Санаи 8-уми январи соли 2025 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб маҷлиси якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ вобаста ба пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Рӯдакӣ №9 бо иштироки роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шерализода Муҳамадулло Умар, раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир ва Рӯдакӣ Ҳомидзода Насимҷон Ҳомид, муовини якуми раиси ноҳияи Варзоб Раҷабзода Бобоназар Раҷаб баргузор гардид.
Дар кори маҷлис узви Кумитаи иҷроия, намояндагони Комиссияи ҳавзавии интихоботӣ оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатаи Рӯдакӣ №9, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони халқ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», Шӯрои собиқадорону фаъолони ҳизб ва дигар шахсони мутасаддӣ ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзномаи маҷлиси Кумитаи иҷроия баррасии се масъала ба миён гузошта шуд.
- Шаҳру тавзеҳ ва тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024;
- Таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб;
- Пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Рӯдакӣ №9.
Маҷлисро раиси Кумити иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб Қосимзода Маҳтоб Пир оғоз намуда, меҳмононро барои ташриф оварданашон хайрамақдам намуданд.
Баъдан, оид ба масъалаи якуми рӯзнома узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Шерализода Муҳамадулло Умар баромад намуда, зимни суханрони худ қайд намуданд, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Сипас, Шерализода Муҳамадулло Умар ёдовар шуданд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар хотиррасон намуданд, ки «Бо итминон изҳор менамоям, ки мо ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро, хусусан, то ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем».
Дар робита ба масъалаи мазкур, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба овоз гузошта шуда, вобаста ба он қарори дахлдор қабул карда шуд.
Тибқи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис, Ситоди пешазинтихоботӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Варзоб таъсис дода шуда, ҳайати он иборат аз 33 нафар тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис, номзадии Шерализода Муҳамадулло Умар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Рӯдакӣ №9 ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроия пешниҳод гардида, дар ин замина, номзад муаррифӣ карда шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Шерализода Муҳамадулло Умар ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ сабти ном карда шуда, аъзои Кумитаи иҷроия вобаста ба масъалаи мазкур мавқеи худро муайян намуданд.
Ҳамин тариқ, номзадии Шерализода Муҳамадулло Умар ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ҳудудии якмандатаи интихоботии Рӯдакӣ №9 пешбарӣ гардид.
Дар охир, Шерализода Муҳамадулло Умар суханронӣ карда, барои бовариву эътимоди мардум арзи сипос баён намуданд.
Дар фарҷоми маҷлис роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон Умар бо назардошти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2024, рақами 882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки интихобот ин маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ озод, шаффоф ва ошкоро баргузор намудани он омили таҳкими эътимоду боварӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсад боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ зарур мебошад.
Илова бар ин, Абдураҳмон Хонзода таъкид карданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА