
Баргузории ҳар интихобот якчанд давраро дар бар мегирад ва яке аз марҳилаҳои муҳими он марҳилаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ маҳсуб меёбад. Муҳиммияти ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз он иборат аст, ки дар ин марҳила номзадҳо барномаҳои худро ба интихобкунандагон пешниҳод менамоянд ва бо ин васила худро муаррифӣ мекунанд. Маҳз дар ҳамин давра тавассути ташвиқоти пешазинтихоботӣ бо пешниҳод намудани барномаҳои худ аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ метавонанд боварии мардумро ба даст биёранд ва дар раванди овоздиҳӣ таваҷҷуҳи ҷомеаро ба худ ҷалб созанд.
Ҳангоми гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ асосан ҳадафу мақсадҳои номзадҳо ба интихобкунандагон пешниҳод мегардад, ки баъди ба даст овардани пирӯзӣ дар ин сабқати сиёсӣ, ҳамчун вакили халқ баҳри амалӣ намудани онҳо кӯшиш менамоянд. Барномаҳои номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ асосан инъикоскунандаи сиёсати пешгирифтаи роҳбари сиёсӣ буда, татбиқи ҳамаҷонибаи ҳадафҳои ҳизби сиёсие, ки номзадро пешбарӣ намудааст, ҳаллу фасли муаммоҳои дорои хусусияти маҳаллӣ, сифатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳо муҳтавои онро ташкил медиҳад.
Қонунгузор дар масъалаи ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқ дар моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ва дар моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муқаррар намудааст, ки ташвиқоти пешазинтихоботӣ аз рӯзи бақайдгирии номзад оғоз гардида, як шабонарӯз пеш аз овоздиҳӣ қатъ мегардад. Ташвиқот бурдан дар рӯзи овоздиҳӣ манъ аст.
Дар марҳалаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки номзадҳои худро пешбарӣ намудаанд, инчунин, ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода шудааст, ки ба тарафдории номзадҳои худ ташвиқот баранд.
Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ қонун кафолат додааст, ки хислатҳои сиёсӣ, корӣ ва шахсии номзадҳоро ба вакилӣ озодона ва ҳаматарафа муҳокима кунанд, онҳоро муаррифӣ намоянд, ҳамчунин онҳо ҳуқуқ доранд, ки дар маҷлисҳо, матбуот, радио, ва телевизион ба тарафдорӣ ё зидди номзадҳо ташвиқот баранд.
Дар маъракаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба номзадҳо ба вакилӣ ҳуқуқҳои баробарро қонунгузор муқаррар кардааст. Ба ягон номзад ё ҳизби сиёсӣ дар маъракаи ташвиқоти пешазинтихоботӣ имтиёз дода намешавад.
Масалан, ҳам номзадҳои аз ҷониби ҳизби сиёсӣ ва ҳам бо роҳи худпешбарӣ пешбаригадида ҳуқуқ доранд аз воситаҳои ахбори омма бо асосҳои баробар истифода баранд, вохӯриҳоро бо интихобкунандагон дар шакли барои ҳарду ҷониб мувофиқ, ташкил намоянд. Васоити ахбори омма, ки дар маъракаҳои пешазинтихоботии номзадҳо иштирок менамоянд, ҳуқуқ надоранд ба нашри ахбороте, ки шаъну шараф ва обрӯю эътибори номзадро паст мезананд, роҳ диҳанд.
Комиссияҳои интихобот якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мусоидат намуда, дар бораи вақту маҳалли баргузории вохӯриҳо ба интихобкунандагон хабар медиҳанд (қисми 3, моддаи 34, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»).
Дар ташвиқоти пешазинтихоботии номзадҳо ба вакилии Ҷамоат комиссияи ҳавзавии интихоботӣ мусоидат менамояд. Ҳангоми ташвиқот истифодаи методҳои маҷбуркунии руҳӣ, ҷисмонӣ, динӣ, сӯиистифодаи озодии воситаҳои ахбори омма, ташвиқоте, ки ҳисси бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллиро бедор мекунад, ба ғасби ҳокимият, зӯран тағйир додани сохти конститутсионӣ, вайронкунии тамомияти давлат даъват менамояд, ташвиқоти ҷанг ва дигар шаклҳои сӯиистифодаи воситаҳои ахбори омма, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардааст, иҷозат дода намешавад (қисмҳои 2 ва 3 моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»).
Баромадҳои шахсони боэътимод дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба имидҷи номзад ба вакилӣ бетаъсир нест. Аз ин рӯ, дар ин давра номзадҳо ба ҳайси шахсони боэътимод, аз нафарони обрӯманду боэҳтиром, кордидаву рӯзгордида, нотиқон ва дигар табақаҳои зиёии аҳолӣ истифода менамоянд. Айни замон дар аксарияти марказҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо шабакаҳои радиову телевизионҳои маҳаллии хусусӣ, рӯзномаҳои давлатӣ, маҷаллаҳои соҳавӣ, моҳномаҳои ҳизбиву матбуоти даврӣ, ба таври қонунӣ фаъолият намуда истодаанд, ки номзадҳо метавонанд аз онҳо самаранок истифода намоянд.
Номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ вазифадоранд, ки ташвиқоти пешазинтихоботиро дар асоси талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд ва бояд ҳодисаҳои беэҳтиромӣ нисбати ин ё он номзад ба вакилӣ роҳ дода нашавад.
Азизӣ Моҳистон БЕРДИЗОДА,
узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон