Ноҳияи Варзоб моҳи октябри соли 1934 таъсис ёфта, то соли 1959 арзи вуҷуд дошта, аз соли 1959 то соли 1991 ба ҳайати собиқ ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) ҳамроҳ карда шуда, соли 1991 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ноҳияи мустақил аз ҳайати ноҳияи Рӯдакӣ ҷудо карда шуд.
Таърихи пурраи ноҳия то ҳол пурра тадқиқ нашудааст. Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихӣ — зиёратгоҳҳои Хоҷасангхок ва Хоҷа Оби Гарм мавҷуд мебошанд.
Харитаи ҳудудҳои маъмурии ноҳияи Варзоб
Маълумоти ҷуғрофӣ ва иқлими ноҳия.Ноҳияи Варзоб дар минтақаи марказии кишварамон ҷойгирбуда, релефаш кӯҳӣ ва аз сатҳи баҳр дарбаландииаз 1029 метрто 3000 метр воқеъ гашта, бо ноҳияҳои Айнӣ, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия номи худро аз номи дарёи Варзоб гирифтааст. Дарёи Варзоб аз баландиҳои кӯҳи Анзоб оғоз ёфта, дараи Варзобро бурида мегузарад. Дарёи Варзоб аз якҷояшавии дарёҳои Зиддӣ ва Майхура, инчунин шохобҳои Сиёма, Харангон, Такоб бавуҷудмеояд ва дарозияшазсаргаҳи дарёи Зиддӣ 96 км, аз Андароб 71 км буда, масоҳатиҳавзааш1740км2 мебошад. Дарёи Варзоб дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо дарёи Лучоб ҳамроҳ шуда, номи дарёиДушанберо мегирад ва дар интиҳо ба дарёи Кофарниҳон мерезад. Дараи Варзобдарбайниқаторкӯҳҳои Ҳисор воқеъ гардидааст вапаҳнои он аз 100 м то 700метр мерасад. Иқлимаш муътадил аст. Аз дараи Варзоб роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд мегузарад. Дараи Варзоб тавассути нақби «Истиқлол» қисмати ҷануби ҷумҳуриро бо қисмати шимолии он пайванд месозад.
Маркази ноҳияи Варзоб мавзеи Зоғар буда, дар баландии 1060 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масофа аз маркази ноҳия то пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе тавассути роҳи Хуҷанд-Душанбе 25,5 км мебошад. Ноҳия 0,001% ҳудуди умумии ҷумҳуриро ишғол менамояд. Масоҳати умумии ноҳия 164 км2-ро ташкил медиҳад.
Қисми зиёди масоҳати ноҳияро (96%) кӯҳҳо ташкил дода, заминҳои кишоварзӣ 163133 га, заминҳои корам 3528 га, чарогоҳҳо 67811 га, заминҳои ғайрикишоварзӣ 91794 га-ро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ дар ноҳия 260 гектар замини обӣ мавҷуд аст.
Иқлими ноҳия мӯътадил мебошад. Хунукии ҳаво дар фасли зимистон то ба 31 градус Селсия расида, ғафсии барф ба 1-1,5 метр мерасад. Миқдори солонаи боришот ба ҳисоби миёна 96-99 миллиметрро ташкил медиҳад.
Олами набототи ноҳия бағоят ғанӣ аст. Дар минтақаи куҳӣ растаниҳои мавсимӣ ва буттаҳои гуногун месабзанд. Дар ноҳия дарахтони себ, зардолу, олуболу, олуча ва дарахтони сояфкан мерӯянд.
Иқтидорҳои мавҷуда ва истифодаи самараноки он. Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб захираҳои зиёди табиии ангиштсанг, оҳаксанг, санги змеевик, обикалсит, волфрам, тилло, мармар, омехтаи алюминий, мис, никел, намак ва маводи сохтмонӣ мавҷуд мебошад, вале аксарияти захираҳо айни замон пурра мавриди таҳқиқ ва коркарду истифода қарор дода нашудаанд.
Дар ояндаи миёнамӯҳлат ин захираҳо ҷиҳати ташаккули корхонаҳои коркарди саноати кӯҳӣ мусоидат намуда, дар сурати ҷалби мақсадноки сармоя ва истифодаи самараноки он, метавонад омили рушди устувори иқтисодииноҳияи Варзоб гардад.
Дарёҳои мавҷудаи ноҳияи Варзоб барои бунёди силсилаи НОБ-ҳои хурду миёна хеле қулай мебошанд. Айни замон дар ноҳия 16 адад НОБ-ҳои хурди обӣ, бо иқтидори умумии 2426 кв/с бунёд гаштаанд.
Дар панҷ соли оянда дар доираи Барномаи мазкур бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ сохтмони якчанд адад НОБ-ҳои хурди дигар, (аз ҷумла НБО-ҳои хурди «Бувак» бо иқтидори 10 кв/с, «Такоб» бо иқтидори 35 кв/с, «Сиёма» бо иқтидори 70 кв/с, «Харангон» бо иқтидори 55 кв/с) пешбинӣ мегардад.
Ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ шароити ҷуғрофию табиии, ёдгориҳои таърихӣ ва мавқеъиҷойгиршавии ноҳияи Варзоб мусоид мебошанд, аммо айни ҳол имкониятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва инфрасохтории мавҷудаи ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ мувофиқ нест.
Дар сурати азхудкунӣ ва обёрии 350 гектар заминҳои мавзеи Сайёди ноҳияи Қубодиён, ки ба ноҳияи Варзоб вобаста карда шудааст ва заминҳои ҳудуди ҷамоатҳои Зидеҳ дар ноҳияи Варзоб имконияти зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли картошка то 12%, ғалла то 18%, асал то 31%, сабзавот то 15% ва хӯроки чорво то 27% муяссар мегардад.
Айни замон инфрасохтори ноҳияи Варзоб дар ҳолати ғайриқаноъатбахш қарор дорад ва ин омил ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия таъсири манфӣ мерасонад. Бо назардошти солҳои тӯлонӣ таъмир нагаштани роҳҳои маҳаллӣ, айни замон барқарорсозӣ ва таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ масъалаи ҳалталаб ва мубрам ба ҳисоб меравад.
Захираҳои дигари табиӣ ва имкониятҳои истеҳсолӣ. Ноҳия аз канданиҳои фоиданоки табиии ангишт (бо захираи 45 миллион тонна), сангҳои нодиру қимматбаҳо, аз ҷумла, квартс, тахтасангҳои мармар (дар мавзеъи Зидеҳ ҷамоати деҳоти Зидеҳ), (дар мавзеи Зидеҳи ҷамоати деҳоти Зидеҳ), волфрам ва тилло (дар мавзеи Майхураи ҷамоати деҳоти Зидеҳ), конҳои калони маъдани барои истеҳсоли семент зарурӣ (дар мавзеъҳои Харангон ва Даҳанаи ҷамоати деҳоти ба номи С.Айнӣ) бой мебошад. Бояд қайд намуд, ки аз оҳаксанги он бо ҳамроҳкунӣ бо гилхоки Варзоб дар комбинати сементбарории шаҳри Душанбе барои истеҳсоли сементи навъи 400 истифода мебаранд. Коркади самараноки онҳо то ба ҳол пурра ба роҳ монда нашудааст ва коркарди пурраи захираҳои конҳои мавҷудаи ноҳияи Варзоб метавонад ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти он таъсири мусбӣ расонад. Инчунин, дар ноҳия чашмаҳои гарму шифобахши Хоҷа Сангхок (61,40С) (дар мавзеи Хоҷа Сангхоки ҷамоати деҳоти Зидеҳ) ва манбаъи оби шифобахши минералӣ(ҳарораташ то 980С) (дар деҳаи Хоҷа Обигарми ҷамоати деҳоти Зидеҳ) мавҷуданд, ки якҷоя бо табиати дилпазиру мафтункунандааш ва боду ҳавои мусоидаш ҷиҳати рушди бахши саёҳату табобат ва сайри кӯҳсору алпинизм камназир мебошад. Чашмаи оби Хоҷа-Сангхок дар баландии зиёда аз 3000 метр воқеъ гардидааст. Таркиби оби он аз моддаҳои менералӣ бой мебошад. Дар таркиби он магний, калий, калтсий, натрий, оҳан ва дигар моддаҳо мавҷуданд, ки барои муолиҷаи меъда, ҷигар бемории қанд истифода мешаванд.
Осоишгоҳи Хоҷа-Оби-Гарм дар баландии 1860-1900 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар қаламрави осоишгоҳи мазкур ду дарёчаи хурд, оби Мазор ва оби Қаландар, бо ҳамдигар пайваст мешаванд. Қаламраве ки аз он ҷо оби гарми маъданӣ-радиоактивӣ мебарояд 4,5 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он зиёда аз 20 чашма ҷорӣ мешавад. Аз чашмаҳои обашон нисбатан ҳарорати баланд дошта, буғи гарм хориҷ мешавад. Ин буғи радиоактивӣ буда, дар таркибаш бо қатори дигар унсурҳои кимиёвӣ радон дорад.
Захираи об. Дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дар мавзеъҳои болоии Сиёма, Зиддӣ ва Хоҷасангхок захираҳои зиёди барфу пиряхмонанд (51,8 км2) мавҷуд мебошанд ва тақрибан дар баландии аз 2400 то 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошанд.
Аз ҳудуди ноҳия дарёиВарзоб равон буда, он аз шохобҳоидарёчаҳои Сиёма, Такоб, Харангон ва Лучоб сарчашма мегирад ва заминаи хубе барои рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика мебошанд.
Дарёҳои мавҷудаи ноҳияи Варзоб барои бунёди силсилаи НОБ-ҳои хурду миёна хеле қулай мебошанд. Айни ҳол дар ноҳия 16 адад НОБ-ҳои хурди «Такоб» бо иқтидори1500 кв/с, «Ҳазора 1» (250 кв/с), «Ҳазора 2» (250 кв/с), «Панҷхок-1» (30 кв/с), «Панҷхок-2» (35кв/с), «Куктеппа» (16 кв/с), «Намозгоҳ» (75кв/с), «Роғ-1» (15кв/с), «Роғ-2» (15кв/с), «Вармоник» (15 кв/с), «Харангони боло» (60 кв/с), «Шехак» (5кв/с), «Ғажни» (5кв/с),«Ҳушёрӣ» (15квт/с),«Новакандоз» (40кв/с) ва «Сафедорак» (100 кв/с) бо иқтидори умумии 2426 кв/с бунёд гаштаанд.