Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 январи соли 2018 таъкид намуданд, ки пешгирии як қатор бемориҳои ҷанбаи иҷтимоидошта, аз ҷумла вируси норасоии масунияти одам кори дастаҷамъона буда, аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулияти ҷиддиро талаб менамояд.

Вируси норасогии масъунияти одам дар қарни гузашта ба унвони «вабои асрри XX» ёд мешуд ва он бо ҳамон мушкилоти ҳалнашудаи хеш ба асри XX1 ворид шуд. Имрӯз дар қатори амалҳои номатлубе,ки инсоният барои рафъи онҳо заҳмат кашида, боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидаанд,чун терроризму экстримизм  ВНМО низ муаммои кашфнашуда дар раванди зиндагӣ боқӣ мондааст.

Дар хусуси пайдоиши ин беморӣ ақидаҳо гуногунанд. Яке онро «туҳфа» аз аҷдодони одам -горилла ва шимпанзе ҳисобида, дигаре дар он ақида аст, ки ин беморӣ ихтироотӣ  буда, вируси он дар озмоишгоҳои махсус барои кам кардани аҳолии сайёра омода шудааст, саввумин бошад мавҷудияти чунин бемориро инкор карда, онро як воситаи маблағандӯзии кормандони соҳаи тиб ва ширкатҳои дорубарорӣ меҳисобанд.

ВНМО аввалин маротиба соли 1981 дар Маркази профилактикии назорати бемориҳои ИМА дар 30 нафар мардони ҳамҷинсгаро  ба қайд қирифта шудааст. Баъд аз як сол он қариб дар аксари кишварҳои Аврупо аз мавҷудияти худ дарак дод. Босуръат паҳн гардидани ин беморӣ мутахассисони соҳаи тандурустии минтақаҳои сироятёфтаро ба ташвиш овард ва онҳо оҷилан аз пайи дарёфти манбаъ гардиданд. Ҷустуҷӯйҳо ва ташхису тахминҳо сарчашмаи сироятро муайян кард, ки он тавассути маймунҳои дар боло зикршуда ба одамон, аниқтараш ба мардони бо онҳо алоқакарда   сироят кардааст. Вале ин ҳама дар Африкаи Ҷанубӣ буд, пас дар Аврупо чӣ гуна пайдошуд? Маълум шуд, ки ин мариз  дар натиҷаи пайванд созии ғадудҳои зеримеъда аз маймунҳои сироятёфта ба одамон гузаштааст.

Сироятёбӣ аз ин вирус имрӯз дар саросари ҷаҳон инсониятро думболагир аст ва он на танҳо мушкилоти сиҳатии омма, балки хисоротҳои зиёди иқтисодию иҷтимоиро дар пай дорад.   Тибқи таҳлилҳои Созмони умуми ҷаҳонии тандурустӣ ва Барномаи вижаи Созмони Милали Мутаҳид (СММ) оид ба пешгирии ВНМО айни замон дар дунё зиёда аз 36 млн нафар сироятёфтагони ВНМО зиндагӣ намуда истодаанд. Аз оғози эпидемия то имрӯз ин сироят сабаби фавти қариб 40 млн. нафар одамони сайёра гардидааст. Фавти рекордӣ дар ҷаҳон соли 2004 ба қайд гирифта шудааст.  Дар ин сол аз таъсири ин беморӣ  2 миллион одам дар саросари сайёра ҷони худро аз даст додаанд.

Барои табобат ва пешгирии ин беморӣ соҳаҳои тандурустӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамасола маблағҳои зиёдеро масраф менамоянд.   Тибқи маълумотҳои расмии созмонҳои номбурда дар соли 2014 шумораи ҳодисаҳои нави ин сироят дар муқоиса бо солҳои пешин коҳиш ёфта, паҳншавии ин эпидемияи марговар  дар ҷаҳон тамоил ба пастравӣ дорад, ки ин яке аз дастовардҳои ҷаҳонии тибби муосир  ба шумор меравад.

Аввалин ҳодисаи сирояти ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991 ба қайд гирифта шудааст. Ҳамон сол ҷиҳати аз паҳншавӣ пешгирӣ  намудани ин беморӣ Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО таъсис дода шудааст, ки  дар солҳои минбаъда зерсохторҳои он дар  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият пардохтанд. Имрӯзҳо дар 55 шаҳру ноҳия Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО фаъолият намуда, ба ниёзмандон кумак мерасонанд

Чунон ки муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО   Дилшод иброз дошт хурсандиовар он аст, ки дар байни давлатҳои минтақа ҳолати эпидемикии сирояти ВНМО нисбатан муътадил буда, паҳншавии он дар 100 000 нафар аҳолии Тоҷикистон ба 115,7 нафар баробар аст. Ин дар ҳолест, ки ин нишондод дар Федератсияи Росссия 751,8 нафар, дар Ҷумҳурии Украина 729,1 нафар, дар Ҷумҳурии Қазоқистон 145,4 нафар, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 131,2 нафар ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 127,5 нафарро ташкил медиҳад. Ҳолати эпидемиологии вируси норасоии масунияти одам дар кишвари мо ҳам аз ҷониби мутахассисони соҳа ва ҳам аз ҷониби мушовирони байналмилалӣ ҳамчун ҳолати «эпидемияи ҷамъшаванда, яъне марҳилаи консентратсионӣ» арзёбӣ гардида, паҳншавии он бештар дар байни гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ -нашъамандони тазриқӣ, шахсони расонандаи хизматҳои шаҳвонӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо ба мушоҳида мерасад.  

Аз оғози бақайдгирӣ то имрӯз шумораи умумии сироятёфтагони ВНМО дар ҷумҳурӣ ба 9957 нафар расидааст, ки аз ин шумора 66,5 фоиз мардон ва  33,5  фоизи он  занон мебошанд.  Паҳншавии сирояти вируси норасоии масунияти одам новобаста аз синну сол ба ҳама нафарон таҳдид мекунад. Дар ин раванд, 768  нафар кӯдакони то сини 18 сола мубталои ин бемории даҳшатбор гардидаанд. Дар соли 2017 бошад, дар ҷумҳурӣ 1207 ҳодисаи нави ВНМО дарёфт гардид. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 177 нафари ин беморон -нашъамандони тазриқӣ, муҳоҷири меҳнатӣ ё дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ- онҳое  мебошанд, ки нисбати хатари ВНМО огоҳӣ доштанд, вале  ягон  маротиба  аз  ташхис  нагузаштаю  ба муассисаҳои тандурустӣ муроҷиат накардаанд. 

Шумораи  фавтидагон  аз  оғози  эпидемия (соли 1991) то 30-юми июни соли 2017  ба 2440 нафар расидааст. То оғози соли 2018 дар қайди марказҳои  ВНМО  7517  нафар  шахсони бо ин беморӣ зиндагикунанда (калонсолон ва кӯдакон)  ба  қайд гирифта  шудаанд, ки 2326 нафар ба шаҳри Душанбе, 335 нафар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон, 1534  нафар  ба  шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 1469 нафар ба вилояти Суғд ва 1878 нафар ба вилояти Хатлон рост меоянд.

Роҳҳои асосии паҳншавии сироят  дар  умум алоқаи  ҷинсӣ ва тазриқӣ ба шумор  мераванд. Оғоз  аз  соли  2010 роҳи гузариши тазриқӣ коҳиш  ёфта,  роҳи  гузариши  алоқаи ҷинсӣ рӯ ба афзоиш овардааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  солҳои охир дар натиҷаи зиёд гардидани муҳоҷирати байналмиллалӣ ҳолати эпидемикии ВНМО дар байни муҳоҷирони  меҳнатӣ ташвишовар гардида, шумораи сироятёфтагон дар байни ин гурӯҳ зиёд шуда истодааст. 

Дигар  аз роҳҳои паҳншавии ин беморӣ  бо роҳи амӯдӣ ё интиқоли беморӣ  аз модар ба кӯдак маҳсуб меёбад. Сироят дар батни модар, ҳангоми таваллуд ва ҳангоми синамаконӣ сурат мегирад. Бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти  ВНМО  аз модар ба кӯдак соли 2010 дар тамоми  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ “Барномаи пешгирии паҳншавии сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак” қабул гардидааст. Тибқи талаботҳои барномаи мазкур бояд ҳамаи занони ҳомиладор дар семоҳаи якуми ҳомиладорӣ аз ташхис гузаранд.

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ наздики  250 000 ҳазор нафар занони ҳомиладор  ба қайд гирифта мешаванд, ки ба ташхиси тибби бояд фаро гирифта шаванд. Ҳар  як нафар бояд  нисбати кору рафтори худ дар назди оила, наздикон ва ҷомеа масъулият эҳсос карда, ҳалли тамоми мушкилоти  зиндагӣ ва солимии ҷомеаро вазифаи худ ҳисобад. 

Чунонки Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, “Оилаи солим, пойдевори ҷомеаи солим мебошад”.

  Маҷнуни Карим