ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОРИ
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
аз «12» декабри соли 2024, №387
Дар бораи ташкил намудани комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маљлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 10 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, қ а р о р м е к у н а д:
1. Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар ҳайати замимагардида таъсис дода шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони
халқи ноҳияи Варзоб Дамонзода Х. Н.