Бояд тазаккур дод, ки ноњияи Варзоб бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 18 августи соли 1999, №373 њамчун минтаќаи истироњат ва туризм эълон гардида, баъдан «Барномаи маќсадноки комплексии рушди ноњияи Варзоб аз 9 ноябри соли 2000, №461 тасдиќ гардид, ки ноњияи Варзоб њамчун минтаќаи истироњатї, табобатї, санаторї ва сайёњї ба њисоб меравад.
Маќомоти иљроия, вобаста ба иљроиши барномањои давлатї оиди инкишофи устувори минбаъдаи рушди соњаи сайёњї, дар шакли индустриалї ва инноватсионї, тадбирњои алоњидаро таќвият бахшида, дар самтњои зикршуда бо маќсади ноил гардидан ба њадафњои стратегї ва дарёфти сарчашмаи даромади буљети ноњия бо шарикони рушд ва бахшњои хусусї, љињати татбиќи барномањои мазкур фаъолияти инфрасохтори соњаи сайёњиро дар ноњия дар сатњи зарурї ба роњ мондааст.
Дар ноҳияи Варзоб мувофиқи ҳисоботҳо 1000 минтақаҳои истироҳатї ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин фаъолияти 110 минтақаҳои истироҳатии оммавї мавсимї буда, фаъолияти як қатор иншоотҳои муҳими сайёҳї ба монанди минтақаҳои истироҳаии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва Маљмааи комплексии лижаронии «Сафеддара» доимї мебошад, ки дар ин минтақаҳо барои қабули сайёҳони дохилї ва хориљї тамоми шароитҳои замонавї фароҳам оварда шудааст.
Дар баробари мављуд будани ёдгориҳои таърихї, осоишгоҳҳои «Хоља-оби-гарм», «Сароб» ва пансионати «Харангон» фаъолияти доимї доранд, ки барои табобат ва истироҳати меҳмонони дохилї ва хориљї тамоми шароитҳои муосир бо хизматрасониҳои замонавї фароҳам оварда шудааст.
Њамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон ҳангоми сафари кориашон санаи 9 ноябри соли љорї ба ноҳияи Варзоб бо мақсади татбиқи рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳї, бо лоиҳаҳои бунёди истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Дуои Модар» ва корҳои созандагї вобаста ба иншоотҳои сайёҳї дар мавзеи «Сафеддара» шинос шуда, барои оғози лоиҳаҳои инноватсионї асос гузоштанд.
Маълумоти таърихї.
Ноњияи Варзоб дар минтаќаи марказии кишварамон љойгир буда, релефаш кўњї ва аз сатњи бањр дар баландии аз 1029 метр то 3000 метр воќеъ гашта, бо ноњияњои Айнї, Рўдакї, шањрњои Њисор, Вањдат ва шањри Душанбе њамсарњад мебошад. Ноњия номи худро аз номи дарёи Варзоб гирифтааст. Дарёи Варзоб аз баландињои кўњи Анзоб оѓоз ёфта, дарраи Варзобро бурида мегузарад. Дарёи Варзоб аз якљояшавии дарёњои Зидењ ва Майхура, инчунин шохобњои Сиёма, Харангон, Такоб ба вуљуд меояд ва дарозияш аз саргањи дарё 96 км, аз андароб 71км буда, масоњати њавзааш 1740 км2 мебошад. Дарёи Варзоб дар њудуди шањри Душанбе бо дарёи Лучоб њамроњ шуда, номи дарёи Душанберо мегирад ва дар интињо ба дарёи Кофарнињон мерезад. Дараи Варзоб дар байни ќаторкўњњои Њисор воќеъ гардидааст ва пањнои он аз 100м то 700 метр мерасад. Иќлимаш муътадил аст. Аз дарраи Варзоб роњи автомобилгарди Душанбе-Чаноќ мегузарад. Дараи Варзоб тавассути наќби «Истиќлол» ќисмати љануби љумњуриро бо ќисмати шимолии он пайванд месозад.
Маркази ноњияи Варзоб мавзеи Зоѓар буда, дар баландии 1060 метр аз сатњи бањр ќарор дорад. Масофа аз маркази ноњия то пойтахти љумњурї-шањри Душанбе тавассути роњи Хуљанд-Душанбе 25,5км мебошад. Ноњия 0,001% њудуди умумии љумњуриро ишѓол менамояд. Масоњати умумии ноњия 164,2км-ро ташкил медињад. Ќисми зиёди ноњияро (96%) кўњњо ташкил дода, заминњои кишоварзї163133 га, заминњои корам 2276 га, чарогоњњо 67799 га, заминњои боѓот 794 га, 5-га боѓи обї, алафдарав 299 га, назди њавлигї-2206 га, 181 га обї, заминњои Президентї 800 га, заминњои љангал-бешазор 8176 га, буттазор 2326 га, заминњои зери об 705 га, роњ ва чорвогузар 436 га, зери иморат 1073-га, дигар намуди заминњо 76263 гектарроташкил медињад.Њамагї дар ноњия 260 гектар замини обї мављуд аст.
Ноњияи Варзоб дорои ёдгорињои таърихию фарњангї (монументалї) ва меъмории дорои ањмияти љумњуриявї ва мањалї мебошад, ки рўйхати онњо дар тањияи Фењристи давлатии ёдгорињои моддии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудаанд.
Яке аз ин ёдгорињои таърихї ва арзишњои табиї Хоља-Сангхок мебошад, ки дар баландии зиёда аз 3000-метр воќеъ гардида аз чашмањои оби маъданї низ бой аст. Таркиби об аз моддањои менералї бой мебошад. Дар таркиби он магний, калий, калтсий, натрий, оњан ва дигар моддањо мављуданд, ки барои муолиљаи меъда, љигар ва бемории ќанд истифода мешавад.
Љињати иљроиши барномањои давлатї оиди ташкил намудани инфрасохтори соњаи сайёњї, дар ќисмати ѓарбии ноњияи Варзоб, бо дастгирии соњибкори ватанї, роњбарияти ЉДММ «Сафед-дара» Маљмааи комплексии лижаронї «Сафед-дара» сохта мавриди истифода ќарор дода шуд, ки Маљмааи мазкур барои ќабули мењмонони дохилї ва хориљї тамоми шароитњои замонавиро фароњам овардааст. Дар он љо ошхонаи замонавї, мењмонхонаи замонавї, фаъолияти хизматросони тариќи кортњои электронї ба роњ монада шудааст. Дар Маљмааи мазкур кормандони собиќадор ва пуртаљриба фаъолияти корї доранд, ки њангоми ќабул ва гусели мењмонон хушмуомила буда дар ин раванд вазифањои хизматиашонро дар сатњи баланди касбї иљро менамоянд.
Инчунин дар дохили Маљмаа мактаби варзишии намудњои зимистона фаъолият дорад, ки мурабиёни касбї дар якљоягї бо намояндагони федератсияи варзишї, барои иштирок дар мусобиќањои дохилї ва берун аз кишвар варзишгаронро тайёр менамоянд. Ќайд кардан ба маврид аст, ки мањз тарбиягирандагони њамин мактаби варзишї, варзишгарони ноњия Варзоб аз ин намуди варзишї лижаронии кўњї, дар мусобиќањои байналхалќї ва бозињои Олипиадаи зимистона иштирок намудаанд ва менамоянд.
Мавзеъи дигари зебои ноњия ин дарёи «Сиёма» буда, аз ќисмати шимоли ноњия оѓоз гардида, ба резишгоњи дарёи Варзоб мерезад. Соли 2001 дар озмуни байналхалкии «Оби тоза», ки дар ИМА баргузор гардида буд, дар ќатори дањ љои аввал љой гирифта ва соњиби љоиза гардид.
Олами набототи Варзоб низ гуногун буда, растанињои мевадињанда, ороишї, доругї ва асаловар хело бисёранд. Аз 145 намуд растанињои худрўйи ноњияи Варзоб дар соњаи тиб доруворї тайёр карда мешавад. Арчазорњо 50-фоизи љангалзори ноњияро ташкил медињанд.
Олами њайвоноти ин диёр низ гуногун аст. Дар кўњу дарањо намудњои мухталифи њайвонот ба монанди хирс, гург, ќашќалдоќ, хуки ёбої, оњу, љайра, рўбоњ ва саѓур пањн шудаанд. Дар ноњияи Варзоб 46-намуди парандагон аз ќабили уќоби морхур, каргас, булбул, кабк, мусича, гунљишк, фароштурук, мурѓи њилол, соч, саъба ва ѓайрањо мављуданд. Вазъи сайёњи дар ноњияи Варзоб.
Соњаи сайёњї дар Љумњурии Тољикистон яке аз соњањои афзалиятнок ба њисоб рафта, бањри рушди ин соња як ќатор барномањои давлатї ќабул гардида, мавриди татбиќ ва амал ќарор доранд.
Маќсади асосии сиёсати давлатї дар соњаи сайёњї, ин таъмин намудани шароити мусоиди њуќуќї барои ташкили фаъолияти самарабахши субеъктњои фаъолияти сайёњї ва дар ин замина таъсис додани бозори самаранок ва раќобатпазирї соњаи сайёњї дар ноњияи Варзоб мебошад.
Инкишофёбии соњаи сайёњї барои Љумњурии Тољикистон омили муњимтаринест, ки обрўю эътибори онро балантар бардошта, мароќи сармоягузоронро љалб намуда, оиди ташкил намудани љоињои иловагии корї дар мамлакат мусоидат мекунад.
Тамоюлњои инкишофи инфрасохтори сайёњї бештар аз устувор гардонидани таваљљуњи хоса ва танзими давлатии фаъолиятї сайёњї дар сатњї умумимиллї, ки бо стратегияи муосири пешрафти хизматрасонии сайёњї мувофиќ мебошад, вобаста аст.
Њамзамон ташакули стратегияи муосири маркетингї љињати тањия ва пешбурди минбаъдаи мањсулоти сайёњї дар бозорњои дохилї ва хориљї дар асоси брендї миллї, яке аз вазифањои асоси барои рушди сайёњї дар ноњияи Варзоб ба њисоб меравад.
Дар бозори љањонии сайёњї Љумњурии Тољикистон сарфи назар аз иќтидори зарурии мављуда, мавќеъи намоёнро ишѓол менамояд ва мутобиќан ба њиссаи кишвар ќисмати ночизи гардиши сайёњии љањонї рост меояд. Барои рушди минбаъдаи иќтисодиёти ноњияи Варзоб соњаи сайёњї наќши муњим дошта, он яке аз соњањои афзалиятнок ва муњим ба њисоб меравад. Ба ноњияи аз давлатњои собиќ Шўравї ва дигар давлатњои хориљї, сайёњони зиёд омаду рафт доранд. Мањз тариќи ноњияи Варзоб сайёњон ба пойтахти кишвар ворид мешаванд.
Солњои охир шумораи зиёди сайёњон барои сайёњат ва фароѓат аз ноњияи Варзоб дидан менамоянд, ки маблаѓи умумии аз њисоби ба сайёњон пешнињод намудани хизматрасонї ба ќисми даромади буљет, њамчун андоз ба буљети мањаллии ноњияи Варзоб ворид гардидааст.
Рушди соњаи сайёњии байналмиллалї барои сайёњони хориљї ва дар ин замина ташкил намудани инфрасохтори сайёњї, мењмонхонањо, фароѓатгоњо метавонад махсусан барои љавонони ноњия, дар муњаё намудани љойњои нави корї, заминаи воќеї гузорад.
Бо дарки мањфуми рушди сайёњї ањолии ноњияи Варзоб сатњу сифати хизматрасониро ба сайёњон сол аз сол бењтар намуда истодаанд. Дар Љамоатњои шањрак ва дењоти ноњия марказњои тиљоратї, ошхонањо, мењмонхонањо ва нуќтањои фўруши сўзишворї барои хизмат расонидан ба мењмонону сайёњон фаъолият намуда истодаанд.
Тибќи нишондињандањои омории бозори сайёњї, дар давраи солњои 2000 то 2017, дар ноњия тамоюли устувори баландшавии гардиши сайёњї ба назар мерасад, ки ба он пеш аз њама, вазъи мўтаъдилї сиёсати дохилї ва ичтимоию иќтисодии кишвар мусоидат менамояд.
Тањлилњо нишон медињанд, ки дар сурати тањияи маводи сайёњии миллї дар заминаи ёдгорињои осори фарњангїию таърихї ва хусусиятњои табиию рекреатсионии ноњияи Варзоб, табдили бонизом ва самараноки он ба бозори хизматрасонии сайёњї, воридшавии бештари сайёњони хориљї ба ноњия таъмин карда мешавад ва барои ањолии ноњия љойи иловагии корї муњаё гардида, шароити некуањволї таъмин ва буљаи давлат низ ѓанї мегардад.
Бинобар ин, босифат ташкил намудани чорабинињои тарѓиботї оид ба љалби сайёњони хориљї ва васеъ намудани арзњои мењмоннавозї барои бењтар намудани имиљї ноњия, њамчун минтаќаи сайёњии љумњуриявї мусоидат менамояд. Захирањои табиию фароѓатии ноњия, мављудияти ёдгорињои таърихї ва фарњангї, фарќиятњои этникї,расму оини хоссаи мењмоннавозии мардуми ноњия, чашмањои шифобахш, куќуллањои аз 3000 метр боло, дарёњои кўњї ва гиёњои нодиру шифобахш, мавќеи хосї љуѓрофї имконият медињад, ки дар ояндаи наздик дар њудуди ноњия навъњои афзалиятноки сайёњї ривољ дода шаванд;
-куњнавардї, сайёњї пиёдагардии кўњию варзишї ва экологї;
-сайёњии аспї;
-сайёњии автомобилї;
-сайёњї ва экологї;
-сайёњї, табобатї санаторию курортї ва истироњатї;
-сайёњии касбї;
-сайёњии таърихию омўзишї ва этнографї;
-рафтинг (ќаиќронї дар дарёњои кўњї);
-варзиши лижаронии кўњї;
-сайёњии шикорї барои хориљиён.
Тањлил ва њисоботњои омории воридшавии сайёњони дохилї ва хориљї дар ноњия шањодат медињад, ки вобаста ба хусусиятњои табиию рекреатсионии кишвар аз љониби туристони хориљї афзалият ба навъњои сайёњии экологї, варзишї кўњї ва экстремалї дода мешавад. Бинобар ин, лозим аст, ки кори самараноки хадамоти махсуси наљотдињї дар сохтори давлатии њолатњои фавќулода ба роњ монда шавад.
Дар њудуди ноњия иншоотњои гуногуни фароѓатї, дарањои зебои мавфтункунанда ва дорои гиёњњои шифобахшу дарёчањои пурамвољи Кондара, Ѓусѓарф, Харангон, Очук, Такоб, Зидењ, Сиёма, Майхура, Лучоб ва Чорбоѓ мављуд буда, ќалби мењмонони дохилию хориљиро тасхир менамоянд. Дар ин дарањои тамошобоб роњи мошингард ва пайрањањои сайёњї мављуданд ва мавзеъњои тамошобобу фароѓатї барои љалбї хориљиён мебошанд.
Ба рушди минбаъдаи сайёњии экологї дар Тољикистон истифодаи имкониятњои њудудњои махсуси њифзшавандаи табиї, ки беш аз 22%-и ќаламрави Тољикистонро дар бар мегирад, мусоидат менамояд. Дар ноњияи Варзоб бошад, аз љумла, «Боѓи ботаникии ноњияи Варзоб», ки дорои экосистемањои нодири табиї ва њайвонотї гуногуни љолиби диќќати сайёњонї хориљї ва дохилї мебошад, ба рушди минбаъдаи сайёњї мусоидат хоњад намуд.
Дар ин љода ќайд кардан лозим аст, ки дар ноњия роњњои автомобилгардї Душанбе-Чаноќ њамчун пайвангарди минтаќањои истироњатї ва барои эњёи сайёњї дар «Шоњроњи бузурги Абрешим» заминагузорї менамояд.
