Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе  рӯзҳои 3-4 майи соли 2018  конфронси байналмилалӣ дар сатҳи баланд дар мавзуъи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид, ки  Пешвои миллат дар хошияи кори конфронс суханронӣ намуда,  такид доштанд, ки «Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилали пайваста баҳри таҳкими муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии  гайриқонуни  гардиши маводи мухаддир   ва мушкилотҳои глобалию таҳдидҳои ҷаҳон ҳамаҷониба кӯшиш менамоянд».

Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин сарварест, ки ҳанӯз чанд сол   пеш бори аввал ҷаҳониёнро аз ривоҷу густариши терроризм   ва экстремизм бо таъкиди хос   хушдор дода буд.  Инчунин, ҳамасола дар бузургтарин ҳамоишҳои байналмилалӣ изҳор медошт, ки «Бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он дар якҷоягӣ мубориза барад».

Воқеан, ин ду мафҳум-терроризм ва экстремизм имрӯзҳо дар маркази диққати тамоми ҷаҳониён қарор гирифтааст. Ҳама шоҳид гардидему дидем, ки ҳарду чӣ гуна монеи пешрафти кишварҳои мутаррақӣ, сабаби қатли ҳазорон кӯдаки бегуноҳ ва аҳолии осоишта гардиданд. 

Террористон баҳри пиёда кардани ҳадафҳои нопоки худ аз таълимоти дини мубини ислом мунхарифона сӯистифода намуда, исломро ба сиёсат омезиш медиҳанд ва ба амалҳои нопок даст мезананд. Ҳолон, ки дин ҳамчун ойини муқаддасу пок набояд ба сиёсат вобаста ва ё омехта бошад. Амалҳои Террористие, ки дар Сурия, Ироқ, Туркия, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳо сурат гирифтанд, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Хавфноктарин силоҳи террористон ҷоҳилони худкушанд, ки бо маводи таркандаи зери либос худро дар байни анбуҳи одамон, ҳатто дар масҷидҳои ҷомеъ тарконда, занону кӯдакон ва одамони бегуноҳро ба ҳалокат мерасонанд. Боиси нигаронист, ки солҳои охир, баъзе шахсони содда ва зудбовар фирефтаи суханони дурӯғини чунин бадхоҳону бадандешон шуда, ба ҷараёнҳои ифротгаро, гуруҳҳои террористӣ ва равияҳои номатлуб мепайванданд.

Имрӯз ҷавонони бонангу номус, ватандору дурандеши кишвари соҳибистиқлоли моро лозимаст, ки аз ҳаргуна корҳои ношоиста, мисли гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ дури ҷӯян, фирефтаи суханони дурӯғини шахсони манфиатҷу нашаванд.

Тавре ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат таъкид шуддаст, ки «Қариб  70%-и аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеи пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд».

Чуноне, ки коршиносон ба ин назаранд, ки «Ба доми террористҳо бештар ҷавонони муҳоҷир ва ё мухассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд».

Барои ҷалби онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Имрӯз мебинем, ки дар тамоми дунё зуҳуроти ислом бадбинӣ доман паҳн карда истодааст. Бояд иқрор шуд, ки муборизаи терроризму экстремизмро ҳар нафаре аз равзанаи гуногун шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Ислоҳи "Терроризм" аз калимаи лотини гирифта шуда, маънояш тарс ва ваҳм мебошад. Террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амали созанд.

Экстремизм аз вожаи фарансузӣ ва лотинӣ гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона аз ҳади андоза гузаштан аст.

Албатта исломро дар ин ҷода гунаҳкор намудан ҳеҷ гоҳ ҳукми саҳеҳ набуд ва нест. Таълимоти аслии ин дини гуманистиро идеологҳои ғарбӣ аз мусалмонон бештар дарк кардаанд. Ҷомеаҳои ба қавле пешрафтаву фаъол ин нисбатдиҳиҳоро чун омили муттаҳамсоз алайҳи ҷомеаи мусулмонон истифода мебаранд.

Нахустин ғафлати онҳо ин аз таълимоти Ислом асл дур будани онҳост. Худро мусалмон меноманд, аммо ботинан дар ин эътиқоди худ ноустуворанд. Таҳаммулнопазириву эҳтироми атроф, ки асоси таълимоти Ислом аст, дарк наменамоянд. Табиист, ки ин раванди мубризаҳо терроризму экстемизм симову ҳаракати худро тағйир медиҳад. Тероризму экстремизмро идеологияҳои фаъол барои манфиатҳои худ бо василаҳои нав истифода мебаранд.

Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо терроризм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. 

 

Маъруф Неъматов

Аълочии маорифи Тоҷикистон

муаллими математикаи

МТМУ № 29 ноҳияи Варзоб