Дар ибтидои асри XXI  инсоният ба хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд рӯ ба рӯ гардид. Хатари терроризм, ки имрӯзҳо аксари  мамлакатҳои дунёро нигарон карда, мардумони зиёдеро сарсону саргардон намудааст, ба яке аз масъалаҳои асоситарини ҷомеаи имрӯзаи саёра табдил ёфтааст. Вазъи амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити муосир нигаронкунанда ва мураккаб гардидааст. Кишварҳое, ки дар шароити бесуботӣ қарор доранд, барои онҳо идора ва таъмини амнияти миллии кишварашон ғайриимкон мегардад, ки дар ниҳоят ба амнияти дигар кишварҳо низ бетаъсир намемонад.

   Решаҳои терроризм хеле чуқур  буда,  касе гуфта наметавонад, ки  аввалин  амали террористӣ  кай,  дар куҷо ва бо кадом мақсад рух додааст.  Дар давраи қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд, мақсадҳои худро амалӣ намоянд. Дар охири асри XX  ва аввали асри XXI амалҳои террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифта, доираи фаъолияти террористон хеле васеъ мегардад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалиро касб намудааст.  

   Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи номатлуб аз наздик шинос мебошад, ҷонибдори пойдорӣ ва устувории муборизаи қотеъона ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст. Терроризмро ҳамчун таҳдиди рӯйрост ва хатарнок ба давлатҳои муосир аксари  сиёсатмадорон  эътироф менамоянд. Аз таҳдиди терроризм ҳеҷ  як давлат эмин  буда наметавонад. Аз ин хотир, ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро мебояд дар мубориза бар зидди терроризм якҷоя фаъолият намояд.

   Экстремизми исломӣ – роҳи радикалии таҳкурсии ислом ба ҳисоб рафта, роҳи зуроварии муборизаи сиёсӣ мебошад.

   Соли 1989 аз тарафи Усома Бен Ладен ташкилоти исломии «Ал-Қоида» ташкил  ёфт. Дар баробари ин соли 1998 аз тарафи Усома Бен Ладен  «Фронти байналхалқии исломӣ» ташкил карда шуд, ки якчанд гурӯҳҳои радикалҳои исломиро ба монанди «Ал-исломия», «Муҳоҷирон», «Ал-ҷиҳод», «Ҳаракат-ул-ансор»-ро муттаҳид кард, ки онҳо дар Покистон, Эрон ва Афғонистон ҳамчун гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ амал мекарданд.

   Инчунин, аз тарафи ин ташкилотҳои экстремистӣ тайёр намудани мутахассисони ҳарбӣ яъне «ҳарбиёни ҷиҳод» махсус лагерҳои ҳарбӣ дар ҳудудҳои Афғонистон, Покистон ва Судон ба вуҷуд омаданд. Дар Покистон 15 гурӯҳи муттаҳид бо сардори Амонуллохон, дар Филипин ташкилоти экстремистӣ бо номи «Абу Сайф»,  ки характери исломӣ доштанд,  амал мекарданд. Ин ташкилотҳо ба рӯйхати гурӯҳҳои терроризми байналхалқӣ дохил карда шудаанд.

   Хусусияти асосии исломи муосир афзудани нақши сиёсӣ ва идеологии он дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Тайи солҳои охир дар манотиқи гуногуни мусулмоннишин равияву ҳаракатҳои сиёсӣ ва иртиҷоие рӯи кор омадаанд, ки аксари онҳо хусусият ва характери ифротиву тундгароӣ доранд. Аз байни ин равияҳои динии исломӣ дар Осиёи Марказӣ ҳаракатҳои   ваҳҳобия, Ҳизби таҳрир, равияи салафия, Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, Ҷамоати таблиғ, Ансор-ул-лоҳ ва ғайраҳоро ном бурдан мумкин аст, ки гоҳе ошкор ва гоҳ ба таври пинҳонӣ  фаъолият мебаранд. Доираи асосии фаъолияти ин ҳаракатҳо бештар дар байни ҷавонон ва наврасон буда, аз эҳсоси эътиқодиву маърифати сусти динии онҳо сӯистифода менамоянд. Ҳадафи аслии ин ҳаракатҳо  тавассути фазои динӣ ба муҳити сиёсӣ роҳ ёфтан ва халалдор намудани субботу оромии ҷомеа мебошад.

   Дар байни ин ҳаракату равияҳо тайи солҳои охир ҷараёни салафия  бештар фаъолтар гардидааст. Шеваи асосии фаъолияти салафиҳо асосан ҳамон шеваи ваҳҳобияи солҳои 90-уми қарни гузашта ва чеҳрааш ҳам дар асл ҳамон чеҳраи ваҳҳобия мебошад. Яке аз наҳзатҳои аввалини  ислоҳи мазҳабию динӣ дар қаламрави кишварҳои исломӣ наҳзати  «Ваҳоббия» буд. Ваҳҳобия дар Арабистони Саудӣ дар асри XVIII  арзи вуҷуд намудааст. Асосгузори ин наҳзат Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб (1703-1792), яке аз пешвоёни мазҳаби ҳанбалӣ буд. Сарчашмаи ғоявии ваҳҳобия хеле барвақтар аз тарафи яке аз уламои машҳури ҳанбалӣ  Ибни Таймийя (1262-1328),  дар асри ХIII таҳия шуда буд. Асли таълимоти ваҳҳобияро поксозии ислом аз тариқи руҷӯъ ба исломи ибтидоии даврони паёмбари ислом Муҳаммад ташкил мекард.

   Чун  ваҳҳобия дар пайи ҳаводиси маъмули он солҳо обрӯву мақоми худро аз даст дода буд, дертар  бо дигар ном рӯи саҳна омад. Фаъолияти ин ҳаракат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо аслан аз тариқи фазои динӣ ба фазои сиёсиву иҷтимоӣ роҳ ёфтан мебошад.

   Дар Тоҷикистон фаъолияти салафиҳо аз соли 2000-ум шурӯъ ёфта, солҳои 2005-2008 пайравони онҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар ноҳияву вилоятҳои атроф афзудан гирифт. Дар ин солҳо онҳо масҷидҳои алоҳида ташкил намуда, ба шаклу шеваҳои алоҳида ба адои намоз ва дигар фароизи динӣ идома медоданд. Пешвоён ва роҳандозони ин ҳаракат аз худи мусулмонони маҳаллӣ буданд. Онҳо шахсоне буданд, ки дар хориҷи кишвар таълимоти динӣ гирифтаанд ё ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ бо таълимотҳои динии хориҷи кишвар ошно шуда буданд. Вазорати адлияи ҷумҳурӣ соли 2009 салафияро равияи ифротӣ эътироф намуда, фаъолияти онро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ намуд.

   Ҳаракати дигари мазҳабие, ки худро ҷунбиши исломӣ медонад, ба фаъолияти ҳизби ифротию сиёсии динӣ «Ҳизби таҳрир» тааллуқ дорад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ хеле фаъол  шудааст. Аз таърихи пайдоиши ин ҳизб маълум мешавад, ки он аз тарафи  Тақийуддини Набҳонӣ (1909-1977)  соли 1953 дар Урдун таъсис ёфтааст.

   Аз аввали пайдоишаш ин ҳизб худро ташкилоти сиёсии аҳли суннат ва ҷамоат муаррифӣ намуда, баргаштан ба тарзи ҳаёти исломӣ дар асоси меъёрҳои шариатро ҳадафи  худ қарор медиҳад.  Ин ҳизб дар Осиёи Марказӣ аввал дар Ӯзбекистон ва баъд аз он ҷо дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Дар Тоҷикистон ин ҳизб бо қарори Суди Олӣ аз соли 2001 ҳамчун ҳаракати экстремистиву  ифротӣ дониста шуда, фаъолияти он манъ карда шудааст. 

   Ташкилот ё ҳаракати динии дигаре, ки дар ҷомеаҳои мусулмонӣ, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ тайи солҳои охир хеле фаъол шудааст, «Ҷамоати таблиғ»  мебошад. Пайравони ин ҳаракат худро аз фаъолияти сиёсӣ канор гирифта, ҳадафашонро аз таблиғи фазилатҳо ва муқаррароти исломӣ иборат медонанд. Маркази ин ҷамоат дар шаҳри Деҳлӣ қарор гирифтааст. Муассис ва бунёдгузори он Муҳаммад  Илёси  Кондеҳлавӣ (1886-1946) мебошад.

   Ин ҳаракат баъди солҳои 2000 - ум ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз он ҷумла ба Тоҷикистон низ роҳ ёфта, аъзоёни худро ба таблиғу ташвиқ мефиристад. Фаъолияти ин ҷамоат дар Тоҷикистон аз соли 2006-ум  манъ карда шудааст. 

   Ташкилоти дигаре, ки дар Осиёи  Миёна баъди солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолияти сиёсӣ мебарад, «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» мебошад. Ин ташкилоти исломӣ соли 1996 аз тарафи аъзоёни аҳзоби манъшудаи собиқи Ӯзбекистон, аз қабили «Ҷамъияти адолат» («Адолат уюшмасӣ»), «Ҳизби исломии Туркистон», «Лашкари ислом» («Ислом лашкарлари») ва ғайраҳо таъсис ёфтааст. Дар бисёр кишварҳо Ҳизби исломии Ӯзбекистон ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шудааст. 

   Ҳизби  наҳзати исломии Тоҷикистон  4-декабри соли 1991 ташкил шуда, бинобар вазъи номуътадили ҷомеа  фаъолияти он аз соли 1992 то соли 1997 дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома ёфт.  Баъди имзои Созишномаи умумии  истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз 27 июни соли 1997 дар асоси қарори  Раёсати Суди Олӣ аз 12 августи  соли 1999 фаъолияти он  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷозат дода шуда,  28 сентябри соли 1999 дар Вазорати адлия ба қайд гирифта шуда буд. 

   ҲНИТ тайи солҳои охир  қонуншиканиҳо, аз он ҷумла ҷиноятҳои хусусияти террористию  экстремистидоштаро  содир менамуд.  Аъзоёни ин ҳизби мамнӯъгашта дар байни аҳолӣ кинаву адоват, норозигиву иғво барангехта, ҳаёти осудаи шаҳрвандонро халалдор менамуданд ва ба амнияти  соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳдид эҷод менамуданд.

   Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 560 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнини содирнамудаи аъзоёни ҲНИТ ва 1050 ҳуқуқвайронкуниҳои  маъмурии онҳоро  ошкор намудааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ бошад,  зиёда аз 800 нафар узви ҲНИТ барои алоқамандӣ бо ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дастгир гардида, зиёда аз 1000 нафарро барои гирифтани таълимоти террористӣ- экстримистӣ ба кишварҳои хориҷӣ фиристодааст.

   Бо пайдо шудани ташкилоти нави террористӣ- Ҳизби наҳзатии  исломии Тоҷикистон дар қаламрави кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)  хатароти  даҳшатафканӣ хеле афзуд. Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои  Шанхай  Евгений Сисоев аз фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла,  махсус ба фаъолияти таҳдидкунандаи Ҳизби наҳзати исломӣ  ишора кард, ки бо қарори  Суди Олии Тоҷикистон, фаъолияташ манъ карда шудааст  ва  яке  аз садумин  созмони ифротию террористӣ эътироф гардидааст. Мақсади асосии  фаъолияти ин ҳизб на хизмат дар роҳи дину диёнат, балки  тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва амалӣ намудани мақсадҳои хоҷаҳои хориҷии худ буд. 

   Ҷанги ҷаҳоние, ки дар амал аст, ҷанги дин ва мазҳабҳое мебошад, ки экстремизми ҷаҳон хеле устокорона бо мақсади нест кардани мардуми мусулмон бо дасти мусулмонон тайёр намудааст. Албатта, дар сарзаминҳои мусулмонӣ ин кор хеле осон даст медиҳад, зеро мусулмонон дар дин ва имон муътақиданд ва он чӣ таалуқ ба ислом дорад, қабул менамояд. Ҷавононро мебояд, ба ҷомеа  ба назари ақл нигоҳ кунанд, хуб ва бадро фарқ  карда тавонанд, хушёрӣ ва  зиракии  сиёсиро   ба кор баранд, то ин ки таъриху фарҳанг, мероси бою ғанӣ ва тамаддуни гузаштагони худро бегазанд ба ояндагон расонида  тавонанд.