Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум то имрӯз 20 маротиба бо Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардуми кишвар оид ба масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда муроҷиат ва суханронӣ намудаанд.

   Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташанниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам расида истодааст.

   Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба қатлу қитол, талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръӣ, балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад.

   Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шахрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

   Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

   Имрӯз Тоҷикисгон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад.  Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал, тариқи телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои “исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

   Террористону экстремистон, хоинону ватанфурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдаёрону ҳамватанони худ?

   Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон бовар накунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

   Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

   Бештар ба забон омӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами ислом ҳеҷ гуна ҷиҳод нест. Ҳама ишораҳое, ки аз номи ислом аз тарафи экстремистону террористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

   Мо ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошанд, ба иғвои хоинон дода нашаванд, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

   Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

   Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба қувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз паи омӯзишу тадқиқ бошанд.

   Дар замири ҷавонон ҳисси баланди  миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунари муосир, ҷиддияту меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул додан вазифаи насли калонсол аст.  

   Онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири тақкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми неруи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

   У.А.Абдуалимзода