Шоњроњи автомобилгардї354-километраи Душанбе-Бўстон-Чаноќ, ки тибќи шартномаи консепсионї байни Њукумати Љумњурии Тољикистон, нигоњдориаш ба зиммаи яке аз Ширкатњои шарикї, Филиали Ширкати Сањомии «Инновейтив Роуд Солюшенз ЛТД» дар Љумњурии Тољикистон ба муњлати 30-сол вогузор карда шудааст, барои рушди соњаи сайёњї хело ањмияти муњим дорад.
Филиали Ширкати Сањомии «Инновейтив Роуд Солюшенз ЛТД» дар Љумњурии Тољикистон, фаъолияти кориашро дар асоси барномањои давлатї ба роњ монда, дар ин раванд барои таъсиси љойњои нави корї, ва инчунин њадафи дигари стратегии он аз бунбасти коммуникатсионї пурра рањо намудани Љумњурии Тољикистон мебошад, ки дар ин замина корњои назаррасро амалї карда истода, барои дар сатњи байналмилалї мутобиќ намудан ва нигоњ доштани роњи мошингард чорањои зарурї андешида истодааст.
Дар ноњия 25 ёдгорињои таърихї мављуд мебошад, ки аз он 17 ёдгорињои бостонї 8 ёдгорињои меъмории дорои ањамияти љумњуриявї ва мањаллї мебошад, ки рўйхати онњо дар тањияи Фењристи давлатии ёдгорињои моддии Љумњурии Тољикистон ба ќайд гирифта шудааст.
МАЪЛУМОТНОМА ОИД БА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”” аз 20 январи соли 2018, №АП 992 бо қарори раиси ноҳия таҳти роҳбарӣ ва иҷро қабул карда шуда, дар маҷлисҳои машваратии раиси ноҳия мавриди баррасӣ ва чораҷӯйӣ қарор дода шуд. Дар ин раванд нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тасдиқ гардида, ҷамъбасти “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” рўзи 22 декабри соли ҷорӣ дар ноҳия гузаронида мешавад.
Дар самти рушди ҳунармандӣ ва шуғли аҳолӣ дар давраи ҳисоботӣ Шумораи муроҷиаткунандагон барои ҷойи кор 1610 (925 зан) нафарро ташкил дод, ки 432 (255 зан) нафар бо ҷойи корӣ доимӣ сафарбар гардиданд. Аз ин шумора ба 1109 нафар мақоми шахси бекор дода шуд. Дар ин давра ба 140 нафар бекорони дар қайдбуда 62800,72 сомонӣ кўмакпулӣ пардохт карда шуд. Ҳамзамон 6 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар он зиёда аз 2155 нафар шахсони корҷўй ширкат варзиданд. Дар ярмарка аз ҷониби 111 ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ 792 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардид. Ба 141 нафар роҳхат барои кор дода шуд, ки аз ин теъдод 42 нафар ба ҷойи кори доимӣ, 138 нафар ба курсҳои омўзишӣ ва 90 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд. Дар асоси шартномаи дутарафа бо ҶДММ “Сафеддара” 20 нафар ва бо соҳибкори инфиродӣ Дўстов Шермаҳмад 70 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок фаро гирифта шуданд.
Дар соли ҷорӣ 200 нафар аз ин 186 занон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд, ки ба 100%-и нақша баробар аст. Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллӣ байни ҷавондухтарон ба мисоли қолинбофӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, зардӯзӣ, шерозбофӣ, қаннодӣ ва ғайра дар маҳалҳо дар ноҳия ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шуда, маҳфилҳои гуногун дар назди муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва мактаби бачагонаи санъат амал менамоянд. Ба курсҳои кӯтоҳмуддат 16 нафар барои омӯзиши касби адрасбофӣ ва 15 нафар бо ихтиссоси дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти ба номи С. Айнӣ, 20 нафар бо ихтиссоси дӯзанда- гулдӯз, 24 нафар бо ихтиссоси дўзанда-қуроқдўз ва 21 нафар бо дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғ, 20 нафар бо касби дӯзандаи либосҳои мактабӣ дар Ҷамоати шаҳраки Такоб, 20 нафар занону духтарон бо ҳунари дўзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Лучоб фаро гирифта шуда, 62 нафар занони дигар бо роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия бо ихтиссосҳои гоногун ба Марказҳои таълимии шаҳри Душанбе касб омӯхтанд.
Дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди раёсати маорифи ноҳия 23 маҳфил амал мекунанд, ки барои ба омўзиши ҳунари сабадбофӣ, дўзандагӣ, қолинбофӣ, чеварони миллӣ, қуроқдўзӣ, зардўзӣ, коркарди чўб, гулдўзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастони моҳир, мўҳрабофӣ ва ғайра фаро гирифтани 712 нафар хонандагон аз ин 452 нафар духтарон тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Дар мактаби бачагонаи санъати назди бахши фарҳанги ноҳия низ 28 синфхона амал мекунад, ки аз он ҷумла ҳунари заргарӣ, кандакорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, гулдўзӣ, зардўзӣ, қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ ба 444 нафар хонанда аз ин 213 нафарашон духтарон омўзонида мешавад. Ҳунари хонандагони маҳфилҳо дар соли ҷорӣ дар намоишҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҳунармандони ноҳия дар баргузории ҷашни Сада дар Боғи “Дӯстии халқҳо” , намоишҳои “Зардӯзи беҳтарин”, “Ⱪуроқи беҳтарин” дар маркази савдои “Ашан” ва дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ “Кулчақанд лаззатбахши хони мо” ва “Таомҳои миллӣ” дар майдони маркази савдои “Ёвар”, “Рӯзи оҳангарон”, “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, ва озмуни телевизионии “Гуларӯс” дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе, фестивали-озмунҳои “Чакандӯзон” дар Боғи ба номи Садриддин Айнӣ ва “Оши палав” дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе иштироки фаъолона намуда, бо Ифтихорномаву Сипосномаҳои вазорату кумитаҳо сарфароз гардиданд.
Аз рӯйи нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ озмун ва маҳфилҳои “Восифони забон” “Ҷавонони ваҳдатсаро”, “Аскарони беҳтарин”,, “Тифлакони зирак”, “Донишвар”, “Нури хирад”, “Сулҳпарвар”, “Ⱪанноди беҳтарин”, “Маҳфили дугонаҳо”, расми беҳтарин дар мавзӯи “Манзараи беҳтарини Варзоб”, “Ворисони Айнӣ”, “Дӯстдорони Айнӣ”, “Ояндасози миллат”, “Пайравони Пешвои миллат”, даврҳои аввали фестивал-озмунҳои ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон”, “Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ” ва “Беҳтарин оилаи ҳунарманд”, “Гузаргоҳи ҳунармандон”, озмуни ноҳиявии “Кани духтарон” байни духтарони 24 муассисаҳои таълимии ноҳия “Сайидохонӣ”, “Забони модариро пос дорем”, “Сайидосаройӣ” ва “Андалеб-2018”, баргузор гардиданд. Дар шартҳои озмуну маҳфилҳои мазкур ҳозирҷавобӣ, эҳёи анъанаҳои мардумӣ байни ҷавонон, ҳунарҳои мардумӣ, таом ва либосҳои миллӣ, зебоипарастӣ, забондонӣ ва шеърхонӣ мавриди баҳодиҳӣ қарор дода шуд. Барои ҳавасмандгардонӣ ҳунармандони ноҳия дар баргузории санаҳои таърихӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ҷиҳати омода намудани пешхизматҳои касбӣ, ошпазҳои чирадаст барои пухтани хўрокҳои миллии парҳезӣ чорабинӣ ва озмунҳои гуногун дар ноҳия гузаронида шуда, ошпазҳои ноҳия иштироки фаъолона доштанд. Ба масъулини ошхона ва минтақаҳои истироҳатии ноҳия барои васеъ намудани таомномаи расмӣ дастур дода шудааст. Дар ин раванд озмунҳои “Кадбонуи беҳтарин” “Тамҳои миллӣ” ва “Оши палав” дар минтақаҳои истироҳатии оммавии ноҳия гузаронида шуда, беҳтаринҳо бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳои мақомоти иҷроия ҳавасманд гардонида шуданд.