Терроризм  ва экстремизм  ҳамчун зуҳуроти номатлуб   ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст.  Борҳо Пешвои миллат  сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон    дар давлатҳои абаркудрати ҷаҳони, аз ҷумла,  Иёлоти  муттаҳидаи  Америка, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Аморати муттаҳидаи Араб,  Иттиҳоди давлатҳои Африка ва дар созмонҳои бонуфузи  ҷаҳони  ва ҳатто дар Конфронсҳои  байналмиллалӣ  ва борҳо дар дохили кишвар,    вилоят,  шаҳру ноҳияҳо  нисбати ин мушкилот (проблема) гуфту шунид ва мулокотҳо доир гардидааст, ки фикру андешаи худашонро бо сокинони Ҷумҳури ва кулли сокинони  сайёраи ҷаҳон байён доштаанд. 

Терроризм ва экстремизм ҳанӯз дар замонҳои қадим маъмулу машҳур буд,  вале дараҷаи инкишоф ва паҳн шавии  ӯ  дар замони муосири имрӯзаи мо ба вуқӯъ омад, ки  тамоми  сайёраи ҷаҳонро фаро гирифтааст.

Бояд қайд намуд, ки миёни аксари ҷавонон  маҳви бесаводию гумроҳи  ва ҷоҳилият ба вуҷуд омадааст, ки ин аз бепарвои   худи волидайн, омӯзгорон ва ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Борҳо Сарвари давлат аз тарбияи насли наврас  ва дуруст ба воя расонидани онҳо  бо падару модарон ва аҳли  зиёи  кишвар мулоқотҳои бешумор анҷом доданд.

Мутаасифона аксари ҷавонони тоҷик ва кулли ҷавонони сайёраи ҷаҳон  ба ин зуҳуроти номатлуб пойбанд гардидаанд, ки гӯё онҳо ба манфиати дини мубини Ислом кори хайру савобе анҷом медода бошанд.  Аммо онҳо фирефтаи дасти гурӯҳҳои террористии бо ном давлати Исломӣ гардидаанд. Парвардигори олам дар китоби Қуръон,  сураҳо ва оятҳои муборак  мефармоянд, ки Шумо пеш аз ҳама ҷиҳодро дар роҳи нафси худ  кунед, то ки муртакиби гуноҳи азиме нагардед .  Вале  ин гуна  афрод  на дониши дунявӣ доранду на дониши динӣ умри  ҷавони худро ба коми ин гуна гурӯҳҳои ифротгаро барои як миқдор маблағи ночиз ва ҳайётан зертобеи дасти дигарон шудан   месупоранд. 

    Бинобар ин ҳар як фарди солимфикр бояд нисбати ояндаи худ беаҳмиятӣ зоҳир накарда, дар пешгирии ҳолатҳои ба гурӯҳҳои террористиву экстремисти ҷалб гардидани ҷавонон чораандеши намуда, дар гул-гул шукуфонии кишвар саҳмгузор бошад.