Фирқаи ваҳҳобият (салафия), чунон ки аз номаш пайдост, мансуб ба Муҳаммад писари Абдулваҳҳоб, писари Сулаймон аҳли Наҷд (мавзеъе дар Ироқ) мебошад, ки соли 1111-ҳиҷрӣ, (мутобиқ ба соли 1699 мелодӣ ба дунё омада ва соли 1206-и ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1792 мелодӣ) аз дунё гузаштааст.

Ин шахс миқдоре аз усули  диниро фаро гирифта буд ва нисбат ба мутолиаи хабарҳои муддаиёни (даъвокунандагони) нубуват аз қабили мусайлимаи каззоб, (дуруғгӯ) Асвади Ансӣ ва Тулайҳаи Асадӣ алоқаи фаровоне дошт аз ин рӯ дар ҳамон айёми таҳсил гумроҳӣ ва инҳирофи шадиде аз ӯ пайдо шуд, то он ҷо ки падар ва дигар устодҳояшро бар он дошт, ки мардумро аз вай бар ҳазар доранд ва дар бораи ӯ гуфтаанд: Ин шахс ба зудӣ гумроҳ мешавад ва Худо касонеро ки аз раҳматаш дур ва ба шақоват (бадбахтӣ) мубтало сохта бошад, ба василаи вай гумроҳ месозад.

Дар соли 1143 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1730-и мелодӣ), номбурда ба фарохонӣ ба мароми ҷадидашро оғоз кард, аммо падар ва устодҳояш дар баробари вай бархостанд ва гуфтаҳояшро ботил сохтанд ва натвонист равнақ бигирад, то он ки падараш дар соли 1153 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1740-и мелодӣ) аз дунё даргузашт. Пас даъваташро миёни саддалавҳон дубора ошкор сохт ва фурӯмоягон аз ӯ пайравӣ карданд, аммо шаҳрвандонаш бар ӯ шӯриданд ва хостанд ӯро нобуд кунанд.

Ӯ ба шаҳри Уяйна фирор кард ва ба фармонравои онҷо наздик шуд ва бо хоҳари ӯ издивоҷ кард ва назди вай мардумро ба сӯи худ ва ойини дурӯғгини худ фаро хонд, аммо мардуми Уяйна арсаро бар ӯ танг карданд ва ӯро аз шаҳри худ берун ронданд. Ӯ ба тарафи Даръийя дар шарқи Наҷд гурехт сарзамине, ки пеш аз он ҷойгоҳи мусайлимаи каззоб ва хостгоҳи фирқаҳои мунҳариф ва ойинҳои дуруғ буд. Дар ин сарзамин, афкори Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб ривоҷ пайдо кард ва фармонравои он ҷо, Муҳаммад ибни Саъуд ва оммаи мардум аз ӯ пайрави карданд.

Ин шахс бо ин ки ҳақиқатан аз касоне набуд, ки ҳатто робитае ба иқтисод дошта бошад, аммо ҳамонанди як мутаҳиди мутлақ дар тамоми умр дахолат мекард ва иҷтиҳод аз гузашта ва ҳол надошт.

Ин хусусиятро бародараш Сулаймон ибни Абдулваҳҳоб, ки аз мардуми дигар ӯро беҳтар мешинохт, барои ӯ зикр карда ва дар ҳадди даъвои бародари худ ва исботи дуруғ будани он китобе таълиф карда ва аз ҷумлаи иборати ҷомеъ ва мухтасари ин китоб дар таърихи ваҳҳобият ва бунёдгузораш ин аст:

“Имрӯз мардум ба касе мубтало шудаанд, ки худро ба ин китоб ва суннат нисбат медиҳад ва аз умуми он ду истинбот мекунад ва аз ҳар кас бо ӯ мухолифат кунад боке надорад ва мухолифони худро кофир медонад, дар ҳоле ки як нишон аз нишонаҳои иҷтиҳод дар ӯ нест, балки савганд ба Худо, ҳатто як даҳум аз нишонаҳои иҷтиҳод дар ӯ нест, бо ин вазъ гуфтораш дар бисёре аз мардуми нодон таъсир гузошт”.

Хулоса ҳамватанони азизу гиромиқадр ҳаргиз мо дунболи ҳар гурӯҳ тақлиди кур-курона накунем. Баъзе аз мардум тақлидкунандаи чашму гӯшбастаи дигарон ҳастанд ва ҳеҷ вақт аз худ ирода нишон намедиҳанд, гӯё Худованд ба онҳо иродае надодааст.

Аз ҳамин ҷиҳат, бояд нуфт умри худро барҳадар медиҳанд. Шакле нест, ки чунин касон дар радифи бе масъулияттарин инсонҳо ҳастанд. Инсон бояд фикри худро ба кор андозад ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.   

      

Гулов Муродалӣ  

Имомхатиби масҷиди ҷомеи

Ҷамоати деҳоти Чорбоғ

ноҳияи Варзоб