Зикр кардан ба маврид аст, ки соли 2024 барои сокинони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо соли бобарору комёбиҳо ва соли расидан ба дастовардҳои назаррас буд. Дар ин сол дар саҳифаҳои пурҷилои таърихи давлатдории навини тоҷик бо таҷлили ҷашнҳои мубораку ҳумоюни кишварамон ва бо ободкориву музаффариятҳои беназир нақш баст.
Дар ин сол зери сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ халқи шарафманди тоҷик ба натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ ва эътибори худро боз ҳам мустаҳкамтар намуд.
Аз ин лиҳоз, мо бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва Ватани озоду соҳибихтиёрамон расем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳкиму тақвият бахшем.
Ба муносибати Соли нави мелодӣ бегоҳии санаи 31-уми декабри соли 2024 дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар боғи фарҳангӣ — фароғатии «Парчами миллӣ»-и ноҳия чорабиниҳои бошукуҳи идона баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Дамонзода Хусрав Назаралӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ бо истифода аз фурсати муносиб, бо як ҷаҳон меҳру самимият ҳозиринро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2025 сидқан табрик гуфта, барояшон пеш аз ҳама саломатии бардавом, комёбиву некрӯзӣ, рӯзгори хушу осуда ва иқболи боз ҳам баландтарро орзу намуданд.
Баъдан, Дамонзода Хусрав Назаралӣ зимни суханронии худ қайд карданд, ки бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил дорам, ки фардои кишвари азизамон боз ҳам дурахшонтар мегардад ва дар соли 2025 баҳри иҷрои вазифаҳои муҳиме, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи кишвар баён доштанд, содиқона меҳнат менамоем.
Ҳамчунин, Дамонзода Хусрав Назаралӣ таъкид карданд, ки дар Паёми шодбошияшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави мелодии 2024 қайд намуда буданд, ки «Мо бояд дар Соли нави мелодӣ ва солҳои дигар ба хотири таҳкими истиқлоли давлатӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва густариши худшиносиву худогоҳӣ, боз ҳам баланд бардоштани мақоми байналмилалии кишварамон сарҷамъу муттаҳид бошем, бештар заҳмат кашем ва тамоми кӯшишу ғайрати худро ба хотири иҷрои рисолати олии ватандорӣ, яъне обод кардани Ватан ва пешрафта гардонидани давлати тоҷикон сафарбар созем».
Дар охири суханрониашон Дамонзода Хусрав Назаралӣ бори дигар сокинони ноҳияро ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро ба Соли нави мелодии 2025 сидқан таҳният гуфта, барояшон пеш аз ҳама тандурустиву иқболи нек, ба хонадонашон файзу баракат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон ободиву пешрафти ҳамешагӣ орзу намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия бо ҳузури ситораҳои санъати ҷумҳурӣ, ки хотирмон буд мавриди назари иштирокдорон гардонида шуд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА