«Тундгароӣ» (Радикализм)- дастгирӣ ва пайравӣ ба ақидаҳои бемуросо ва таҳаммулнопазир. Раванди тундгароии ҷомеа – афзоиши шумораи тарафдорони ақидаҳои яктарафае, ки нуқтаи назари дигарро таҳаммул надоранд, ягон намуди муросоро эътироф намегунанд ва ба муколамаи самаранок моил нестанд.

Се нишонаи асосии тундгароӣ

  1. Ақидаи яктарафа
  2. Эътироф накардани муросо
  3. Сар кашидан аз муколама (диалог)

«Терроризм» (даҳшатафканӣ) – шакли ниҳоии ниҳоят хатарноки (ифротгароӣ) дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад

Ифротгароӣ ва терроризм

Мафҳуми терроризм ва экстремизм то ҳол мафҳуми мушаххас надорад. Имрӯз дар таҷрибаи ҳуқуқи байналмилалӣ таърифи воҳиде аз истилоҳи ифротгароӣ ва терроризм ба назар намерасад. Ифротгароӣ ё худ экстремизм амънои истифода аз василаву абзорҳои номуносибу мамнӯъ  барои бадаст овардани  аҳдофи сиёсӣ, миллӣ, мазҳабӣ ва ғайраро дорад.  Терроризм ё худ ваҳшатафканӣ ифротгароиест, ки ба марзи ниҳоии худ расидааст. Ҳар ду низ боиси аз байн рафтани субботу оромиш ва ҳусни тафоҳум миёни гурӯҳҳои мухталифи қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мешаванд.

Бидуни шак, имрӯз ифротгароӣ ва терроризм аз ҷиддитарин таҳдидоти суботи амнияти ҷаҳноист. Ин падида, инчунин бо қавм,  фарҳанг  ва дини мушаххасе рабте надорад. Аммо бархе аз марказҳои қудрати ҷаҳонӣ дар талоши пӯшидани либоси «исломӣ» ба тани   ифротгароӣ ва терроризм мебошад.

Ҷои таассуф аст, ки иддае аз расонаҳои кишвари мо низ ба таври айнӣ назари расонаҳои байналмилалиро, ки тобеи марказҳои мушаххасе мебошанд, такрор карда, ин гурӯҳҳоро «исломӣ» мехонанд. Дар асл ин созмону ҷараёнҳо ҳамин ҳадафро доранд, ки онҳоро «исломӣ» шиносанд, то барои ҷаҳониён тасаввури ба истилоҳ «баробарӣ ва ғайри муосир» бошад.   

Терроризм –(аз калимаи лотинии террор-маънояш  тарс) –зӯрорварии мунтазам  дар сиёсат ва дар лаҳзаҳои  бештар зиддиятнок  ва муборизхаи шадид  истифода карда мешавад ва барои ин ё он  тартибот  ё ҳаракати сиёсӣ  бисёр хатарнок аст. Мақсади терроризм ин фишор овардан ба мақомоти давлатӣ тавассути халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолист.   Дар олами муосир терроризм дар навъҳо ва шаклҳои мухталдиф амалӣ мегардад.                         

Се навъи  асосии терроризм  вуҷуд дорад:

- терроризми иҷтиимоӣ-инқилобӣ

- терроризми этникӣ- миллатгароӣ

-терроризми  динӣ 

Терроризми иҷтимоӣ-инқилобӣ бештар дар шакли ҷанги партизанӣ ба амал меояд. Љанги партизанӣ  як навъ ҷанги шаҳрвандист. Дар шароити  ҳозира ин шакли терроризм  каме маҳдуд гаштааст, аммо  терроризми этникию миллатгароӣ ва динӣ  хеле авҷ гирифтаанд. Терроризми динӣ ба он асос меёбад, ки амалҳои террористӣ бо таълимоти динӣ тақвият дода мешаванд. Чунин ҳолат бештар хосияти фардӣ ва ба фанатизими аъзои гуруҳи террористӣ нигаронида шудааст. Мафҳуми терроризм дар Конвенсияи Шанхай ҳамчун кирдоре, ки ба ғасби   зӯроваронаи   ҳокимият   ё бо роҳи зӯроварӣ ба даст овардан ё нигоҳ доштани ҳокимият мебошад. Калимаи зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он дар моддаи 3-и Ќонуни Љумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» дарҷ  гардидааст. Зӯроварӣ ҳам  рӯҳӣ (маънавӣ) ва ҳам ҷисмонӣ  шуда метавонад.

Экстремизм –ин  изҳори фаъолияти  ифротии  шахсони  ҳуқуқӣ  ва воқеӣ  ба даъвати  нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат,  ғасби  ҳокимият, ангезонидани  нажодпарастӣ, милатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад.

Амали  экстремистӣ-фаъолияти шахсони  ҳуқуқӣ ва ё воқеӣ  вобаста  ба  банақшагирӣ,  ташкилкунӣ,  иҷрои амалҳое мебошанд, ки  барои иҷрои мақсадҳои  ғаразнок  равона карда шудаанд.  Бо мақсади пешгирии фаъолияти экстремистӣ  ва терроризм мақомти ҳокимияти давлатӣ  ва идоракунӣ, мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ  ва  мақомотии худидоракунии  маҳаллӣ дар доираи ваколатҳояшон бо тартиби афзалиятнок  чораҳои  пешгирӣ, аз ҷумла  тарбиявӣ, тарғибии ба фаъолияти  экстремистӣ  равонашударо мегузаронанд. 

Мубориза бар зидди экстримизм яке аз мушкилоти рӯзмараи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, омилҳои он дар дар таҳдиди доимии эктримизм ба ҳаёт ва саломатии инсон зоҳир мегардад.

Тероризм ва эктримизми  имрӯза ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Дар чунин шароит Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон ташкил додани системаи  муассири мубориза бар зидди тероризм ва экстримизмро вазифаи аввалиндараҷа ва афзалиятноки худ мешуморад. Тероризм ва экстримизм қисми таркибии таъмини амнияти натанҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки  тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Мубориза бар зидди  тероризм ва экстримизм, ки вақтҳои охир хусусияти  байналмиллӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии  муқовимат анҷом дода шавад.