
Боздиди узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Моҳистон Бердизода, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилов Ҷамшед, Шарифзода Фазлиддин, Муродзода Умед ва Сулаймонзода Манучеҳр, раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ, №9 Саидаҳмад Ҷалилов аз ҳавза ва учаскаҳои ҳудуди ноҳияи Варзоб.
Маврид ба зикр аст, ки дар ин гуруҳи корӣ муовини якум ва муовинони раиси ноҳияи Варзоб, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқ ва дигар шахсони мутасаддӣ иштирок намуданд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА