Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб оид ба баргузории вохӯриҳо бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинони ноҳия силсилавохӯриҳо доир карда мешавад.

       Дар ҳамин асос, 19-уми марти соли равон баррасии муҳимтарин нуктаҳои Паёми Президенти мамлакат бо ширкати муовини раиси ноҳияи Варзоб Маҳтоб Қосимзода  ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид ва Усмонзода Хайридин Усмон дар маркази ноҳия доир гардид.

       Дар вохӯрии мазкур кормандони  Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия,  намояндагони Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и ноҳия,  фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳал, намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, ҷавонон  ва волонтёрон иштирок намуданд.

       Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул зимни суханрониашон таъкид намуданд, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, иброз доштанд, ки  “Дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон танзими муносибатҳои меҳнатӣ, рушди бозори меҳнат ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи асосӣ дорад”.

       Баъдан, қайд намуданд, ки дар Паёми навбатии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кулли сокинони кишвар, ки дар чунин давраи душвору вазнин сабру таҳаммул нишон дода, ба воҳимаву таҳлука наафтоданд, баръакс, муттаҳид шуда, эҳтирому иззати ҳамдигарро ба ҷо оварданд, табибон ва оилаҳои онҳоро дастгирӣ карданд ва баробари Ҳукумат заҳмат кашиданд, инчунин, ба соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпеша, ки ба муассисаҳои тандурустӣ, табибон ва оилаҳои камбизоат бо таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маводи ғизоӣ кўмак расониданд, сипоси бепоён гуфтанд.

         Вакили  маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин иброз доштанд, ки тавре  дар Паём дарҷ гардидааст ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.  

       Дар охир муовини раиси ноҳияи Варзоб Маҳтоб Қосимзода таъкид карданд, ки имсол ба таъсисёбии ноҳияи Варзоб 30 сол пур мешавад. Аз ин лиҳоз, мо ҳамагон бояд барои пешрафти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳми муносиби хешро гузорем.   

ОРИФҶОН ОЛИМЗОДА

мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб