Дар асоси нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар нимсолаи дуюми соли 2024 бо қарори раиси ноҳияи Варзоб аз 17 декабри соли 2024, №282 иҷлосияи бистунуҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб, даъвати шашум санаи 27 декабри соли 2024 соати 10-00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб баргузор мегардад.
Дар кори иҷлосияи маскур чор масъала мавриди бараси қарор дода мешавад, аз ҷумла:
- Дар бораи ҳисоботи раиси ноҳияи Варзоб «Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи Варзоб дар соли 2024»
- Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Варзоб барои соли 2025 ва тасдиқи иҷро шудани буҷет дар соли 2023»,
- Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андозҳои маҳаллӣ,
- Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси ноҳияи Варзоб.