Дар ин асно, санаи 12-уми декабри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб таҳти раёсати роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Варзоб Ниёзов Давлатшоҳ Хайдарович ҷаласаи якуми комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб баргузор гардид.
Нахуст, ҷаласаро роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Варзоб Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович оғоз намуда, бо назардошти иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2024, рақами 882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ» суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки интихобот ин маъракаи муҳими сиёсӣ буда, дар доираи талаботи қонунгузории миллӣ ва стандартҳои байналмилалӣ озод, шаффоф ва ошкоро баргузор намудани он омили таҳкими эътимоду боварӣ дар ҷомеа маҳсуб меёбад. Ҷиҳати ноил гардидан ба ин мақсад боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷомеа оид ба масъалаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ зарур мебошад.
Дар баробари ин, Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович таъкид карданд, ки ҷиҳати мусоидат дар баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ волонтёрон омода карда шуда, зимни баргузории кори интихобот барои сокинону овоздиҳандагон ва мушоҳидони миллию байналмилалӣ хизматрасонӣ менамоянд.
Дар охир Раҷабов Тавакалхон Абдуҷабборович дастур доданд, ки ҳама ҳавзаҳои интихоботӣ барои ба таври демократӣ, шаффоф ва ошкоро баргузор шудани интихобот шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Тазаккур бояд дод, ки комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар ҳайати 11 нафар таъсис дода шуда, раиси комиссия- раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ноҳияи Варзоб Ниёзов Давлатшоҳ Хайдарович, муовини раиси комиссия- раиси иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Варзоб Шарипов Баҳрулло Исмоилович ва котиби комиссия- мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб Олимзода Орифҷон Олим интихоб гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар фазои озоду шаффофи интихоботӣ бо эътимод ба имрӯзу фардои дурахшони Ватани маҳбуб дар маъракаи муҳими сиёсӣ — интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ қарзи шаҳрвандии худро иҷро менамоянд.
Орифҷон ОЛИМЗОДА