ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН  БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ВАРЗОБ-ҚАЛЪАИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ

         Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳамарӯза аз ҷониби гуруҳи кории мақомоти иҷроия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои намояндагӣ бо сокинон мулоқоту вохӯриҳои судманд роҳандозӣ карда шуда астодааст.

       Ёдовар мешавем, дар Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда шуд, ки «Ман ба нерӯи созандаи тамоми мардуми шарифи мамлакат, аз ҷумла ҷавонони боғайрат ва занону бонувони ватандӯсту соҳибмаърифат эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси 30-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем».

       Ба ин муносибат санаи 24-уми феврали соли равон дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб гурӯҳи корӣ бо роҳбарии раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии деҳоти Варзоб-қалъа доир гардид.

       Дар вохӯрии мазкур муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроия ва намояндагӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия,  раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳия,  роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, вакилони ноҳиявию ҷамоатӣ, раисони кумитаҳои маҳал, намояндагони иттиҳодияҳои диннӣ ва сокинони Ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа иштирок намуданд.

         Сараввал муовини раиси ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб тартиби гузаронидани вохӯриро ба ҳозирин шинос намуда, аъзоёни гуруҳи кориро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд. Баъдан сухан ба раиси ноҳияи Варзоб дода шуд. 

         Раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021  дар замоне ироа гардид, ки мо дар арафаи истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем.

         Баъдан қайд намуданд, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид гардид, ки  соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.        

         Сипас прокурори ноҳия Илёсзода Хайриддин таъкид карданд, ки терроризм ва экстремизм аз рӯи оқибатҳои худ аз ҷиддитарин таҳдидҳои ҷаҳони муосир мансуб ёфта, амнияти инсоният, сулҳу субот ва истиқлолияти давлатии кишварро зери хатар мегузоранд.

        Баъдан иброз доштанд, ки ҳеҷ вақт дини мубини Ислом мусалмононро ҳидоят ба содир кардани ҷиноят накардааст. Баръакс дар оятҳои Қуръони Маҷид ва дигар ҳадисҳо «Сухани нек гуфтан», «Ба паймони хеш вафо кардан», «Адл намудан», «Ёрӣ расонидан ба мӯҳтоҷон», «Таҳаммулпазирӣ» ва «Некукорӣ»- аз хислатҳои неки инсон пазируфта шудаанд.

        Дар вохӯрии мазкур аз тарафи бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба иштирокчиён ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Роҳнамо дар бораи будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия»,  «Ёддоштҳо ба муҳоҷирони меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштанд»,  «Машварат ба муҳоҷирони меҳнатӣ» ва «Биёед, кӯшишҳои худро якҷо намуда, дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намоем» ба миқдори 300 нусха тақсим гардид.

       Дар охир раиси ноҳия муҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар таъкид карданд, ки соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги 30-солагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Ҳамчунин имсол ба таъсисёбии ноҳияи Варзоб 30 сол пур мешавад.

       Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ нақшаи чорабиниҳои  ноҳиявӣ  қабул гардидааст. Мо бояд ташаббускору ташкилотчӣ бошем ва саҳми бевоситаи худро дар ободии мулки аҷдодӣ гузорем.

 Орифҷон Олимзода

 мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб