Терроризм зуҳуроти нохуш

   Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст

   Эмомалӣ Раҳмон

   Дар замони муосир мо – сокинони сайёра, гоҳ-гоҳ калимаҳои терроризму экстремизмро мешунавему ҳодисаҳои нохуш, қатлу ғорат, ноадолатӣ, вайронкорӣ ва кинаву адоватро тасаввур мекунем. Истилоҳи террор аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои тарсонидан, даҳшатафканиро дорад. Айни ҳол дар дунё якчанд намудҳои он: терроризми сиёсӣ (яъне марбут ба давлат), идеологӣ (динӣ), маҳалгароӣ, иттилоотӣ, фарҳангӣ-гуногунандешӣ арзи вуҷуд доранд.

   Ҳар як намуди терроризм зуҳуроти нохуш буда, бар зарари ҷомеа амал мекунад. Терроризм сулҳу суботи кишварро халалдор намуда, оромии мамлакатро аз байн бурдан мехоҳад. Шахсоне, ки ба гурӯҳҳои террористӣ шомиланд, барои ба ҳадаф расидан аз ҳеҷ гуна тарсафканиву зӯроварӣ, ваҳшатангезӣ дар вуҷуди инсонҳо худдорӣ намекунанд. Мақсади онҳо ноором сохтани вазъи сиёсӣ, тухми кинаву адоват коштан дар қалбҳои одамон, паст намудани мавқеъ ва эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ ва ба вуҷуд овардани бесарусомониҳо буда, ин гурӯҳ афрод мехоҳанд бо ин роҳ ҳукуматро ба даст оранд ва идеологияи худро байни мардум мунташир созанд.

   Намояндагони гурӯҳи террористӣ дар байни ҷавонон тарғиботу ташвиқотро ба роҳ мемонанд ва баҳри амалӣ сохтани ҳадафҳои худ ҷавононеро интихоб мекунанд, ки дониши комил надошта, фирефтаи суханони бардурӯғи ин гурӯҳ мегарданд. Ҷавонони камбизоат, бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ бештар ба гурӯҳҳои террористӣ шомил мешаванд. Шахсоне, ки онҳо масъул ба воридшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористианд, бо суханони зебо ва боварикунонанда мафкураи ҷавонони содаро ба пуррагӣ иваз мекунанд ва онҳоро чун ашё барои нафъи худ истифода мебаранд.

   Дар забони илмӣ ва расонаҳои ахбори омма тундгароиро радикализм, ифротгароиро экстремизм ва даҳшатафканиро терроризм мегӯянд. Терроризм амнияти кишварҳоро таҳдид мекунад. Сабаби марг ва бесарусомониҳо мешавад. Дар лаҳзаҳои ҳассос барои ҳар як миллат зарур аст, ки аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи дӯстиву рафоқат ва якдилиро пеш гирад ва аз чунин гурӯҳҳо дар канор бошад. Боиси таассуф аст, ки баъзе ҷоҳилон терроризмро ҷузъи дини мубини ислом мепиндоранд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кайд кардаанд: “Ман эътиқоди қавӣ дорам, ки ифротгароӣ, терроризм ва радикализмро ба ягон дин, аз ҷумла дини мубини ислом нисбат додан мутлақо раво нест. Зиёда аз он, аҳдоф, мазмун ва амали ин зуҳурот комилан хилофи рӯҳ ва мазмуни волои инсонии динҳо, аз ҷумла дини ислом аст. Террорист, ба пиндори ман, дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст.

   Бинобар ин, агар мо воқеан ҳам хоҳиш дошта бошем, ки наслҳои ояндаи башарият дар фазои эътимоду боварӣ ва ҳусни тафоҳум зиндагӣ кунанд, бояд аз муқобилгузории тамаддунҳо даст кашем, инсонро ба ғарбию шарқӣ, сиёҳпӯсту сафедпӯст, осиёиву аврупоӣ, мусулмону масеҳӣ ҷудо накунем ва падидаҳои ҳама гуна тамаддунро чун як узви томи тамаддуни башарӣ баррасӣ намоем. Ислом низ ба зоти хеш чун оини масеҳӣ, буддоӣ, яҳудӣ, зардуштӣ ва дигар мазҳабҳои ҷаҳонӣ як дастоварди бузурги тамаддуни башарист. Аз ин лиҳоз, терроризм ва ифротгароиро аз ниқобҳои сиёсӣ ва динӣ ҷудо карда, ҳадафҳои сиёсӣ, манфиатҳои гурӯҳӣ, шиорҳои авомфиребона ва ғаразҳои инсонбадбинии онҳоро ошкоро баён кардан ва аз истифодаи истилоҳҳои “терроризми исломӣ”, “экстремизми исломӣ” худдорӣ намудан зарур аст”.

   Бояд ки ҷавонон ин гуфтаҳоро ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта, амалҳои солеҳро ба анҷом расонанд. Ба ҳизбу ҳаракатҳои зараровар, ба монанди “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Бародарони мусалмон”, “Ҳаракати исломии Узбекистон”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ҷамоати таблиғ”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷабҳат Ан-Нусра”, “Гурӯҳи-24” ва ғайра, ки дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шудааст, шомил нагарданд.

   Баъзан ифротгароӣ тафаккури шахсии инсон мебошад ва агар шахс ин тафаккурро ба дигарон бор кардан хоҳад, ин ба тундравӣ мубаддал мешавад, зеро ӯ мехоҳад бо зӯрӣ ҳам бошад, тафаккури ӯро дигарон низ эътироф кунанду аз рӯи он амал намоянд. Ӯ ба таври қатъӣ талаб мекунад, ки ҳама аз рӯи гуфтаҳои ӯ амал кунанд ва тарзи зиндагии дигаронро ошкоро танқид мекунад, ҳатто метавонад аз зӯроварӣ истифода кунад. Аз ҳама намуди паҳншуда, ин ифротгароии динӣ мебошад.

   Ифротгарони динӣ хеле зиёд мебошанд. Онҳо ақидаву фаҳмишҳои хоси худро доранд ва ҳамеша мекӯшанд, ки ҳамагон аз рӯи ақидаҳои онҳо амал кунанд. Масалан, тарзи либоспӯшӣ, намозхонӣ, ба эътибор нагирифтани мавқеи занон, ҳамеша ба ҳамагон бо чашмони шубҳанок нигаристан ва ғайра. Ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар боло зикр шуд, дорои хусусияти ифротгароии динӣ мебошанд ва ҷавонони ба дин майлдошта бештар шомили онҳо мегарданд. Ин ҷавонон ба гуфтори онҳо, ки аз савоби шаҳидиву мавқеи биҳиштӣ сухан мегӯянд, бовар карда, ҳатто зидди волидайни хеш баромаданашон низ мумкин аст. Ифротгароёну террористон дар натиҷаи амалҳои зишти худ сабаби марги ҳазорон одамон мегарданд ва оромии мамлакатро аз байн мебаранд.

   Барои пойдории сулҳу субот, оромиву осудагӣ дар Тоҷикистони азизамон фикр мекунам, ки яке аз роҳҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ин дар замири ҷавонон тарбия кардани ҳисси ватанхоҳиву меҳанпарастӣ мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ кардани дарсҳои одоби ҳамида ва амсоли он сабаби кам шудани ҳодисаҳои нохуши ғайриинсонӣ мегардад.

   Мо – ҷавонони Тоҷикистон, бояд ҳамеша барои оромиву ободии кишварамон ҳаракат кунем. Ҳар як фарди ватанхоҳу меҳанпараст бояд амалҳои некро ба анҷом расонад, ба ҳамагон кӯмак кунад ва бар зидди амалҳои номатлуб, ба монанди терроризму экстремизм мубориза барад. Чун сиёсати созандаи Тоҷикистон ба он нигаронида шудааст, ки тамоми гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷамъиятҳои ғайриқонунӣ пурра несту нобуд карда шаванду халқи тоҷик дар фазои оромиву осудагӣ зиндагӣ кунад.

Баҳринисо Дадоҷонова