабиниҳои оммавӣ зарур мебошад. Иттилоот доир ба чораҳои эҳтиётӣ барои ҳимоя аз сироят дар суроғаи зерин дастрас аст: https://www.who.int/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019/advice-for-public

 

Ба кӣ хавфи вазнин гузаштани беморӣ таҳдид мекунад?

Иттилои мо оид ба COVID‑19 ҳанўз пурра нест, аммо, тавре ба назар мерасад, ҷараёни вазнини беморӣ бештар дар одамони солхўрда, инчунин дар одамони гирифтор ба бемориҳои соматикӣ (масалан, гипертензияи шарёнӣ, бемориҳои дил, шуш, саратон ё диабет) қайд мегардад.

 

Оё антибиотикҳо воситаи натиҷаовари пешгирӣ                                                           ва табобати сирояти COVID-19 мебошанд?

Не. Антибиотикҳо ба вирусҳо таъсир намекунанд, онҳо танҳо нисбати сироятҳои бактериявӣ фаъоланд. Бемории COVID‑19 табиати вирусӣ дорад, аз ин сабаб антибиотикҳо нисбати он самар намедиҳанд. Аз антибиотикхо барои пешгирӣ ва табобати COVID‑19 истифода кардан лозим нест. Истифодаи онҳо танҳо бо дастури духтур барои табобати сирояти бактериявӣ ҷоиз мебошад.

 

Оё айни замон маводи доругӣ ё табобате вуҷуд дорад, ки                                 имкони пешгирӣ ё муолиҷаи COVID-19-ро дошта бошад?

Як қатор давоҳои тибби Ғарб, инчунин давоҳои анъанавии мардумӣ ё хонагӣ метавонанд ба беҳ шудани ҳолат ва сабукшавии аломатҳои бемории COVID-19 мусоидат кунанд, бо вуҷуди ин, айни замон маълумоти воқеие нест, ки тавонад гувоҳӣ диҳад, ки таъсири кадом яке аз доруҳои мавҷуда барои пешгирӣ ё табобати бемории мазкур имкон фароҳам меорад. СУТ машғул шудан ба худмуолиҷакунӣ бо ёрии ҳар гуна маводи доруворӣ, аз ҷумла антибиотикҳо, бо ҳадафи пешгирӣ ё табобат аз сирояти COVID-19-ро тавсия намедиҳад. Ҳамзамон озмоишҳои клиникии як қатор давоҳои тибби ҳам ғарбӣ ва ҳам анъанавии мардумӣ идома меёбанд. СУТ нашри маълумоти навшударо бо мурури пайдо шудани иттилооти клиникӣ давом хоҳад дод.

 

  1. Ин ҳамон як вирусест, ки пневмонияи атипикӣ (СВШР)-ро ба вуҷуд меорад?

Не. Вирусе, ки COVID‑19-ро ба вуҷуд меорад, ҳамроҳи ангезандаи синдроми шадиди вирусии респираторӣ (SARS‑КоВ)  ба ҳамон як оилаи вирусҳо тааллуқ дорад, аммо вируси дигар аст.  SARS‑КоВ нисбат ба ангезандаи COVID‑19 хавфноктар, вале сатҳи сироятнокиаш камтар аст. Аз соли 2003 хурўҷи SARS дар ягон ҷойи ҷаҳон ба қайд гирифта нашудааст.

 

12.Оё барои ҳимоя кардани худам ман бояд ниқоб пўшам?

Шумо танҳо дар он сурат бояд ниқоб пўшед, ки аломатҳои COVID‑19 (алалхусус сулфа) дошта бошед ё ба нигоҳубини касе машғул бошед, ки метавонад мубталои COVID‑19 бошад. Аз ниқобҳои яккарата такроран истифода бурдан мумкин нест. Агар шумо аломатҳои бемориро надошта бошед ё нигоҳубини шахси беморро анҷом надиҳед, истифода аз ниқоб камсамар хоҳад буд. Айни замон дар олам камбуди ниқобҳо қайд мегардад, аз ин сабаб СУТ ҳамаро ба истифодаи сарфакорона аз онҳо даъват менамояд.

СУТ ҷонибдори корбурди босамари ниқобҳои тиббӣ мебошад, ки имкон медиҳад исрофи захираҳои арзишманд, инчунин истифодаи нодурусти ниқобҳо пешгирӣ шавад (ниг. Тавсияҳо оид ба истифодаи ниқобҳо).

