Маврид ба зикр аст, ки дар утоқи кории Комиссияи ноҳиявии интихобот зери роҳбарии раиси комиссия Ниёзов Давлатшоҳ Ҳайдарович ҷаласаи навбатии баргузор гардид, ки дар рафти ҷаласа муовин, котиб ва аъзои Комиссияи ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси комиссия Ниёзов Давлатшоҳ Ҳайдарович ҷаласаро оғоз намуд.
Баъдан, дар асоси рӯзномаи ҷаласа 4 масъала (оид ба таъсиси ҳавза ва учаскаҳои интихоботӣ, реҷаи корӣ ва навбатдории аъзои Комиссияи ноҳиявӣ) мавриди муҳокимаронӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.