
Дар ин асно, санаи 23-юми январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти Раёсати раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон, раиси ноҳияи Варзоб Дамонзода Хусрав Назаралӣ, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Моҳистон Бердизода ва раиси Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ, №9 Саидаҳмад Ҷалилов ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони раиси ноҳияи Варзоб, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Комиссияи ноҳиявии интихобот ва раисони комиссияҳои ҳавзавию участкавии интихоботӣ ширкат варзиданд.
Нахуст, сухани ифтитоҳиро раиси ноҳияи Варзоб муҳтарам Дамонзода Хусрав Назаралӣ оғоз намуда, меҳмононро ба ин ноҳияи зебоманзар хушомадед гуфта, миннатдории хешро изҳор намуданд.
Баъдан, Дамонзода Хусрав Назаралӣ қайд намуданд, ки интихобот ин маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ озод, шаффоф ва ошкоро баргузор намудани он омили таҳкими эътимоду боварӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсад боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ зарур мебошад.
Сипас, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Шарифҷон оид ба интихобот суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки интихобот яке аз сутунҳои асосии давлатдории демократӣ мебошад. Он барои ҳалли мушкилоти ҷомеа, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди иқтисодӣ нақши калидӣ мебозад. Мардуми кишвари мо, ки ҳамеша бо фарҳанги сиёсии баланди худ машҳур аст, ҳамеша омодаанд, ки дар пешрафти Ватани худ саҳм гузоранд.
Дар охир, вобаста ба масъалаҳои интихобот шахсони масъул вазифадор гардиданд, ки барои шаффоф баргузор гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА