Тероризм аз калимаи лотини «terror» гирифта шуда, маънояш тарс, даҳшат сиёсати тарсонидан ва фуру нишондани душмани сиёсӣ бо роҳи зӯри, ҳатто бо ҷазоҳои ҷисмонӣ, кӯштор ва гайра шарҳ дода шудааст.
Терроризм ва экстримизм аз як чониб чун вабои аср хатари глобали ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гуноҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳони ва чони хар як сокини сайёра аст.
Имрӯз ҷахони муосир ба мушкилоти зиёде рӯба рӯ аст, ки аз хама хатарноктаринаш терроризм мебошад. Хусусан шакли байналмилалии терроризм, яъне терроризме, ки ба тамоми миллатҳо ва амнияти инсоният пӯшонда, онро бо ибораҳои терроризми динӣ ё терроризми мазҳабӣ низ ёдовар мешаванд.
Ҳаракатҳои террористии ба ном исломӣ оламро дар ваҳшоният қарор дода аҳолии осоиштаро кӯшта, кишварҳоро харобу ғарқи хун кардаанд. Аламовар он аст, ки барои амали кардани ғаразҳояшон гурӯҳҳои террористи аз они кишварҳо истифода мебаранд. Чавонон ҳам ба гуфтаҳои ашхоси алоҳида гӯш дода, бидуни таҳлилу идроқ аз пайи онҳо мераванд ва умре сарсон мегарданд. Бадтар аз ин ҳам ба ҷони худ ҷабр мекунанд, ҳам аҳли оилаи худро ба ғаму андӯҳ мешинонанд.

Дар замони мо шахсон ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳое хастанд,ки мехоҳанд ҷаҳон мувофиқ хости онҳо шакл мегирад. Онҳо барои ин хостаи худ иродаи бархе аз ҷавононро аз дасташон гирифта ва қисме аз қисмҳо нашъаву ҳаргуна доруҳо гузаронида, аз худ бе худашон мекунанд ва барои тадбики нақшаҳояшон истифода мебаранд. Барои мисол, ҳамин кофист, ки зиндагии чанде аз онҳои ба Сурия рафтаву даст ба сина зада «мо ҷиҳод мекунем» гӯён аз тариқи шабакаи интернет таблиғот мебаранд, шинос шавем. Бештари онхо дар гузашта ё дузду ҷинояткор будаанд, тавонистанд ба фиребу найранг дода шаванду аз зиндагиву мустақилияташон маҳрум гарданд.
Гурӯҳҳои бадхоҳ ва террористӣ барои ноил шудан ба накшаҳояшон аз дин моҳирона истифода мебаранд. Барои он, ки медонанд, ҷавонон хоҳ но хоҳ заъфи эътиқодӣ доранд ва дар баробари ин дониши мукаммалро дар бораи эътиқод ё динашон соҳиб нестанд. Аз ин рӯ шахсони бесавод, камтаҷриба ва ноогоҳ аз илмҳои диниву дунявиро ба дом мекашад. Чавонон ки нерӯи пешбарандаи ҷомеа мебошанд, набояд фирефтаи ташвиқоти дурӯғи гуруҳҳои террористӣ ва ифротӣ гарданд. Ин андеша, ки ҷавонони мо дар ҷангҳои кишварҳои бегона иштирок мекунанду дар ҳолати ҳалок гардидан шаҳид мешаванд, тамоман ғалат аст. Чӣ тавр шаҳид мешаванд, вақте тифлаконро ятим, занҳоро бева, ҷигари модари нафареро, ки бақатл расондааст, реш-реш мекунад? Ҳол он ки дини ислом одитарин шиканҷаро ба касс раво намебинад. Тавре гуфта мешавад, ҳар ки хуни як шахсро резад, ҳамчунон аст, ки хуни тамоми одамонро рехта бошад. Агар як касро аз куштан наҷот диҳад, ҳамчунон аст, ки тамоми башариятро аз куштан наҷот дода бошанд.
Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати мили, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомали Раҳмон террорист ватан, дин, мазҳаб надорад. Ин гуфтаҳои Пешвои миллатро тасдиқ карда гуфтаниам,ки ислом ҳаргиз тарафдори одамкуши набуд ва мусалмон террорист нест ва террорист ҳеҷгоҳ мусалмон шуда наметавонад. Ҳеҷ касс ҳак надорад, ки Расули акрамро ҳамчун ҷангҷӯ ва дини исломро дини зулму шиканҷа ва куштор нишон диҳад.
Барои пешгирии ин амалҳои номатлуб пеш аз ҳама ба падару модарон лозим аст, ки фарзандони худро аз шабгардӣ, бисёр вақт гузаронидан дар марказҳои интернетӣ манъ кунанд, зеро яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстримистӣ ва пайрави кардан ба ақидаҳои бегона ва тундрав маҳз шабакаҳо интернетианд.
Дар муассисаҳои таълими ҳисси худшиносии миллиро дар хонандагон бедор намуда, маданияти истифодаи интернетиро дар онҳо тарбият намуданд лозим аст.
Муҳимтарин масъалаи замони мо, дарки моҳияти ватандустӣ аз ҷониби ҷавонон, эҳтиром намудани марзу буми кишвар ва огоҳ будани ҷавонон аз таъриху фарҳанги миллат ба шумор меравад. Ҳар як ҷавони Тоҷикистонӣ, ки худро соҳиби миллат мешуморад, дар ҳифзи хоки Ватани худ бояд, ки доимо тайёр бошад.

 


Бобоев Илхом
Сардори Раёсати маорифи ноҳия