Саҳобагони паёмбари ислом, алайҳи салом, ва пешвоёни тамоми маҳзабҳои исломӣ: чи аҳли суннат ва чи аҳли ташайюъ аз оятҳои Қуръону ҳадисҳои Расули Худо, алайҳи салом, истинбот намуда, ҳамагӣ ба ин ичмоъ расидаанд, ки аз назари шариати исломӣ парвариш, паҳнсозӣ ва истеъмоли маводи мастиовар, аз чумла маводи мухаддир ва шароби масткунанда ҳаром аст.

Аз сабаби он, ки дар замони садри ислом машҳуртарин ва паҳншудатарин навъи маводи масткунанда шароб будааст, масъалаи ҳаром будани он аз ибтидои таълимоти исломӣ мавриди ичмои уламои исломӣ қарор гирифтааст. Илова бар ин уламои исломие, ки дар замони худ бо масъалаи маводи мухаддир бевосита ру ба ру шудаанд, низ бар ҳаром будани тамоми навҳои он фатво додаанд ва истилоҳи фиқҳӣ, «Ичмоъи уламо», яъне назари тамоми уламои исломӣ бар ҳаром будани маводи мухаддир низ ҳосил шудааст. Мувофиқи қоидаҳои усули фиқҳи исломӣ «Ичмоӣ уламо» яке аз манбаҳои аслӣ (севумӣ) ташаккули меъёрӣ шариати исломӣ буда, дар суръати ҳосил шудани ичмоъи уламо дар мавриди масъалаи муайян, он ҳукм ба ҳукми шеъри табдил шуда, ичрои он барои пайравони шариати исломӣ вочиб мегардад. Табиист, ки ичмоъи уламо дар такяи бевосита ба фармудаҳо ва мазмуни оёти Қуръони Карим ва ҳадисҳои саҳеҳӣ набавӣ ҳосил мешавад.

Ҳосил шудани ичмоъи уламои иломӣ дар мавриди ҳаром будани истеъмоли шароб ва маводи мухаддирро фақеъҳои мeтабари асрҳои гуногун зикр ва каъйид намуданд, ки фақат чанд намунаи онро меорем:

  1. Алломамуфтӣ Худо назароид ба ичмоъи пешвоёни мазҳаб ва уламои аҳли суннат дар ин маврид овардааст: «Имом Муҳаммад (р) ва дигар имомони аҳли суннат ва чамоат дар мавриди хамр, бо истидло ва оётҳо ва ҳадисҳои мутавотири воридшуда дар ин мавзe мефармоянд: Машрубе, ки зиёд нушидани он мастиовар бошад, истеъмоли каме он низ ҳаром аст»
  2. Аллома азари дар «Ал фиқалал мазоҳиби ларбаа» дар ин мавзуъ мефармояд: «Дар масъалаи ҳаром будани шароб ва дигар маводи мухаддири нопоки мисли ҳашиш ва афюн ва ғайраҳо сухани (Фатвои) тамоми уламои исломӣ ягона мебошад (Яъне иxмои уламо ҳосил шудааст)»
  3. Аллома Шамсуддини Заркаши дар китоби «Заҳрулариш» овардааст: «… Фақеҳони мазҳаби имо ва мазҳабҳои дигар ба ин назари ягона расиданд, ки истеъмоли маводи маскунанда ҳаром аст ва ин ҳукми умуми буда, гиёҳ ва ғайри онро низ дар бар мегирад.»
  4. Алома Ибни Обиддини Шомии Ҳанафӣ дар мавриди ичмоӣ уламои исломӣ бар ҳаром будани истеъмоли хамр мефармояд: «… Худованд хамрро дар Қуръони Карим ричс (Палидунопок) номидааст ва ричс чизеро ифода мекунанд, ки дар зоти худ ҳаром аст, ҳамчунин дар ин бора сунати мутавотир расидаст, ки Пайғанбар (а) хамрро харом эълон карданд дар ин маврид ичмоъи уламои исломӣ низ ҳосил шудааст…»
  5. Шайхи машҳури чаҳонӣ ислом факех Муҳаммад таки Усмонӣ, ки дар мавриди маводи мухаддир ва ҳукми он аз назари шариати исломӣ мулоҳизоти бисёр муфассал ва фатвоҳои сареҳ дорад, аз чумла дар китоби «Мачмуаи фатвоҳо» дар ин бора чунин мегeяд: «… Хато миқдори ками ҳашиш, ки масти биёварад, назди тамоми уламои исломӣ ҳаром аст, мисли миқдор ками ҳамаи маводи масткунандаи дигар».
  6. Абдулл Ибни Муҳаммади Тайёр, ки китобе арзишмандеро бо номи «Ал – мухаддирот фил фиқҳи исломӣ» (ҳукми маводи мухаддира дар фиқҳи исломӣ) таълиф намудааст, қавли назари шумораи фаровони уламои бузурги мазҳабҳои чаҳоргонаи аҳли суннат ва чамоатро таҳлилу иқтибос намуда, дар охири баррасиҳояш ба чунин хулоса расидааст: «Аз қавлҳои нақлшуда аз ин гурeҳи бузурги уламо, ки дар замонашон бо ин мавод ру ба ру шуданд, ба чунин хулоса мерасем, ки ҳамаи онҳо маводи мухаддирро мускир, яъне масткунанда меноманд ва ба ин назаранд, ки он ҳук муваъиде, ки дар Қуръони Карим барои истеъмолкунандаи хамро омадааст, истеъмолкунандагони маводи мухддирро низ дар бар мегирад».
  7. Масъалаи истеҳсол ва истеъмоли маводи мухаддира ва оқибатҳои он дар чаласаи махсуси созмони конфронси исломӣ (Мадинаи Мунаввара, 30.05.1982 бо иштироки уламои мутабари чаҳонӣ ислом таҳлилу баррасӣ гашт, ки дар поёни он намояндагони тамоми кишвари исломӣ Қатъномаи қатъиеро содир намуданд, ки дар он аз чумла омадааст:

«1. Мубориза бо маводи масткунанда маводи мухаддир бо тамоми воситаҳои имконпазир зарур мебошад.

  1. Истифодаи тамоми намудҳои маводи масткунанда ва маводи мухаддир ҳаром аст».