Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна проблемаҳои муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Давлат ва ҳукумат аз мо омӯзгорон ва бахусус кормандони соҳаи маориф, ки ба иқтибоси Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз соҳаи афзалиятноки ҷомеъа шинохта шудааст боварӣ ва эҳтироми хоса дорад ва мо бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиќ бошем.

Имрӯзҳо ҳизбу созмонҳои ифротӣ реша давонда мехоҳанд амнияту суботи кишвари ҷоноҷонамонро, ки бо хунрезӣ ва ҷоннисориҷои  ҳазорон нафар фарзандони содиқи ватан насиби мо гаштааст аз нав бо ҳар роҳе, ки набошад халалдор созанд.

       Соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул  шуд. Саволе ба миён меояд, ки ҷавонони имрӯзаи мо, ки  авангарди ҷомеъа ба шумор мераванд аз мақсади қарори мазкур огоҳ ҳастанд ё не? Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил гаштани ҷавонони мо низ маҳз надонистани мақсади қонуни мазкур мебошад. Ҳамзамон мақсади ин қонун пеш аз ҳама , риоя кардан ва ҳимоя намудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини якпорчагӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо омӯзгоронро зарур аст ҳанӯз ҷавононро дар давраи мактабхониашон  бо чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ошно намоем то дар зиндагӣ роҳгум назананд. Моро лозим аст сатҳи фарҳанги  ҳуқуқии аҳолӣ, махсусан ҷавононро баланд бардорем.Ҷавонони мо бояд донанд, ки дар ҶТ таъсис, бақайдгирӣ ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ё созмонҳое, ки ба ифротгароӣ мусоидат мекунанд, яъне таблиғоти ифротгароиро пеш мебаранд, маводи ифротгароиро паҳн менамоянд, манъ карда шудааст. На ин ки ҷавонон балки хонандагони муассисаҳои таълимӣ  бояд бидонанд, ки терроризм ва ифротгароӣ дар замони имрӯз яке аз ҷиноятҳои  аз ҳама хатарнок  буда ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ эътироф гардидааст. Байти зайл маънои онро дорад, ки мо омӯзгорон дар роҳгумзании шогирдон айбдорем.

         Айби устод аст, агар роҳгум зананд,

         Бе чароғи маърифат шогирдон.

   Аз ин лиҳоз моро зарур аст роҳнамои ҷавонон гардида бар зидди терроризм ва ифротгароӣ муборизаи беамон барем.

        З. Расулова, омӯзгори гимназияи №1. Даҳаи Чорбоғ