Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти роҳбарии роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович ва раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқ Ниёзов Давлатшоҳ Ҳайдарович ҷаласаи навбатии Комиссияи ноҳиявии интихобот дар назди роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия баргузор гардид, ки дар рафти ҷаласа муовин, котиб ва аъзои комиссияи ноҳиявӣ ва раисону аъзоёни ҳавзаву учаскаҳои интихобот иштирок намуданд.
Нахуст, раиси комиссия Ниёзов Давлатшоҳ Ҳайдарович ҷаласаро оғоз намуда, оид ба баргузории интихобот, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ва баррасии масъалаҳои ҷойдоштаи раванди интихобот муҳим арзёбӣ намуданд.
Баъдан, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович таъкид карданд, ки интихобот ин маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ озод, шаффоф ва ошкоро баргузор намудани он омили таҳкими эътимоду боварӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсад боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ зарур мебошад.
Дар охир роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович вобаста ба масъалаи рӯзнома ба масъулин дастур доданд, ки ҳама ҳавзаву участкаҳои интихоботӣ саривақт омода гардида ва барои ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Орифҷон Олимзода