Бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ба иттилоъи шаҳрвандони ноҳияи Варзоб мерасонад, ки бо фармони Президенти Федератсияи Россия «Дар бораи тамдиди чораҳои муваққатӣ оид ба ҳалли вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Россия вобаста ба таҳдиди паҳншавии минбаъдаи сирояти нави коронавирус (COVID-19)» аз 15 декабри соли 2020, №791 оид ба барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои муҳоҷироне, ки ғайриқонунӣ дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Мувофиќи тағйироти мазкур ба рўйхатгирии муҳоҷирон то 15 июни соли 2021 идома дошта, аз муҳоҷирони меҳнатӣ талаб карда мешавад, ки ҳуҷҷатҳои худро ба расмият дароранд ва қонунӣ фаъолият намоянд.

Дар робита ба ин, аз наздикону пайвандони муҳоҷирони меҳнатӣ хоҳиш карда мешавад, ки муҳтавои фармони мазкурро ба наздикони худ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия қарор доранд, расонанд.      

Вобаста ба масъалаи мазкур ва шарҳи муфассали он шаҳрвандони ноҳияи Варзоб метавонанд ба бахши Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб муроҷиат намоянд.

Суроғаи мо: ноҳияи Варзоб, Ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа,

мавзеи Зоғар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии ноҳияи Варзоб, ошёнаи 1 бахши Хадамоти муҳоҷират.

Тел: код (83153) 52-12-80