Тарбияи ахлоқии насли наврас аз замони қадим то имрӯз диқати аҳли башар, ба хусус шахсияти солимфикро ба худ ҷалб намудааст. Таассуровар аст, ки вақтҳои охир аз ҷониби насли наврас ва ҷавонон ҷинояту қонуншиканиҳо зиёд шуда истодааст. Бо шарофати Истиқлолият имрӯз дар ҷомеаи мо тамоми фаризаҳои дини мубини Ислом бемамоният иҷро мешаванд. Дар гузаштаи на он  қадар дур,  кишварамон мубталои ҷангӣ шаҳрвандӣ шуд, ба мо сабақ медиҳад, ки барои рушди давлати худ саъю талош варзем, тибқи талаботи Қонунҳо амал намоем ва муҳимтар аз ҳама ваҳдату якдигарфаҳмиро дар ҷомеа таъмин созем. Яке аз масоили муҳими идеологӣ нақши минбар мебошад, ки имрӯз асосан дар дасти ходимони дин ва руҳониён аст.

 Вазифаи муҳими онҳо аз он иборат аст, ки аз минбарҳо истифода бурда, ҷомеаро ба роҳи рост ҳидоят намоянд, ки ба гурӯҳҳои    салафию ифротгароӣ дохил нашаванд. Гурӯҳе аз ҷавонон аз рӯйи нофаҳмӣ барои маблағи ночизе шуда ба ин роҳ мераванд.

Ифротгароӣ дар кадом шакле, ки набошад динӣ  ё дунявӣ мо онро қабул надорем, чунки он  ҳуқуқу  озодиҳои инсон ва шаҳрвандро доимо поймол карда, намегузорад, ки ҷомеа орому осуда бошад. Бояд қайд кард, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа таҳдид мекунад. Аз ин лиҳоз, решакан  намудани ин намуди амали номатлуб бояд обекти тавваҷӯҳ ва  омӯзиши ҳамешагӣ  аз ҷониби аъзоёни солимфикри ҷомеа  ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ кишвар қарор гирад.

Мо,  омӯзгорон   кӯшиш менамоем, ки хонандагонро ба таълиму тарбия ҷалб намуда, онҳоро ба хондани китобҳои бадеӣ,  иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва варзиш талқин намоем.

Наврасон ва ҷавонон, ки як рукни воқеан, созанда, бунёдкор ва ояндаи шукуфони  Ватани азизамон ҳастанд,  аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии давлати навбунёд то имрӯз дар ҳаққи онҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхории хоса менамояд. Дар ин ҷода як қатор  санадҳоӣ меъёри ҳуқуқӣ қабул шуда, амал мекунад, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷавонон мусоидат карда истодаанд.