Ба қатори тадбирҳои босамартарини ҳимояи сиҳатии худ ва атрофиён аз COVID‑19 шустушўи зуд-зуди дастон, пўшидани бинӣ ва даҳон бо хами оринҷ ё бо дастмол ҳангоми сулфаю атсазанӣ, ҳамчунин нигоҳ доштани на кам аз 1 метр фосила аз одамоне, ки месулфанд ё атса мезананд, дохил мешаванд. Маълумоти муфассалтар дар боб дар бораи чораҳои асосии эҳтиёт барои ҳимоя аз сирояти коронавирус пешкаш шудаанд.

 

  1. Тарзи пўшидан, истифода намудан, кашидан ва партофтани ниқоб

Аз ниқоб бояд танҳо кормандони тиб, шахсоне, ки нигоҳубин мекунанд ва касони дорои аломатҳои бемории респираторӣ аз қабили таби баланд ва сулфа истифода кунанд.

Пеш аз он ки ниқобро ба даст гиред, онро бо маҳлули спиртдор коркард намоед ё бо собун шўед.

Ниқобро аз назар гузаронда, боварӣ ҳосил намоед, ки сўроху осеб надорад.

Дохили ниқоб сим дорад, симро дар боло нигоҳ дошта, ниқобро ба даст гиред.

Даруни ниқобро (тарафи рангаш паст) сўйи худ гардонда нигоҳ доред.

Ниқобро ба рўйи худ пўшед. Сими дохил ё қапаки устуворкунандаро мувофиқи шакли бинӣ қат кунед.

Канори поёнии ниқобро кашед, то ки он даҳон ва манаҳро пўшонад.

Ниқобро баъди истифода кашида гиред: аз бандакҳои пасигўшии ёзанда доред ва онро ба рўй ё либос нарасонед, зеро ниқоби истифодашударо мумкин аст микроорганизмҳо ифлос карда бошанд.

Дарҳол баъди истифода ниқобро ба қуттии маҳкамшаванда партоед.

Пас аз расидан ба ниқоб ё партофтани он коркарди беҳдоштии дастонро бояд анҷом дод; аз маҳлули спиртдор истифода баред ва дар сурати ифлосшавии намоёни дастҳо онҳоро бо собун шўед.

 

  1. Давраи исоби COVID 19 чӣ қадар идома мекунад?

Давраи исоб (инкубатсионӣ) фосилаи вақт байни сироятёбӣ ва пайдо шудани аломатҳои клиникии беморӣ мебошад. Тибқи аксари арзёбиҳо, давомнокии давраи исоби COVID‑19 дар ҳудуди аз 1 то 14 рўз тағйир ёфта, бештар тахминан 5 рўзро ташкил медиҳад. Арзёбии мазкур бо мурури ба даст омадани маълумоти нав дақиқ карда мешавад.

 

  1. Оё COVID-19 метавонад ба инсон аз ҳайвон сироят кунад?

Коронавирусҳо оилаи калони вирусҳоро ташкил медиҳанд ва дар байни ҳайвонот васеъ паҳн шудаанд. Сироят ёфтани одамон бо ин вирусҳо бо интиқоли минбаъда ба одамони дигар баъзан рух медиҳад. Масалан, далели сироят ёфтани одамон бо MERS‑КоВ аз сиветтаҳо ва SARS‑КоВ аз шутурҳои яккўҳона муқаррар карда шудааст. Манбаи имконпазири COVID-19 дар байни ҳайвонот ҳанўз муайян нагардидааст.

Ба сифати чораи ҳимояи инфиродӣ, масалан, ҳангоми рафтан ба бозорҳои фурўши чорво, аз расиши бевосита ба ҳайвонҳо, ҳамчунин расидан ба сатҳҳое, ки бо онҳо ҳайвонҳо мерасанд, худдорӣ бояд кард. Қоидахои таъмини бехатарии озуқавориро қатъиян риоя кардан лозим аст. Ҳангоми кор бо гўшти хом, шир, узвҳои ҳайвонот ба хотири пешгирӣ аз ифлоскунии тарафайни ғизоҳои дигар, ки бо гармӣ коркард нашудаанд, эҳтиёт бояд буд. Ғайр аз ин, аз истеъмоли озуқавории хом ё нимхоми аз ҳайвонот ҳосилшуда худдорӣ кардан лозим мебошад.

