Дар шароити имрӯзаи кишварҳо хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами илмҳои сиёсӣ буда, хусусиятҳо ва харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеъашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илми қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб, ҷомеъаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми ҷабҳаҳо мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд кард.
Дар тӯли чандсолаҳои охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷӯҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсатӣ ҷаҳонӣ ва байналмиллали мебошад. Хусусан дар охири солҳои 70- ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломшиносии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишвархо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардӣ ва иҷтимоиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Барои таҳкими нақши ислом дар сиёсатӣ ин кишварҳо инчунин ақоиди анъанави дар бораи ягонагии дин ва давлат, пайванди ҳаёти дуняви ва динӣ, ки дар шуури ҷамъияти миллатҳои мусулмон хеле амиқ реша давонидааст, ки нақши хело муҳимро мебозад. Ақидаҳои мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роҷе буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешавад. Хусусан баъди сукути Иттиҳоди Шӯравӣ ҷуғрофиёи амалкарди созмонҳо ва ҳаракатҳои навбаромади диниву сиёсӣ вусъат ёфта, бархе аз онҳо дар кишварҳо ва минтақаҳои мусулмоннишини пасошӯравӣ роҳ ёфтанд.

Умуман таҳти мафҳуми «созмон ё ҳаракатҳои исломӣ» қувваҳои гуногунро фаҳмидан мумкин аст. Бархе аз чунин созмонҳо ва ҳаракатҳо хусусияти экстремистӣ дошта, фаъолияти онҳо дар аксарияти кишварҳои исломӣ мамнӯъ мебошад. Гуруҳи дигари чунин созмон ва ҳаракатҳоро ҳизбҳо ва созмонҳое ташкил медиҳанд, ки дар арсаи ҳаёти сиёсии кишварҳои исломӣ озодона ва бо иҷозати қонун амал намуда, барои бунёди давлат ва ҷомеаи исломӣ тибқи меъёрҳои шариат идора кардани соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мубориза мебаранд. Аммо дар байни чунин ҳаракатҳо қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ низ вуҷуд дорад, ки онҳо вазъи ҳаёти сиёсиву ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар халалдор намуда, барои расидан ба ҳадафи худ аз ҳеҷ гунна роҳу воситаҳо, ҳатто аз террор ва зуроварӣ низ рӯ намегардонанд. Маҳз ҳамин гуна қувваҳои осоиштаи ташаккул ва такомули ниҳодҳои демократӣ дар кишварҳои исломиро халалдор сохта, кишварҳои исломиро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ тела медиҳанд.
Терроризм дар инкишофи таърихи инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанӯз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зӯрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд. Њатто дар андешаҳои муҳакиқони аҳди қадим аз ҷумла ксенофон террор дар мисоли воситаи самараноку мусбати мубориза бар зидди рақибон дониста мешуд. Аммо дар аҳди қадим мафҳуми «террор» дар маънои расмиаш истифода намегардид.
Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки дар ин лаҳзаҳои ҳасос ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, тарбия намуда, ба бегонапарастӣ ва дигар омилҳои носолим роҳ надоданро вазифаи муқаддасӣ худ шуморем.

 

Бобоев Шамшод Қурбоналиевич
Мутахассиси шӯъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Варзоб