Печать
Диданд: 660

Ба ҳамагон маълум аст, ки аксари мамлакатҳои дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз институти демократи эътироф намуда, зиёда аз 190 кишвар бо мо муносибатҳои дипломати доранд. Имрӯз дар миқёси ҷаҳон Тоҷикистонро чун кишвари мубориз алайҳи ифротгароӣ ва террористӣ мешиносанд. Бо ин ҳама пешравиҳои бузург нигоҳ накарда бархе аз ҷавонони Ватани мо фирефтаи ақидаҳои аҷнаби шуда ба доми террористону ифротгароён меафтанд.

Бузургон мегӯянд, ки фарзанд дарахти умри инсон аст. Маълум аст, ки ҳар дарахт дар ибтидо навниҳол буда, баъдан бо талошу заҳмати боғбон бузург мешавад ва пурбор мегардад. Њамчунин ҳар фарзанд ҳам дар ибтидо тифлу навҷавон аст ва баъд аз он ҷавони бообрӯманде мешавад. Фарзанд он тарбиятеро,ки дар мактаби модар мегирад, аз ягон макотибу мадорис гирифта наметавонад.

Агар модар покзабон бошад, дар шуури он фарзанд суханҳои нек талқин мекунад ва Худо накарда модари бадзабон бошад, алфози қабеҳ дар забони фарзанд сарвари менамояд, ки сабаби бадбахти ва бадномии модари ӯ мегардад. Њар як падару модар хоҳонанд, ки дарахти умрашон меваҳои ширин диҳад, бояд онро хуб тарбият намоянд. Фарзанд низ ба навниҳол шабеҳ буда эҳтиёҷ ба тарбият дорад. Агар волидайни фарзанд ба парвиш ба тарбияти ӯ беаҳмияти зоҳир намоянд, ӯ бо кӣ омезиш менамояд ва бо кӣ рафиқӣ мекунад.

Ҷавонон нерӯи аз ҳама пуриқтидор ва пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Маҳз ҷавонони ояндасоз метавонанд Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва машҳури олам гардонанд. Имрӯз ҷавонон нисбати 10-15 соли сипаригардида бо илму маърифат бештар машғуланд ва ба амалҳои созандаву ободонӣ даст мезананд, ки ин боиси ифтихори аҳли ҷомеа мебошад. Ба андешаи бархе аз калонсолон сабабҳои нооромиҳою нотенҷиҳо, тундагороию терроризм, ин худ зидиятҳои қисме аз равияҳои дин ива мазҳаби ба шумор меравад. Аслан, набояд байни динҳо, мазҳабу ҷараёнҳои динӣ зиддияту   рақобат мавҷуд бошад. Зеро решаи динҳо як аст: баробарию бародарӣ, инсондӯстӣ ва тоату   ибодат ба Худо. Кас ҳайрон мешавад, ки ин қатли ом, куштор ва ваҳшониятҳо ба кадом хотир амалӣ мешаванд.

Мутаасифона имрӯз на ҳама ҷавонон ба қадри сарзамини барояшон муқаддас, ин кишвари зебою гулгулшукуфонашон-Тоҷикистони азиз мерасанд. Бархе аз ҷавонон бо сабаби ноогоҳӣ, кам будани донишҳои сиёсӣ ва ё дигар омилҳо ба ҷараёну равияҳои навбаромаду тундгаро шомил гашта, ҷавонии такрорнашавандаи худро қурбони сиёсати як гурӯҳ ашхоси бадкешу   сиёҳдил мегардонанд ва сад афсус, ки қисми зиёди онҳо дар роҳи хато қурбон мешаванд.

Ифротгароён- аз камтаҷрибагии ҷавонон бештар истифода намуда онҳоро бо ваъдаҳои пули зиёд фоида гирифтанашон ба гурӯҳҳои худ ҷалб карда ба итоаткунанда-зархарид мубадал мегардонанд. Бештар ҷавонони ифроти аз ҳама муросоҳои созишкунӣ, музокироти одилона, бастани қарордоди сулҳ сарфи назар намуда дар пеши худ мақсадҳои нопок мегузоранд, и танҳо ба фоидаи худи онҳо бошад. Онҳо хизмат ба Ватан-Модар кардан ё номуси ҳимояи миллат дар нақша намегиранд. Барои онҳо фарқ надорад, ки баъди ҳадафҳою вайронкориҳо ба сари миллат, мамлакат ва аҳоли чӣ қадар сахтиҳо оварда мардуми бегуноҳ, ба марг дучор шуда кӯдакон ятиму бесарпарастор мемонанд, занҳо бе шавҳар монда, сахтиву азобу уқубат ба сари насли инсон бор мешавад. Аз корҳои пеша кардаи ифротиён бӯи хун, бӯи сӯхтор, бӯи даҳшат меояд. Дар урфиат мегӯянд: «вақт» довари адолатпеша аст. Њар шахс ҳангоми бо аъзоёни бехиради бешарафи ифротгаро, исломи радикали ё дигар аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуни амал мекарда, дар сӯҳбат будан бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода худ ва аҳли ҷомеаро аз идеалогияи онҳо эмин нигоҳ доштанашон ба фоидаи худ ва аҳли оилаашон мебошад.

Имрӯз ҳар яки мо шаҳрвандони бообрӯ бономуси кишвари азизамон Тоҷикистон мебояд баҳри тарбияи насли наврас-ҷавонон тамоми қувваи худро сарф намоем, ки онҳо қалбҳои тоза ва имони пок дошта бошанд, то ин ки ҳушёри ва зиракии сиёсиро аз даст надода, зудбоварона ҳар гуна ақидаҳоро напазируфта ба идеологияи ифротгароёна бовар накунанд. Зеро, ин ҳаракату ташкилотҳо ҷонибдори сулҳу рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи мо нестанд. Барномаи ин ташкилотҳо сиёҳ ва бадномкунандаи чеҳраи зебои миллати тоҷик мебошад. Овардани тирагӣ ва торикӣ ба фазои солим ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишварҳои мусулмоннишин шиори онҳост.

Вобаста ба ин назарҳо ҳар як шаҳрванди бономуси кишвари зебоямон бояд дар доираи талаботҳои ҷомеаи солим амал карда баҳри таҳкими истиқлолият, ободии икшвар, рушди соҳаи илму маориф саҳмгузор шуда, аз равияҳои тундраву харобкунанда ва оштинопазирии ҷомеа дури ихтиёр намоянд.

 

 

АХМЕДОВ Ф. 

Мудири бахши бойгонии

мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Варзоб