 

  1. Оё COVID 19 метавонад ба ман аз ҳайвоноти хонагӣ сироят кунад?

Як ҳодисаи сироятёбии саг дар Ҳонконг маълум аст, аммо, бо вуҷуди ин, ба ҳоли ҳозир иттилоот дар бораи имконияти сирояти COVID‑19 аз сагҳо, гурбаҳо ё дигар ҳайвоноти хонагӣ вуҷуд надорад. COVID‑19 аксаран тавассути зарраҳои дар ҳаво муаллақ паҳн мегардад, ки ҳангоми сулфидан, атсазанӣ ё гуфтугў кардани шахси бемор ба вуҷуд меоянд. Барои бехавф кардани худ дастҳоро зуд-зуд ва бодиққат шустан мебояд.

СУТ доир намудани мониторинги ҷиддии натиҷаҳои тадқиқотҳои навро, ки ба ҷанбаи мазкур ва ҷанбаҳои дигари COVID‑19 бахшида шудааст, идома медиҳад ва натиҷаҳои навшударо бо мурури пайдо шудани онҳо ба табъ хоҳад расонд.

 

  1. Вирус дар сатҳҳо чанд муддат зинда мемонад?

Муддати зиндамонии вируси COVID-19 дар сатҳҳо ҳанўз дақиқ муайян нагардидааст, вале тахмин мешавад, ки аз рўйи андозаи мазкур он ба дигар намояндагони оилаи коронавирусҳо шабоҳат дорад. Мувофиқи маълумоти тадқиқотҳо (бо шумули маълумоти қаблӣ дар бораи ангезандаи COVID-19), вирус дар сатҳҳо аз якчанд соат то якчанд рўз метавонад қобили ҳаёт боқӣ монад. Муҳлатҳои мушаххас ба як қатор шарту шароит вобастагӣ доранд (масалан, навъи сатҳ, ҳарорат ва намнокии муҳити атроф).

Агар шумо гумон баред, ки дар сатҳе метавонад вирус ҷой дошта бошад, барои нобуд кардани микроорганизмҳо ва ҳимояи худу атрофиён онро бо воситаи одии безараргардонанда пок намоед. Тоза намудани дастони худро бо маҳлули спиртдор ва бо собун шустани онҳоро аз хотир набароред. Ба чашмҳо, даҳон ё бинӣ даст нарасонед.

 

  1. Оё аз маҳалле, ки дар он ҳодисаҳои сироятёбӣ бо COVID-19 қайд гардидаанд, бастаҳои ирсолшударо гирифтан бехавф аст?

Бале. Эҳтимоли он ки сироят аз одами бемор ба воситаи молҳои фармоишшуда интиқол ёфтан метавонад, ҳамчунин хавфи сирояти COVID-19 аз борпечи баста низ, ки мавриди кўчониш, интиқол қарор гирифта, зери таъсири шароитҳои гуногуни иқлимӣ ва ҳароратӣ будааст, кам аст.

 

  1. Кадом корҳоро ман набояд анҷом диҳам?

Чораҳои дар зер номбаршуда дар мубориза бо COVID‑19 ЁРӢ НАМЕРАСОНАНД ва метавонанд зараровар бошанд:

тамокукашӣ;

ҳамзамон пўшидани якчанд ниқоб;

антибиотикҳо  (ниг. Оё айни замон маводи доругӣ ё табобате вуҷуд дорад, ки имкони пешгирӣ ё муолиҷаи COVID-19-ро дошта бошад?)

Агар шумо таби баланд, сулфа ё нафаскашии душвор дошта бошед, барои коҳиш додани хавфи мураккабшавии сироят ҳарчи зудтар барои ёрии тиббӣ муроҷиат намудан ва ба мутахассиси тиб дар бораи ҷойҳои замони охир рафтаатон маълумот додан зарур аст.

Пайвандҳои иттилоотӣ

Боб дар бораи COVID‑19: COVID19:  https://www.who.int/ru/emergencies/diseases/novel-coronavirus-2019
Тавсияҳои СҶТ оид ба сафарҳо:  https://www.who.int/ith/en/

Манба: сомонаи расмии Вазорати тандурустӣ
ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коркард кард:
Орифҷон Олимзода
мудири бахши Хадамоти
муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб