Печать
Диданд: 594

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ), ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (тероризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар тамоми қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин омилҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои диннӣ сурат мегирад.
Тероризм ва ифротгароӣ падидаи нав нест. Ҳануз дар давраҳои қадим зуҳур карда буданду гоҳ-гоҳе аз худ дарак медоданд. Онҳо нафақат дар доираи дин, балки дар дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ низ дида мешавад. Гуруҳҳои терористию ифротгароӣ, ки дар Ироқу Сурия сар бардоштаанд. Парчамашон ранги сиёҳ аст, яъне зулмоту торикист. Бо ин парчами зишти худ мехоҳанд, ки давлат ташкил намоянду ҳудудҳои онро васеъ намуда, хилофати исломиро барпо намоянд ва гӯйё «Ҳамаро мусулмони комил» гардонанд. Барои ба мақсади нопоки хеш расидан бо андешаҳои ифротгароӣ ба номи динни мубини ислом доғ оварда, мехоҳанд сафи «муборизон»-и худро зиёд гардонанд. Ин аст, ки намояндагони онҳо ба ҷаҳон паҳн гашта, бо роҳи тарғибот ва маблағҳои калон гуруҳҳои ҷавононро ба тарафдории хеш ҷалб намуда истодаанд.

Ҳодисаҳое, ки вақтҳои охир ба вуқуъ пайваста истодаанд далели ин гуфтаҳост. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ қайд намуда буданд, ки таҳлилу омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар чанд соли охир нишон медиҳанд, ки маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллии ҷавононро коста намуда, ҷалби онҳоро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ осон мегардонад.
Маҳз бо ҳамин сабаб хоҳиши баъзе ҷавонону наврасон ба арзишҳои бегона афзуда, кисми онҳо аз сабаби паст будани сатҳи шуурнокӣ ба тарғиби ғояҳои ғайр дода шуда, ба ҳар гуна ҳизбу гуруҳҳои ифротӣ шомил гардидаанд. Шомилшавии ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои терористию-экстримистӣ яке аз мушкилоти имрӯзаи натанҳо Тоҷикистон балки ҷомеаи ҷаҳони гардида аст. Аз таҳлилҳо бар меояд, ки омилҳое, ки баъзе шаҳрвандони ҷумҳурӣ, хусусан ҷавонону наврасон ба гуруҳҳои терористӣ-экстремистӣ шомил шуда ва баъдан дар муқовиматҳои мазҳабии мусалаҳона ширкат меварзанд, ки ин дар муҳити носолимии оилавӣ тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва руҳонии фарзандон, дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, тарбият наёфтани онҳо, наандешидани чораҳои муасири муқовимати иттилоотӣ, таблиғу ташвиқи ақидаҳои бегона, тамошои филмҳои характери терористию- экстримистидошта, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ таввасути шабакаҳои интернетӣ ва дигар ҳолатҳо мебошанд.
Бояд қайд намуд, мақсади асосии тероризм, халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ равона шуда, таввассути он фишор овардан ба мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он мебошад.
Зикр намудан ба маврид аст, ки на Ислом на Қуръон ва на мусулмонон тероризмро таълим намедиҳанд ва дар таърихи пайдоиши худ тероризмро таълим надоданд. Дар зери ниқоби Ислом ҳастанд гуруҳҳои терористие, ки ҷаҳони Ислом ва мусулмононро ҳамчун шахсиятҳои бераҳм ва монанди инҳо ба ҷаҳониён муарифи мекунанд.
Аҷдодони мо бофарҳанг, зираку доно ва дурандеш буданд ва мо низ бояд ба онҳо пайравӣ намоем. Насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва инсонпарварӣ тарбия намудан лозми аст. Соддагию сабукандешӣ ва гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ғайр аз пушаймонӣ чизи дигаре ба миён намеорад. Яке аз омилҳои асосие, ки ҷомеаро аз таназули маънавӣ ва афзоиши тундгароӣ боз медорад ин маориф аст. Маориф дар эҷодкорона ифода кардани ақидаҳои ватандӯстона мусоидат менамояд ва принсипҳои башардӯстӣ ва таҳамулпазириро талқин месозад. Пас моро зарур аст, ки пайваста омӯзем ва ба таҳсил рӯ оварем. Зеро дар сурати доштани дониш ва малакаи зеҳнӣ ягон ифротгароӣ бемазҳабу дин моро фиреб дода наметавонад.

 

Хуршед Ниёзов
мушовири Раёсати
маориф н. Варзоб