Печать
Диданд: 308

   Тоҷикистон –Ватани азизи ман  (1627 Икром Шарипов- ғолиби озмуни “Тоҷикистон ватани азизи ман”)

   Дар озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон –Ватани азизи ман», ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми феврали соли 2020 ва қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 3-юми марти соли 2020 баргузории он эълон гардидааст аз ҳисоби омўзгорон ва шогирдони мактаби бачагонаи санъати ноҳияи Варзоб дар даври ноҳиявии озмун, ки санаи 10-уми июли соли 2020 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардид, иштирокчиёни зерин ба даври минтақавӣ роҳ ёфтанд:

 сазовори ҷойи 1-ум гардиданд:

  1. Азиззода Толиб- навозанда
  2. Раҳимзода Меҳроҷиддин – навозанда
  3. Шарипов Икром – сароянда
  4. Расулов Қурбон – сароянда
  5. Рахимов Бузургмеҳр – сароянда
  6. Шарипов Умедҷон – сароянда

 

Иштрокчиёни зерин сазовори ҷойи 2-юм гардиданд:

  1. Олимов Хайриддин – сароянда
  2. Раҷабов Мурод – сароянда
  3. Норов Ҷасур – сароянда

      Ҳамаи иштирокчиёни озмун аз тарафи кумитаи тадорукоти ноҳиявӣ соҳиби диплом, ифтихорнома гардида, аз ҷиҳати моддӣ низ ҳавасманд карда шуданд.    

      Ба аври минтақавии озмун,ки  санаи 23-уми октябри соли 2020 дар қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор баргузор гардид иштирокчиёни зерин роҳ ёфтанд:

- Раҳимзода Меҳроҷиддин- номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ.

- Азиззода Толибҷон- номинатсияи навозандагӣ, жанри халқӣ.

- Шарипов Икром – номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ.

- Расулов Қурбоналӣ – номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ.

- Рањимов Бузургмењр – номинатсияи сарояндагӣ, жанри ананавӣ.

-Шарипов Умедљон – номинатсияи сарояндигӣ жанри эстрадӣ.

  Дар асосӣ қарори ҳайати ҳакамони озмун-

       Шарипов Умедҷон, Раҳимов Бузургмеҳр, Азиззода Толибҳон Расулов Қурбоналӣ – иштирокчиёни фаъоли даври мазкур дониста шуда, сазовори дипломи озмун ва тўҳфаҳои хотиравӣ гардиданд, Раҳимзода Меҳрољиддин ғолиби ҷойи 3-юм гардид, бо диплом  ва маблағи пулӣ ҳавасманд карда шуд. 

   Шарипов Икром Рустамович ғолиби озмуни даври минтақавӣ дар номинатсияи  сарояндагӣ, жанри академӣ ҷойи 1-умро соҳиб гардида, сазовори диплом, мукофоти пулӣ, инчунин роҳхат ба даври финалӣ гардид.

   Даври финалии  озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман», ки санаи 20-уми ноябри соли  2020  дар бинои театри опера ва балетаи ба номи Садриддин Айнӣ  баргузор гардид. Шарипов Икром  Рустамович - дастпарвари мактаби бачагонаи санъати ноҳия дар номинатсияи сарояндагӣ- жанри академӣ иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойи 3-юм дониста шуд.

   Шарипов Икром Рустамович соҳиби Диплом, ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ ва тўҳфаи хотиравӣ гардид.  Инчунин дар чорабинии фарҳангии ноҳиявӣ бахшида ба рўзи Парчами давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон, ки санаи 23-уми ноябри соли 2020 дар бинои қасри фарҳанги ноҳияи  Варзоб баргузор гардид, ба иштирокчиёни фаъоли озмун ва ғолибон диплому тўҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи раиси ноҳияи Варзоб мӯҳтарам Шерализода Муҳамадулло Умар  дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

 

Директори  МБС,

Ш.Ф.  Ахмедов