
Санаи 6-уми феврали соли равон раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ ва дигар шахсони мутасаддӣ аз ҳавза ва учаскаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Варзоб — Қалъаи ноҳия боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид раиси ноҳия муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ роҷеъ ба интихобот ёдовар шуданд, ки тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон, бақайдгирии номзадҳо, тартиби овоздиҳӣ, ташкили нақшаи тақвими интихобот, ҷадвали навбатдорон дар ҳавза ва учаскаҳои интихоботӣ, ба таври дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, овезаҳо, корҳои ободонӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба интихоботи дар пеш истода ба масъулин тавсияҳои судманд доданд.
Дар баробари ин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зикр намуданд, ки сокинони сарбаланди ноҳияи Варзоб дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.
Илова бар ин, раиси ноҳия зимни боздид иброз доштанд, ки низоми интихобот имконият медиҳад, ки ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон бемамониат ва озодона амалӣ карда шавад. Низоми интихобот ин маҷмӯи мукаммал ва томи мақомот, сохтор ва меъёрҳое мебошад, ки мақсадашон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани интихобот мебошад.
Орифҷон ОЛИМЗОДА